ҶАРИМАИ ХАБАРНИГОРИ TOJNEWS БО ШИКОЯТИ МИЛИСА

Суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Қамари Аҳрор, хабарнигори Оҷонси иттилоотии TojNews-ро «барои итоат накардан ба амри полис» 120 сомонӣ ҷарима кардааст.

Ба гуфтаи Қамар Аҳрор, судя Ҷӯрахон Раҳмонов бо вуҷуди пешниҳод кардани дархост ва меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон дар соҳаи ВАО қарори ҷирима шудани хабарнигорро содир кард ва пешниҳодҳои хабарнигор ва вакили дифои ӯ Файзинисо Воҳидоваро ба инобат нагирифт.

Қамари Аҳрор мегӯяд, аз қарори содиркардаи суд розӣ нест ва ба хотири ҳифзи ҳуқуқҳои худ ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳад бурд.

Раҳбарияти созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ», ки муассиси оҷонси Тоҷнюс мебошад, аз мавқеъи хабарнигор ҷонибдорӣ карда, бар онанд, ки ҳалномаи суд ғайриқонунӣ аст.

Раиси созмон Саймиддин Дӯстов мегӯяд:  Худи қазия баёнгӯи сатҳи пасти касбии сардори ШВКД -и милисаи шаҳри Хуҷанд мебошад. Ҳар афсари дигар хатояшро фаҳмида ислоҳ мекард, аммо Зафар Суфиев ин корро ба худ равон надонист. ки иштибоҳи дуюми ӯст. Мо чанд моҳ хомӯшӣ ихтиёр кардему ба сардори милиса  имкон додем, ки мавқеи носолимашро тағйир диҳад, муттасифона фаросаташ нарасид. Дар ниҳоят мо ӯро маҷбур хоҳем кард, ки иштибоҳашро ислоҳ намояд».

Тазаккур бояд дод, ки 6-уми август Қамари Аҳрор аз ҷониби кормандони ШКД-и шаҳри Хуҷанд, ҳангоми иҷрои вазифаи касбии журналистӣ ғайриқонунӣ барои се соат боздошт ва мавриди пурсуҷӯ қарор гирифта буд.

Хабарнигор Қамари Аҳрор (Амаков) дар ҳоле боздошт шуд, ки аз ҷараёни Мусобиқаи байналмилалии бокс, барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоил Ҳамзаалиев, навор мегирифт.

Яке аз кормандони милиса аз ӯ хостааст, то наворгириро қатъ кунад. Баъди пешниҳоди ҳуҷҷати хабарнигорӣ ва фаҳмондани ҳолат, ки ӯ вазифаи касбии худро анҷом медиҳад, Зафар Суфиев, муовини Сардори Шӯъбаи корҳои дохилӣ хабарнигорро ба наздаш хонда, гуфтааст: “Навори шумо ба ҳеч кас даркор нест!”.

Баъд Зафар Суфиев амр кардааст, ки журналистро ба ШКД бурда, аз ӯ баёнот гиранд. Бино ба гуфтаи хабарнигор Қамари Аҳрор, нисбати ӯ муносибати дағалона карда, гуфтаанд, ки ӯ бо иттиҳоми ба амру талаботи кормандони ВКД гӯш надодан аз дохили толори мусобиқа боздошт шудааст. Ӯро дар муддати се соат дар утоқи торик, ки чароғ надоштааст, нигоҳ дошта аз ӯ баёнот гирифтаанд.

Мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон монеъ шудан ба фаъолияти касбии журналист манъ буда, барои он ҷазо муайян карда шудааст.

Тибқи моддаи 162-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои монеъ шудан ба фаъолияти касбии журналист  бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо таиън шудааст.

Қаблан Суди шаҳри Хуҷанд даъвои ШКД-и ин шаҳрро барои комил набуданаш бозпас гардонида буд, аммо ин даъво дубора ба суд ирсол шуда буд.

http://www.tojnews.org/jaroma-shudani-khabarnigori-tojnews

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *