Ҷаласаи ҳисоботии Шӯрои ВАО дар «Лотус»

Анҷумани Шӯрои воситаҳои ахбори омма имрӯз ҷаласаи солонаи ҳисоботии худро дар меҳмонхонаи «Лотус» бо дасгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон оғоз кард.

Дар ҷаласа аз 50 нафар вакил 40 нафарашон иштирок дошта, масъалаҳои гуногуни ВАО-ро таҳти баррасӣ қарор дода истодаанд.

Сараввал Нуриддин Қаршибоев, роҳбари ин ташкилоти ғайридавлатӣ, ки нашрияҳои гуногуни кишварро зери «қанот»-и худ муттаҳид мегардонад, ҳозиринро хайрамақадам гуфта, пасон аз вазъи нохуби нашрияҳои хусусӣ ва бӯҳрони молии онҳо сухан ронд.

Дар анҷуман Эвалд Орф — мушовир оид ба ВАО-и Дафтари САҲА дар Тоҷикистон низ иштирок ва суханронӣ намуд.

Бояд гуфт, ки барномаи Анҷуман аз чунин бандҳо иборат аст:

1. Дар бораи узвият ба Шӯрои ВАО, маърӯзачӣ Нуриддин Қаршибоев — раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ.

2. Дар бораи тағйирот дар ҳайати муассисони Шӯрои ВАО, маърӯзачӣНуриддин Қаршибоев.

3. Дар бораи тағйиру иловаҳо ба оинномаи ТҶ «Шӯрои ВАО ҶТ».

4. Ҳисоботи раиси Шӯрои ВАО барои соли 2015, маърӯзачӣ Н.Қаршибоев.

5. Ҳисоботи Комиссияи тафтишоти Шӯрои ВАО дар бораи фаъолияти молиявию хоҷагии Шӯрои ВАО, маърӯзачӣ Мухтор Боқизода, роҳбари комиссияи ҳисоби Шӯрои ВАО.

6. Интихоби аъзои нави Раёсати Шӯрои ВАО-и ҶТ.

 

http://faraj.tj/news/11638-1206alasai-1203isobotii-sh1263roi-vao-dar-lotus.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *