Дастрасӣ ба иттилоот: онлайн-курси омӯзишӣ барои рӯзноманигорони тоҷик

Ассотсиатсияи миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Танзими тавозун: таҳкими устуворӣ ва муҳимияти расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон» дар якҷоягӣ бо шарикони худ онлайн-курси омӯзишӣ дар мавзӯи «Дастрасӣ ба иттилоот» -ро таҳия менамояд.

Барои фарогирии ҳамаҷониба ва баҳо додан ба эҳтиёҷоти рӯзноманигорони тоҷик саволнома таҳия карда шудааст, ки онро дар суроғаи https://form.jotform.com/200754901122040 дастрас кардан мумкин аст.

Мо аз ҳамаи намояндагони васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ва ҳамкасбони худ хоҳиш дорем, ки ҳарчи зудтар пурсишномаро пур кунанд. Якчанд дақиқаи худро дареғ надоред — ин саҳми шумо дар таҳия ва гузаронидани курси баландсифати онлайнӣ оид ба дастрасӣ ба иттилоот хоҳад буд.

Лоиҳаи «Танзими ба тавозун: таҳкими устуворӣ ва муҳимияти расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон» аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, АМВАОМТ дар якҷоягӣ бо шарикон — Томсон Медиа ва «Адвокати ту» амалӣ менамояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *