Созмонҳои пештози журналистии Осиёи Марказӣ – Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, Пажўҳишгоҳи Медиа полис (Қирғизистон), Фонди ҳимояи озодии сухан «Адил соз» (Қазоқистон) ва Созмони байналмилалии ҳимояи ҳуқуқ «АРТИКЛ-19» шуморо ба ифтихори Рўзи байналмилалии ҳамрайъии журналистон табрик менамоянд.
Имрўз ҳамаи мо — журналистонро хотиррасон месозад, ки новобаста ба тафриқаи андешаҳо, новобаста ба он, ки дар кишварҳои гуногун ва аксар вақт дар ВАО рақобаткунанда фаъолият доштан, дар масъалаҳои озодии сухан ва ҳимояи ҳуқуқи ҷомеа барои огоҳ будан аз ҳақиқат, бояд ҳамраъй бошем.
Мутаасифона, мо водорем, ки камсамарии кўшишҳои сатҳи миллӣ ва байналмиллӣ оид ба пурзўр намудани вазъи озодии ВАО ва озодии сухан дар Осиёи Марказиро эътироф намоем. Новобаста ба даъватҳои ҳомиёни ҳуқуқи дохилӣ ва берун аз марзҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии назири СММ, САҲА ва ИА оид ба ислоҳоти воқеӣ вазъ ҳамоно тамоюли бадшавӣ дорад.
Пешаи журналист дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки гоҳо дар он ҳолатҳои ташвишовари таҳдиду ҳамла ва ғайриқонунӣ ба ҳабс гирифтан вуҷуд дорад, то ҳол ҳамчун пешаи хатарнок боқӣ мемонад. Аз ибтидои соли 2014 то имрўз даҳҳо адад чунин ҳодисаҳо ба қайд гирифта шуда, вале омилони чунин гуноҳҳо беҷазо мондаанд.
Рўзи 15 апрел дар назди Прокуратураи генералии Қазоқистон пулис дастони журналистон ва операторони телевизионро тофта, нагузоштанд, ки намоиши эътирозиро сабт кунанд. Дар ҳамин ҳолат оператори шабакаи телевизиони 16/12 Виктор Гудз аз сараш лат хўрд. Ходимони пулис кўшиш намуданд, ки камераашро шикананд. Вале Департаменти корҳои дохилии Остона нисбат ба ходимони пулис бинобар мавҷуд набудани таркиби ҷиноят ба оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ иҷозат надод.
Дар Тоҷикистон рўзи 14 феврали соли 2014 шахси номаълум таҳдид намуд, ки дар тўли як ҳафта муҳаррири рўзномаи мустақили «Пайк» Аҳмади Иброҳимро барои дар шумораи №7 аз 12 феврали соли 2014 чоп кардани мақолаи танқидӣ нобуд мекунад. Ба журналисти рўзномаи ҳукуматии «Ҷумҳурият» Эмом Назаров баъд аз чопи мақолаи танқидӣ таҳти сарлавҳаи «Рекламаи фаҳш – ғайриқонунист» (14 январи соли 2014) ба воситаи телефон таҳдид намуданд.
Баъд аз инқилоби соли 2010 Қирғизистон дар байни кишварҳои минтақа ҳамчун ливои таҳаввулоти демократӣ шинохта шудааст. Қирғизистон дар Осиёи Марказӣ ягона давлатест, ки конститутсияи он ҳама гуна маҳдудият ба озодии андешаро манъ кардааст, дар ин кишвар ҳар як ҳодисаи ҳамла ва таҳдид ба журналистон тафтиш карда мешавад. Вале дар ҳамин кишвар ҳам мушкилот мавҷуд аст.
Дар ягон кишвар пурра декриминализатсия намудани тўҳмат ба амал наомадааст
Борҳо аз минбарҳои байналмилалӣ ва миллӣ эълон кардани декриминализатсияи диффаматсия дар Қазоқистон ба пурзўр шудани ҷавобгарии ҷиноятӣ, дар Тоҷикистон ба чораҳои нопурра ва ҷорӣ гаштани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои паҳн кардани маълумоти қасдан бардурўғ дар ду кишвари минтаќа оварда расонд
Бо вуҷуди ҳамаи тавсияҳо моҳи июни соли 2014 Парламенти Қазоқистон Кодекси нави ҷиноятиро қабул намуд, ки дар он ба иловаи 6 моддаи ҷазодиҳанда оид ба диффаматсия боз як моддаи дигар илова карда шуда, дар он барои паҳн намудани маълумоти бардурўғ то 10 соли маҳрум кардан аз озодӣ пешбинӣ гаштааст.
Соли 2012 дар Тоҷикистон айбдоркунии ҷиноятӣ барои «тўҳмат» ва «тањќир» аз қонун бароварда шуд, вале дар кодекси ҷиноятӣ то ҳол моддаҳое боқӣ мондаанд, ки тибқи онҳо барои таҳқири президент ва мансабдорони давлатӣ ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ мегардад.
Соли 2014 ба Кодекси ҷиноятии Қирғизистон моддаи наве ворид карда шуд, ки дар он барои паҳн кардани маълумоти бардурўғ маҳрум кардан аз озодӣ пешбинӣ гаштааст.
Дар ҳамаи кишварҳо фишор ба ВАО мустақил ва таҳдиди судӣ ба журналистон идома дорад
Дар Тоҷикистон суд идораи рўзномаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалинаро вазифадор намуд, ки барои чопи иқтибос аз Владимир Ленин ба се нафар шахсони воқеӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ пардохт кунанд ва иқтибосро рад кунанд.
Баъд аз он, ки дар ҳафтаномаи мустақили «Пайк» дар бораи хадамоти сўхторхомўшкунӣ мақолаҳои танқидӣ ба табъ расид, хадамоти мазкури шаҳри Кўлоб нашрияро ҷарима баста, дарҳои ҳафтаномаро мўхр зада, бо ҳамин восита ба фаъолияти идораи рўзнома халал ворид кард. Тавре сармуҳаррири рўзномаи «Пайк» Аҳмади Иброҳим гуфт, хадамоти сўхторхомўшкунӣ дар идораи рўзнома ягон камбудии ҷиддӣ пайдо накард, вале дар асоси он, ки қоғазҳо гўё дар наздики хатти барқ ҷой дода шудаанд, протокол тартиб дод. Ду моҳ пеш аз ин воқеа прокуратураи вилояти Хатлон фаъолияти рўзномаи «Пайк»-ро барои гузаштани мўҳлати аз нав бақайдгирӣ боздошта буд.
Солҳои охир дар Қирғизистон миқдор ва андозаҳои даъвоҳо нисбат ба журналистон ва идораҳои ВАО аз рўи моддаи «Ҳимояи шаъну шараф ва эътибори шахс»-и Кодекси гражданӣ, махсусан аз тарафи мансабдорони собиқ, хеле афзудааст.
Вазъ дар Қазоқистон нисбат ба кишварҳои дигари минтақа мураккабтар боқӣ мемонад. Дар ин кишвар аз оғози сол 16 айбдоркунӣ ба тўҳмати оммавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 2 адади он бо ҳукми судии ҷазо анҷом ёфтааст. Рўзи 13 май арбоби ҷамъиятӣ Мусагалӣ Дуамбеков барои тўҳмати аз тариқи ВАО паҳншуда як сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Мукашов ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрванд Алибек Искаковро дар суд ҳимоя карда, дар ин бора мақола навишт, ки он минбаъд тўҳматангез номида шуд. Дар қарори суд омадааст, ки Дуамбеков дар ҷараёни ҳимояи шаҳрвандии Искаков нисбат ба ҷавогўён «эҳсоси бадбинӣ» пайдо кард, ки ин эҳсос минбаъд вайро ба ҷинояти тўҳмати шахс тела дод.
Моҳи март барои ба ҳабс гирифтани журналист Натали Садикова оид ба тўҳмат санад ба имзо расид. Собиқ депутат Марал Итегулов журналистро ба он айбдор намуд, ки вай тахаллуси Бахит Илясовро истифода бурда, дар портали «Республика» таҳти сарлавҳаи «Озмунҳо ба ҳама намерасанд» мақола навишта, дар он ўро бадқасдона тўҳмат кардааст, инчунин ба эътибори кории вай зарар расондааст. Худи журналист ба мақола робита доштанашро рад мекунад. Аз тарси маҳрум шудан аз озодӣ журналист бо аҳли оилааш қаламрави Қазоқистонро тарк кард.
Дар Интернет ҳуқуқ ба озодии баён ҳарчи бештар маҳдуд мегардад
Бо вуҷуди он, ки дар сатҳи баландтарини байналмилалӣ озодии баён, аз ҷумла дар Интернет, ҳуқуқи фарогири инсон эълон гашта бошад ҳам, вале дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳдуд сохтани ҳуқуқи мазкур дар сатҳи қонунгузорӣ ва амалӣ пурзўр гашта истодааст.
Соли 2014 дар Тоҷикистон баъд аз Қазоқистон қонуне қабул гашт, ки дар он иҷозат дода шудааст, ки дар ҳолатҳои изтирорӣ дастрасӣ ба Интернет ва алоқаи мобилӣ бе қарори суд қатъ карда шавад. Ҳомиёни ҳуқуқи Тоҷикистон қайд менамоянд, ки дар тўли ду соли охир сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бе сабаб баста мешаванд. Рўзи 18 июл, масалан, ҳамаи провайдерон дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Одноклассники ва табодули видеоӣ дар сомонаи YouTube-ро масдуд карданд.
Қонунгузории Қазоқистон тамоми маводи Интернетро ба воситаҳои ахбори омма алоқаманд медонад. Дар ҳолати ба қонунгузории Қазоқистон мутобиқ наомадани мўҳтаво мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ доранд, ки дастрасӣ ба онро дар ҳудуди кишвар маҳдуд созанд. Дар натиҷа ҳар сол садҳо сомонаҳо баста мешаванд. Соли 2014 ба Прокуратураи генералии ҶҚ ҳуқуқ дода шуд, ки тибқи он манбаъҳои интернетиро бе қарори суд мебандад. Илова бар он, ғайриқонунӣ бастани сомонаҳои маъруф ва маводи алоҳида ба чашм мерасанд. Масалан, моҳи май истифодабарандагони қазоқ баъзе мақолаҳо ва гузоришҳои видеоӣ дар бораи иқдомоти эътирозӣ зидди Иттиҳоди Авруосиёии иқтисодиро дар портали радиои Азаттик кушода натавонистанд, вале дастарасӣ ба чунин мавод аз тариқи анонимайзерҳои Россия ва Олмон имкон дошт.
Сомонаи дар Қазоқистон маъруфи ratel.kz, ки моҳи декабри соли 2013 таъсис дода шуда бад, дар тўли дуюним моҳ борҳо ба кўшиши шикаста шудан, ҳамлаи DDoS ба манбаъ рў ба рў гашт. Ширкати хостингӣ сабаби чунин амалҳоро намедонист, бо ҳамин сабаб дастрасӣ ба манбаъ маҳдуд карда шуд. Аз рўзи 12 феврал сар карда, баъд аз як рўзи девалватсияи асъори миллӣ одамоне, ки хизматрасонии онҳо аз тарафи «Казахтелеком» анҷом дода мешуд, дигар бо сомона дастрасӣ надоштанд. Дар баробари он «Казахтелеком» мудом даъво мекунад, ки сабаби дастрас набудани манбаъро намедонад ва ба он алоқа надорад.
***
Мо бо таасуф қайд менамоем, ки ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ўҳдадориҳои ихтиёран ба зимма гирифтаашонро оид ба таъмини ҳимоя ва амнияти журналистон ва озодии баёни андешаро риоя намекунанд, бинобар ин бо қатъият талаб менамоем, ки аз қонунҳо моддаҳои ҷазо барои таҳқиру тўҳмат бароварда шаванд, зеро ҷазои ҷиноятӣ хеле сахт буда, барои таъмини ҳимояи ҳуқуқ ба эътибори корӣ барзиёд аст.
Мо аз ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ даъват ба амал меорем, ки ҷиноятҳои бар зидди озодии баёни андеша, аз он ҷумла таҳдиду ҳамлаи бо мақсади монеа эҷод кардан барои татбиқи ҳуқуқ ба баёни озодонаи андеша равонагардидаро махсусан ҷиддӣ эътироф кунанд ва барои пешгирӣ намудани онҳо, инчунин таҳқиқи босамар ва таъҷилии ҷиноятҳо бар зидди озодии баён тамоми тадбирҳоро андешанд.
Мо ҳукуматҳои Осиёи Марказиро даъват мекунем, ки дастрасии бемонеа ба Интернетро таъмин гардонда, ба беасос маҳдуд сохтани озодии баён ва дастрасӣ ба иттилоот, ҳатто дар шароити ҳолатҳои изтирорӣ ҳам, роҳ надиҳанд.