«Ҷавонони Тоҷикистон» — рақиби навбатии «Фараж»

Имрӯз соати 12 дар даври навбатии мусобиқаи волейбол миёни Васоити ахбори омма дастаи якҷояи «Фараж» ва «Чашма» бо ташаббускори ин чемпионат, дастаи «Ҷавонони Тоҷикистон» вомехӯрад.

Ёдовар мешавем, ки дар даври аввали мусобиқот дастаи «Ҷавонони Тоҷикистон» бозиро ба дастаи мунтахаби телевизиони «Сафина» бо ҳисоби 1:2 бохт ва дастаи «Фараж» дастаи ТВ «Ҷаҳоннамо» — ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Сарпарасти дастаи «Фараж» Акрам Сангов дар сӯҳбат изҳор дошт, ки дар бозии навбатӣ ба эҳтимоли зиёд яке аз бозингарони асосӣ — масъули чопи нашрияи «Фараж» Ҷамшед Ниёзов, ки ба иллати ҷароҳат доштан дар бозии аввал ширкат накарда буд, ба майдон мебарояд:

«Ҳамчунин, ният дорем то дар бозии навбатӣ гурӯҳи мухлисону ҳаводорони дастаро бештар ҷамъ оварем ва рӯҳан дастаамонро дастгирӣ намоем. Мо танҳо бо нияти ғалаба ба майдон мебароем, аммо бозӣ, бозӣ аст» — афзуд Акрам Сангов.

Ҳамчунин, номбурда перомуни дастаи ҳариф чунин изҳор дошт:

«Ҷавонони Тоҷикистон» ташаббускори маърака ва соҳиби майдон аст, ки ин ба мухлисону доварон таъсир мерасонад. Дар бозии аввал бо вуҷуди дастгирии зиёди мухлисон бозиро бохта бошад ҳам, аммо дастаи пурқувват аст. Аз ҷониби дигар ҳам сармуҳаррир Самариддин Асозода ва ҳам котиби масъул Умаралӣ Сафаралӣ бевосита дар майдон бозӣ мекунанд, ки ин рӯҳияи дастаашонро баланд мебардорад. Вале, соли гузашта дар даври финалӣ мо ба ин даста бо ҳисоби 2-1 ғалаба карда будем ва ҷои сусти ҳарифамонро хуб медонем», — мегӯяд сарпарасти даста.

http://faraj.tj/news/8875-1206avononi-to1207ikiston-ra1179ibi-navbatii-farazh.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *