Ба хабарнигори Asia-Plus Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳамла карданд

Шаби 11-уми май, тақрибан соати 21:20 ба хабарнигори Asia-Plus Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар назди хонааш, воқеъ дар қарибии бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе 2 нафари ношинос бе ягон сабаб дарафтоданд.

Онҳо чизе нагуфта, ӯро хомӯшона заданд. Ягон чизашро ҳам нагирифтанд. Баъд аз он, ки Абдуллоҳ овоз баланд кард, ҳамлаварон гурехтанд.

Ҳамкорон аз идораи Asia-Plus дар пайи ин ҳодиса Абдуллоҳ Ғурбатиро ба бемористон бурданд. Айни замон ӯ зери назорати табибон қарор дорад.

Ин акси Абдуллоҳи хуншор дар саҳифаи фейсбукии ӯ бо навиштаи зер нашр шудааст:

“Пайи чанги ду шағол, ки як соат пеш ба ман дарафтоданду ‘корро тамом накарда’ аз тарс гурехтанд…”

Вақтҳои охир шахсони ношинос борҳо ба хабарнигори Asia-Plus Абдуллоҳ Ғурбатӣ таҳдид кардаанд.

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/incidents/20200511/ba-khabarnigori-asia-plus-abdullo-ghurbati-hamla-kardand

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *