Барнома ва озмуни телевизионии «Ҷило» дигар ба эфир намебарояд. Дар ин бора Давлатзода Зевар Маҳмудӣ, директори тозаинтихоби Муассисаи давлатии ТВ «Сафина» зимни нишасти матбуотии худ иттилоъ дод.
Хонум Давлатзода ба суоли хабарнигорон дар бораи кай оғоз шудани барнома-озмуни телевизионии «Ҷило» чунин посух додаст. Бино ба гуфти Зевар Давлатзода, муаллифи барнома –озмун Ҳабиба Даминзода, ки мӯҳлати шартномаи кориаш бо ТВС соли равон ба охир мерасад, хостори қатъ гаштани барномааш шудааст.
Ба гуфти хонум Давлатзода, Ҳабиба Даминзода муаллифи барномаи «Ҷило» ва як қатор барномаҳои дигар буда, баъди ба охиррасидани шартномааш хостори бастани ҳамаи барномаҳояш шудааст.