10 СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАР

Шарафмандам, ки ҳамкасбони худро аз Маркази тадқиқоти журналистӣ (МТЖ) ба ифтихори дахсолагии таъсиси ин маркахи ҳирфаии рўзноманигорӣ дар кишвар шодбош гуям.

МТЖ дар Тоҷикистон даҳ сол муқаддам замоне ба арсаи иттилоот қадам ниҳод, ки журналистикаи собиқи шўравӣ комилан вазифаҳои замони нави ҳаётро дигар иҷро кардв наметавонист, зеро ба хонанда дигар очерку лавҳаи тавсифӣ  зарур набуд, вале ў ба андешаи наву мустақил ва воқеъбинона ниёз дошт.

Муассисони Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҳамин заруратро сари вақт дарк намуданд. Дар натиҷаи таъсис ёфтани Маркази мазкур дар назди он як зумра рўзноманигори тозабаён гирд омаданд. Аз ҷумла, сардабири ҳафтаномаи «Пайкон» Ҷумъаи Толиб аз нахустир роҳбарони ин марказ буд, ки дар муддати фаъолияти касбиаш дар таърихи муосири  журналистикаи тоҷик нақши худро гузошт.

Дар назди марказ як зумра рўзноманигорони ҷавоне тарбия диданд, ки имрўз онҳо дар пасонаҳои ватанию байналмилали  ҷумҳурӣ фаъолияти пурсамар доранд. Муҳвйё Нозимова, Гулафшон Соқиева, Уѓулой Мухторова, Ганҷина Ганҷова, Часур Абдуллоев Мазҳаб Чумъаев ва даҳхо нафари дигар аз зумраи онҳо ҳастанд.  Нашрияи «Фараж» , ки мутаалиқи ин марказ аст, аз пешоҳангони рўзноманигории мустақил дар кишвар аст. Бо вуҷуди дастовардҳои калон дар соҳаи нави журналистка, намояндагони Маркази тадқиқотҳои журналистӣ ба нашри ҳафтаномаи нави тахассусии «Самак» ибтидо гузоштанд, ки он имрўз ҳамчун лоиҳаи муваффақи Марказ идома дорад. Марказ хамоҳанги замон қадам нихода сомонаи интернетии худро роҳандози кардааст, ки ин иқдом дар рушди рузноманигории бисёррасонаи саҳми назаррас аст

Дар маҷмўъ, бо вуҷуди таърихи начандон тўлонӣ Маркази тадқиқоти журналистӣ тавонист дар  таърихи журналистикаи тоҷик нақши муҳими худро гузорад. Дар ин ҷода муассис ва роҳбари МТЖ Хуршеди Атовулло саҳми арзанда дорад.

Ба муассисон ва ҳамаи коркунони Маркази тадқиқотҳои журналистии Тоҷикистон барори кор ва муваффақиятҳои тозаи таманно дирем. Бигузор суханатон ҳамеша нишонрас, боровар ва нотакрор бошад!

Нуриддин ҚАРШИБОЕВ,

Раиси Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ)

Раиси Шўрои ВАО ҶТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *