МУАРРИФИВАРАҚА
Шўрои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шӯрои ВАО-и ҶТ), Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустакили Тоҷикистон (АМВАОМТ), Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо созмонҳои ватании журналистӣ ва чанде аз Намояндагии созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон, ба ифтихори Рӯзи байналмилалии озодии матбуот, 3 майи с.2014 Конфронси ҷумҳуриявии «Дастовардҳо ва мушкилоти озодии ВАО дар Тоҷикистон»-ро баргузор менамоянд.
Ба Конфронси мазкур зиёда аз 100 нафар роҳбарону намояндагони идораҳои ВАО, мутахассисону коршиносони соҳа, намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратҳои мустақар дар Душанбе даъват шудаанд.
Ҳадафи Конфронс баррасӣ ва таҳлили дастовард, мушкилот ва пешомадҳои ВАО-и Тоҷикистон дар як соли охир ва таҳияи тавсияҳо барои рушди озодии матбуот дар кишвар мебошад.
Дар ҳамоиш баррасии мавзӯъҳои “Чолишҳои муосир дар соҳаи озодии сухан дар Тоҷикистон» ва “Даъвоҳо дар нисбати ВАО ва қазияҳои судӣ: сабабҳо ва пайомадҳо”, суратгирии мубоҳиса перомуни мавзӯъҳои мазкур ва таҳияи пешниҳоду тавсияҳои роҳҳалли мушкилот дар назар аст.
Дар поёни нишаст ҷоизаҳои таъсисдодаи созмонҳои журналистӣ — ба ѓолибон тақдим хоҳанд шуд.
Дафтари САҲА дар ҶТ, Намояндагии Институти инъикоси Ҷанг ва сулҳ дар ҶТ, Филиали Интернюс Нетуорк дар ҶТ, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ дар иҷрои ин лоиҳа ҳамкорони мо ҳастанд.
Конфронс рӯзи 3 май, соати 9.00 дар Кохи “Ваҳдат” (ш.Душанбе, х.Рӯдакӣ, 107/1), оѓоз мегардад.
Бояд гуфт, ки бисёре аз идораҳои ВАО-и ҷумҳурӣ даъвати созмонҳои журналистиро ба ифтихори Рӯзи байналмилалии озодии матбуот дар мавриди нашру пахши силсилаи барномаву матолиб перомуни вазъи озодии сухан ва муаммову пешомадҳои он ва ба хотири гиромидошти ёди журналистони фавтидаву ҳамкасбони шаҳиди роҳи озодии баён, аз тариқи шабакаҳои Радио ва Телевизион эълон намудани Лаҳзаи сукут дар соати 9.45 дақиқаи рӯзи 3 май, дастгирӣ намуданд.
Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба Шарифзода Қироншоҳ – раиси Шӯрои ВАО-иҶТ, бо тел. 904010110, ба Қаршибоев Нуриддин – раиси АМВАОМТ, бо тел. 935043013 муроҷиат намоед.