Як зани тоҷик бо муроҷиат ба Президенти Тоҷикистон, Прокурори генералии Тоҷикистон ва дигар мақомоти зирабт гуфтааст, ки агар дастандаркорони “Нури наҳзат”-ро ифшо кунанд, 25 ҳазор доллар мукофот хоҳад дод.
Ғалатӣ Баротова, як фаъоли ҲНИТ, ки ҳафтае пеш ҳадафи ҳамлаи иттилоотии “Нури наҳзат” қарор гирифта буд, дар муроҷиаташ навиштааст, ки “тибқи машварати корие ки дар назди Президенти кишвар дар моҳи ноябри соли 2011 доир шуда буд, протоколи 32-20 қабул карда шудааст, ки аз рӯи он нисбати аъзоёни ҲНИТ мубориза бурда истодаанд ва онҳоро бо ҳар роҳу восита таъқиб намуда истодаанд”.
Таъкид мекунад, ки “узви ҲНИТ буда, пурра ҳизби худ ва мақсаду маромҳои онро дастгири менамоям” ва ҲНИТ-ро “ягона умеди охирини Тоҷикистон” номидааст.
ҲХДТ-ро бо интиқод мекунад, ки “ба ягон амали нек қодир нест”.
Дар идома гуфтааст, ки бо навиштани ин муроҷиат низ “медонам, ки шумо барои ҳалли ин матлаб қодир нестед ва қодир ҳам буда наметавонед. Зеро сарчашмаҳои он боз бевосита ба худи мақомоти номбурда бурда мерасонад. Агар шумо матлаби номбурдаро ҳал карда тавонед, пас дар ҳаҷми 25 000 доллари ИМА ба ҳар яки шумо мукофотпулӣ дода мешавад”.
Ғалатӣ Баротова аз навори як ҳафта пеш дар шабакаи интернет аз ҷониби “Нури наҳзат” паҳн гардида, ёд кардааст. Дар ин навор Ғалатӣ Баротова мавриди ҳамлаи иттилоотии “Нури наҳзат” қарор гирифтааст. Аз фаъолияти ӯ ёд карда, амалҳои фаҳши як бонуеро нишон дода, ӯро Ғалатӣ Баротова ном мебаранд.
Бону Баротова гуфтааст, ки соҳиби 4 фарзанд ва 12 набера буда, 50 сол дорад. Дар деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ зиндагӣ мекунад. Ӯро бештар чун момодоя мешиносанд.
Ин наворро нисбати худ “туҳмат дар миқёси давлатӣ” номидааст.
Дар интиҳо чунин хоҳиш кардааст: “Хоҳиши ман фақат ҳамин аст, ки агар шумо ба чизе қодир бошед, пас шахсонеро ки дар навор сабт шудаанд, ашхосе ки наворро гирифтаанд, ҷойе ки навор гирифта шудааст, ба мардум пешкаш намоед, то ки ҳамагон ин “қаҳрамонон”-ро донанд ва нисбати шахсияти онҳо харф зананд.
Зеро паҳн намудани чунин наворҳо пеш аз ҳама дар олам ба обурғи зану духтарони тоҷик зарари манфӣ мерасонад, на ин ки ба аъзоёни ҲНИТ. Агар пеши ин амали нангин гирифта нашавад, пас дар олам дар хусуси тамоми занону духтарони мо ва шумо низ чунин ақлронӣ менамоянд”.
http://www.tojnews.org/tj/news/25-khazor-dollar-mukofoti-galati-barotova-ba-prokuror-va-khukumat