Ҷамъбасти як соли фаъолияти Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Чанде пеш ҷаласаи навбатии Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси Иьтифоқ Акбаралӣ Сатторов баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов кушода, дар мавриди фаъолияти Итифоқ дар соли 2014 гузориш дод.

Дар гузориш зикр гардид, ки соли сипаришуда Иттифоқ барои журналистон се озмун бо ҳамкории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коорупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои миллии муқовимат бо коррупсияи назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ва 4 озмун бо дигар ташкилотҳо баргузор намуд. Дар тўли сол бо ҳамдастии Шурои ВАО, Асосиатсия миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, Маркази тадқиқотҳои журналистӣ, Юнисеф, Ташкилоти ҷамъиятии «Диалог-Евразия» мизҳои муддавар, нишастҳо баргузор гардиданд. Барои такмили маҳорати касбии журналситони ҷавон силсилаи семинарҳо ва дарси маҳорат бо иштироки журналистони варзида, дипломатҳои сафоратҳо ва намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон амалӣ шуданд.

Пойгоҳи техникии Иттифоқи журналистон бо кумаки Агентӣ оид ба рушди Туркия «Тико» таҷдид шуд. Акнун дар идораи Иттифоқи журналистон мунтазам чорабиниҳои идораҳо ва ташкилотҳои марбути ВАО баргузор мегарданд.

Соли сипаришуда Иттифоқ дар хусуси ҳифзи ҳуқуқи журналистон, риояи одоб, воқеаҳои муҳими марбути ВАО изҳоротҳо пахш намуд.

Соли 2014 муаррифии лоиҳаҳо ва китобҳои журналистон Садриддин Ҳасанзода, Бахтиёр Аминӣ, эҷодиёти суратгир Сафарбек Солеҳов ташкил шуд.

Пас аз гузориш масъалаи омодагӣ ба ҷашни матбуот баррасӣ шуд. Соли равон низ ҷашн бо роҳбарии Вазорати фарҳанг дар театри ба номи Лоҳутӣ баргузор мегардад. Таклиф ба миён омад, ки мачлиси идона дар дигар биноҳои фарҳангӣ гузаронида шавад. Зеро бинои театри Лоҳутӣ таъмиртлаб аст. Дар ин бора раёсат тасмим гирифт, ки бо масъулини Вазорати фарҳанг маслиҳат кунад.

Раиси комиссияи Ҷоизаи ИЖТ ба номи А. Лоҳутӣ Умари Шерхон аз тартиби қабули асарҳо гузориш дод. Пешниҳод гардид, ки таклифи иддае аз журналистон оид ба муҳлати додани ҷоиза пас аз ҳар ду сол қабул нашуд. Аъзоёни Раёсат қарор доданд, ки Ҷоизаи Лоҳутӣ ҳар сол ба таври анъанавӣ дода шуда, ғолибон танҳо бо медал, Диплом тақдир карда шаванд. Зеро Иттифоқи журналистон имконоти молиявӣ надорад.

Аъзоёни Раёсат ҳамчунин қарор доданд, ки то охири сол маъракаи ивази билетҳои аъзогӣ ва ба ин тартиб тозакунии сафи аъзоёнро анҷом диҳад. Зеро робитаи аъзоён бо Иттфоқи журналистон, пардохти ҳақулузвият дучори камбудиҳои ҷиддӣ аст. Алҳол намунаи нави сифатан беҳтари шаҳордатнома тайёр карда мешавад. Дар ҳамин хусус иттиллои расмии Раёсат ба ҳамаи созмонҳои вилоятӣ ирсол мегарад.

Дар ҷаласа аъзоёни Раёсат Ёқуб Исмоилов, Нуридин Қаршибоев, Хуршед Ниёзов, Рустами Ҷонӣ, Умари Шерхон, Мусо Асозода бо дархосту таклифҳои судбахш дар мавриди такмили кори ташкилӣ, тайёр кардани «Энсеклопедиия матбуот», тартиби қабул ба аъзогӣ, қоидаҳои нави пешбарӣ ба унвони «Аълочии матубот»-и Вазораи фарҳанг, омодагӣ ба ҷашни 70-солагии Ғалаба, чорабиниҳои соли ҷорӣ баромад намуданд.

Раёсати ИЖТ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *