РИСОЛАТИ ВАО — И ВАТАНӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Дар замони муосир иттилоот ва рушди технологияи иттилоотӣ тамоми соҳоти ҷомеаро фаро гирифта, аз сатҳу сифати он суботу амнияти давлатҳо ва ояндаи неки мардум вобастагӣ дорад. Дар баробари ин, иттилоот ба амнияту пойдории давлатҳои миллӣ хатарҳои ҷиддиро низ эҷод намудааст. Иттилоот ба сифати «неруи нарм» шинохта шуда, бо истифода аз он бозигарони сиёсӣ ҳадафмандона ба равандҳои сиёсии давлатҳо таъсир мерасонанд.

Бо назардошти муҳимияти масъала, чанде пеш, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радио, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар доираи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва баргузории тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» дар шаҳри Хоруғ бо иштироки доираи васеи мутахассисон, коршиносон ва намояндагони ВАО-и ватанӣ бо унвони «Нақши воситаҳои ахбори омма дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» мизи гирд доир намуд.

Дар он масъалаҳои таъсири ВАО ба суботу амнияти кишвар, ваҳдати миллӣ, шаклгирии афкори ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани нақши расонаҳои ватанӣ дар муқовимат ба хатару таҳдидҳо баррасӣ гардиданд. Ба андешаи иштирокчиён, бозигарони сиёсӣ дар фазои иттилоотӣ нуфуз пайдо карда, ба равандҳои дохилии кишвар мудохила мекунанд. Тавассути ВАО, ҳамчун абзори таъсирноки «неруи нарм», афкори ҷамъиятиеро шакл медиҳанд, ки ба суботу амнияти давлат ва, умуман, ба дастовардҳои ваҳдати миллӣ хатар эҷод менамояд.

Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, бар он аст, ки дар фазои иттилоотии кишвар аз ҳама беш қишри осебпазир ҷавонон мебошанд. Осебпазирии афкори ҷавонон аз селаи иттилооти паҳннамудаи гурӯҳҳои манфиатдор зиёд шудааст. Гурӯҳҳои мазкур бо роҳҳои гуногун ба мағзшӯии ҷавонон даст зада, мафкураи онҳоро таҳрик медиҳанд. Дар чунин вазъият ВАО-и ватанӣ барои пешгирӣ аз ин хатарҳо нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, мегӯяд Худобердӣ Холиқназар, намояндагони ВАО бо дарки нақши ҳалкунандаашон дар таҳкими ваҳдати миллӣ тадбирҳои муассирро бояд рӯи кор гиранд.

Зинатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, таъкид дошт, ки дар фазои иттилоотии мо як қатор омилҳое вуҷуд доранд, ки ба амну суботи давлат ва ваҳдати миллӣ таҳдид мекунанд. ВАО-и ватанӣ бо маҳсулоти хеш наметавонанд холигоҳи фазои иттилоотии кишварро пур намоянд. Чунки муҳтавои маводҳои таҳияшаванда чандон ба завқи муосири шаҳрвандон мутобиқат намекунад. Дар чунин шароит ВАО-и хориҷӣ дар фазои иттилоотии кишвар нуфуз пайдо карда, ба нафъи худ иттилооти ғаразнокро паҳн менамоянд ва афкори ҷамъиятиро таҳрик медиҳанд.

Ин нуктаро низ Шералӣ Ризоён, корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ, таъкид намуда, иброз дошт, ки воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ дар доираи ҷанги иттилоотӣ ба афкори ҷамъиятӣ ва фазои иттилоотии ватанӣ таъсир намуда, тафсирҳои ғайриқобили сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва мазҳабиро интишор мекунанд. Ин иқдом барои ба вуҷуд овардани нобоварии шаҳрвандон нисбат ба давлат равона шуда, пеш аз ҳама, барои боло бурдани неруи эътирозӣ нигаронда шудааст. Дар арафаи баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ теъдоди чунин маводҳо зиёд шуда, ба амнияти иттилоотӣ ва, умуман, дастовардҳои ваҳдати миллӣ таҳдид менамоянд.

Аммо аксари намояндагони ВАО бар он назаранд, ки саҳми арзандаи худро дар таҳкими ваҳдати миллӣ гузошта истодаанд ва онро дар раванди музокироти сулҳи тоҷикон махсусан таъкид сохтанд. Рисолати таърихии барномаи радиоии «Хоки Ватан» дар баргардони муҳоҷирони иҷборӣ аз Афғонистон ба кишвар махсусан зикр карда шуд. Дар робита ба ин, Мирзошоҳрух Асрорӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, иброз дошт, ки расонаҳои хабарии мо дар заминаи публитсистикаи сиёсӣ нақши хешро дар таҳкими ваҳдати миллӣ, боло бурдани сатҳи худогоҳиву худшиносии ҷомеа сарбаландона баҷо овардаанд.

Дуруст аст, ки дар марҳилаи созишу баҳамоии тоҷикон нақши ВАО- ро арзанда бояд арзёбӣ кард. Аммо дар шароити ҷанги иттилоотӣ, ки селаи иттилоот осебпазирии давлатҳоии миллиро ба вуҷуд оварда, дар дурнамо ба ҳастии онҳо таҳдид мекунад, рисолати ВАО-и ватанӣ мазмуни дигар гирифтааст. Дар марҳилаи нав ВАО ҳамчун фишанги асосии таъсиррасон ва дастгоҳи пурқуввати таҳрикдиҳандаи афкори ҷамъиятӣ дар ҳифзи манфиатҳои давлатӣ нақши калидиро касб кардааст. Рисолати он, пеш аз ҳама, дар ташаккули ғояи миллӣ дар пояи ваҳдати миллӣ ва шаклдиҳи ҳувияти тоҷикистонӣ иборат мебошад. Бинобар ин, ба гуфти Шералӣ Ризоён, дар чунин марҳила, ба таври касбӣ мудирият шудани ВАО-и чопӣ ва электронии ватанӣ дар ҳифзи суботу амният ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ муҳим шумурда мешавад.

Бартараф намудани омилҳои хатарзои фазои иттилоотии кишвар мудирияти касбии ВАО-и моро тақозо дорад. Аммо мегӯяд Зинатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, вақте ки фаъолияти онҳо мутобиқ ба талабот ва равандҳои замону завқи муосир набошад, чӣ гуна метавон таъсирпазирии афкори ҷамъиятиро аз омилҳои берунӣ коҳиш дод ва амнияти иттилоотиро дар кишвар таъмин намуд? Ба гуфтаи онҳо барои тақвияту баланд бардоштани касбияти журналистон, ба такмили ихтисос фаро гирифтани онҳо ва ташкили омӯзишҳои гуногун аз ҷониби ҳукумат (маблағгузории курсҳо барои журналистон) тадбири муҳим хоҳад буд. Чунки тавассути ин иқдом метавон холигоҳи фазои иттилоотиро бо маҳсулоти босифату дархӯри завқи муосир таъмин намуда, нуфузи гурӯҳҳои манфиатдор коҳиш дод.

Махсусан, муҳим аст, ки манбаъҳои дохилии шаклдиҳандаи афкори ҷамъиятӣ ва пойгоҳҳои ватании иттилоотрасонӣ қавӣ карда шавад. Аз ин лиҳоз, иброз доштанд иштирокчиёни ҳамоиш, барои фаъолияти пурсамари ВАО дастгирии Ҳукумат муҳим мебошад. «Зеро ҳар қадаре ки давлат манбаъҳои дохилии худро устувору рақобатпазир кунад, барои дар ҳавзаи худ нигоҳ доштани манбаъҳои шаклдиҳандаи афкори ҷамъиятӣ шароити лозима ба вуҷуд меояд ва ҳифзи дастовардҳои ваҳдати миллӣ бо шеваи муосиру интеллектуалӣ таъмин мегардад», — гуфт Шералӣ Ризоён.

Бешубҳа, маҷмӯи ин иқдомҳо барои муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар фазои иттилоотӣ заминаи қавиро ба вуҷуд меоранд.

http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=24938

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *