Ҷумахон Давлатов, муовини раиси «Душанбенақлиётхадамотрасон» аз даъвояш алайҳи рӯзноманигор Ҷамила Ҳусейнова ва нашрияи «Вечерний Душанбе»-и Акбари Саттор даст кашидааст.
Ҷамила Ҳусейнова дар шарҳи ин хабар ба расонаҳо гуфтааст, ки феълан сабаби аз даъво даст кашидани Давлатов маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки дар пайи нашри як матлаб дар нашрияи «Вечерний Душанбе» Ҷамила Ҳусейнова аз зиёд шудани автобусу троллейбусҳои корношоям дар автобазаҳо интиқод карда, аз бемасъулиятии роҳбарияти он навишта буд.
Дар матлаби нашршуда рӯзноманигор Ҷумахон Давлатовро собиқ роҳбари корхонаи «Автобус-1»-и Душанбе зикр карда, навишта буд, ки Ҷумахон Давлатов тайи як соли роҳбарияш хешовандонашро дар хобгоҳи корхона ҷой карда, фикре накард, ки он моли шахсии ӯ набуда, моликияти давлат аст: «Баъди роҳбарии Давлатов мушкилот дар корхонаи «Автобус-1» афзоиш ёфтанд, аммо ӯро ба ҷои он, ки ба ҷавобгарӣ кашанд, баръакс вазифаи баландтар дода, муовини раиси «Душанбенақлиётхадамотрасон» таъин карданд».
Баъди нашри ин матлаб Ҷумахон Давлатов алайҳи нашрияи «Вечерний Душанбе»-и Акбари Саттор ва рӯзноманигор Ҷамила Ҳусейнова ба Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шикоят бурда, барои таҳқир шуданаш 100 ҳазор сомонӣ аз рӯзноманигор ва 1,5 ҳазор сомонӣ аз нашрия ҷуброни зарари моддию маънавӣ талаб дошт.
http://faraj.tj/news/9559-1206amila-1202useynova-davlatov-az-davoyash-dast-kashid.html