Ҳушдори Акбаралӣ Сатторов ба аъзои Иттифоқи журналистон

Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки дар арафаи интихоботи парлумонӣ аз шаҳодатномаи иттифоқ сӯистифода накунанд.

Ӯ дар як мизи гирди Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бо намояндагони расонаҳои Тоҷикистон, ки 16-уми декабр баргузор шуд, гуфт, ки нафаронеро ки аз узвияти ин созмон сӯистифода кардаанду мекунанд аз аъзогӣ хориҷ мегарданд.

Ба гуфтаи ҷаноби Сатторов: “Баъзе аз журналистон аз номи шаҳодатномии ИЖТ сӯистифода мекунанд. Бояд ҳар журналист вақти ворид шудан ба ягон идора ҳуҷҷати кории худро нишон диҳанд на шаҳодтаномаи ИЖТ -ро. Дар вақти интихобот низ бояд журналистон аз ҳуҷҷати идории худ истифода кунанд”.

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор аъзо дорад.

Акбаралӣ Сатторов инчунин аз намояндагони расонаҳо хост, ки дар инъикоси раванди интихобот касбӣ муносибат кунанд ва дар ҷараёни интихобот фаъол бошанд. Хоҳиш намуд, ки расонаҳо аз сиёҳкунии номзаде ё ҳизбе худдорӣ варзанд.

http://www.tojnews.tj/tj/news/khushdori-akbarali-sattorov-ba-azoi-ittifoki-zhurnaliston

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *