Пагоҳ, 14 феврал Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ», Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 нишасти матбуотӣ мегузаронанд.
Агентии назорати маводи нашъаовар соати 09:00 дар Агентии мазкур нишасти матбуотӣ меорояд.
Нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Вазорати мазкур барпо мегардад.
МД «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ» соати 14:00 ва МД «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» соати 15:30 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотӣ доир менамоянд.