Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастур додааст, ки дар кишвар шабакаи нави телевизионӣ таҳти унвони “Илм ва табиат” таъсис дода шавад.
Кумитаи телевизион ва радио вазифадор карда мешавад, ки дар муддати шаш моҳ шабакаи нави телевизиониро бо номи “Илм ва табиат” таъсис диҳад, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар мулоқот бо олимони Тоҷикистон.
Дар барномаҳои ҳаррӯзаи ин шабакаҳо дастовардҳои илми ватанию ҷаҳонӣ ва ихтирооти инноватсиониро муаррифӣ шаванд, таъкид кардааст раисиҷумҳур.
Ин дастур дар ҳоле садо дод, ки ахиран Нуриддин Саид баъди ҳудуди 8 соли кор дар мақоми вазири маориф ва илми Тоҷикистон ахиран ба мақоми раиси Кумитаи телевизион ва радио таъйин гардид.
“Инчунин, шумораи гирандагони чунин стипендияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 100 нафар то 500 нафар ва барои аспирантони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ аз 15 нафар то 50 нафар зиёд карда шавад.Аз шумораи умумии стипендияҳои Президентӣ 70 фоиз барои фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ равона карда шавад”, — таъкид кард раисиҷумҳур.