Ҳушдори директор: Мақола нашр шавад, “ҷазо” медиҳам!

Ширин Қурбонова, директори Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳушдор додааст, ки агар дар бораи ин коллеҷ дар нашрияҳои Тоҷикистон ягон мақолае нашр шавад, ӯ рӯзноманигор ва муассиси нашрияро «ҷазо” медиҳад.

Ин ҳушдори Қурбонова чанд рӯзи пеш дар ҷавоб ба саволи хабарнигори Faraj.tj садо дод, ки барои муайянсозии хабари фурӯравии сақфи яке аз синфхонаҳои коллеҷ ба ин муассисаи таълимӣ рафта буд.

Аммо директор Ширин Қурбонова ба ҷои посух додан ба пурсиши хабарнигор якбора ба савол, худсафедкунӣ, истинтоқ ва таҳдид … гузашт: «Кори шумо ба коллеҷи мо чӣ аст?! Тавба кардам, боми мо ягон кор нашудааст?! Боми коллеҷи мо ба «Фараж» чӣ дахл дорад?! Редаксия чист?! Чаро шуморо ба коллеҷи мо фиристоданд?! Шумо чаро кори худатонро намекунед?! Дар коллеҷи мо ҳама тинҷӣ, ягон гап нашудааст! Ман наход дурӯғ гӯям?! Ана, ман алифбои форсӣ мехонам (ба китоб ишора мекунад)! Дарс аз илмҳои динӣ мехонам, наход шуморо дурӯг гӯям, ана дафтарам, ана! Дарс ёд гирифтестам, наход ман дурӯғ гӯям?! Рӯзе, ки сақф афтид, дарс набуд! Қасам мехӯрам! Чӣ корҳо мешавад дар ҷумҳурӣ мешавад, баъд ҳамаи ҷо рафта ҳаминҳоро мебинед?! Чиро менависед?! Синфхонаро мо то якуми сентябр таъмир мекунем! Шумо, журналистон, ба мо ягон ёрдам намекунед, фақат моро дар таҳлука мемонед! Недоумение мемонед! Синфхонаҳои мо ҳама капиталнӣ ремонт! Партаҳои ман нав! Аз рӯзе, ки ман директори мактабам, хамаи аудиторияҳо таъмир, обод! 7 сол ҳама ободӣ! Навиштани шумо даркор нест! Э бача! Мо ба маблағе ҷудо мешавад, ки ҳарсола 500 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад, мо ба фақат барои таъмир. 2010 ба 384 сомонӣ ба ҷудо шудааст. Ман вакилам, агар ягон чӣ навиштӣ, суд ба метем! Аз хавзаи кадоме бошад, кортон набошад! Шурдумчуқӣ (?) накунад редаксиятон! Даркор нест! Хайр афтодааст як бом, бад чӣ, бояд ҳама донанд, ки бом афтидааст?! Агар нависед, то суда нарафтам қатитон ана мебинед ман киюм! Аз навиштани шумо ман ба фоида нест. Номи редакторат кияй?! Ягон ёрдам мекунад ман да?! Номи редакторта мегум, бгу?! Кияй? Ягон кор наёфтаед дигар?! Мавзӯъ нестмӣ?! Хобгоҳҳоро бинед! Гӯш кун, номерта те ман да. Газетатон дар куҷо?! Ҳаму баландӣ да мешинед?!”.

Баъди ин ҳама дағдаға хонум Қурбонова каме ором шуд ва идома дод: «Бачам, ин қонуни табиат, эмчеэс дида рафт, бино аз соли 1959 сохта шудааст, хайр ғалтидааст, вайрон шудааст, бад чӣ? Мо пула мегирем, баъд таъмир мекунем ҳарсола. Агар дар газета нависед, шумо фақат зарар мерасонед. Эмчеэс гуфт, ки таъмир кунед, мо мекунем. Коррупсия моро дар ду сол 1 бор миёяд, моро тафтиш мекунад. Коррупсия ба аудиторияи мо чӣ кор дорад? Ин синфхонаро ба дигар ҷо гузарондем, то якуми сентябр дарс гузарондан наметавонем, ду-се парагаш (?) паридааст, тамом. Агар шумо сифхонамона соз кунед, ман рафта, дар пеши 16-этажа саҷда мекунам. Смета мекунем, пул ҷудо кунанд, мекунем, боз биёед, мебинед. Шумо фақат нӯл занед ҳама ҷода. Шумо роҳи рыждда (?) брен! Синфхона ман наметем нишон, сохтмончиҳо омаданд, ҷазироша броварданд”.

Аммо Ҳасан Ҷӯраев, муовини директор оид ба таълим, дар қиёс бо роҳбари муассиса Ширин Қурбонова, зимни сӯҳбат бо хабарнигори Faraj.tj хеле орому самимӣ буд. Бино ба гуфтаи Ҷӯраев, воқеан ҳам чанд рӯзи пеш сақфи яке аз синфхонаҳо ҳангоми дарс ба болои донишҷӯён афтидааст.

— Хушбахтона, аз ин фалокат ягон кас зарар надид ва донишҷӯён саривақт синфхонаро тарк карданд. Онҳо донишҷӯёни курси сеюми шӯъбаи ғоибонаи факултаи забон ва адабиёт мебошанд,- иброз дошт муовини директор.

Аксарияти таълимгирандагони коллеҷ низ дар сӯҳбат бо Faraj.tj далели фурӯравии сақфи синфро тасдиқ карданд. Ба гуфтаи онҳо, ҳодиса ногаҳонӣ буд ва касе зарар надидааст, «фақат духтарҳо тарсидаанд”.

Зимнан, тарси духтарҳо аз фурӯравии сақф ягон ҷои тааҷҷуб надорад, аммо изтиробу ташвиши директори Коллеҷи омӯзгорӣ Ширин Қурбонова аз саволи хабарнигори Faraj.tj ва дасту по хӯрдану якбора ба пурсишу худсафедкунию таҳдид гузаштани ӯ чӣ сабаб дошт? Шояд ҳодисаи рухдода ягон паёмади нохуш дошт, ки хонум директор беҳад асабиву беқарор шуд? Мақомоти масъул дар ин маврид чӣ мегуфта бошанд?

Ҷамила Мирбозхонова

http://faraj.tj/news/9008-1202ushdori-direktor-ma1179ola-nashr-shavad-1207azo-medi1203am.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *