Пагоҳ, 13 феврал Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир менамоянд.
Нишасти матбуотии Вазорати молия соати 09:00 ва Агентии омор соати 10:00 барпо шуда, онҳо дар бинои ин сохторҳо мегузаранд.
Маркази миллии тестӣ соати 14:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотӣ доир менамояд.