Ҳушдори Ҳарамгул ба журналистон: Боэҳтиёт бошед

Хабарнигори нашрияи давлатии Тоҷикистон, «Ҷумҳурият» Ҳарамгули Қодир пас аз бозпурси шуданаш аз ҷониби мақомот дар робита бо парвандаи Ҳоҷӣ Ҳалим гуфтааст, имрӯз бояд журналистони мо бисёр эҳтиёткор бошанд, чунки беэҳтиётӣ ҳар лаҳза метавонад ба сари онҳо «бало» орад.

Ӯ ин суханҳоро зимни як суҳбати видеоӣ ба «Озодӣ» гуфта афзудааст, ки чанд муддат дар кишвар аз сӯи мақомот дар робита ба парвандаи мусаллаҳонаи Абдуҳалим Назарзода мариди пурсиш қарор дошт.

Журналисти тоҷик инчунин илова кардааст, ки дар робита ба овозаҳо дар мавриди издивоҷ карданаш бо роҳбари ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ низ пурсуҷу шудааст.

Аммо Ҳарамгули Қодир мегӯяд, ӯ бо Муҳиддин Кабирӣ танҳо як самимият ва салому алек дошту халос ва ин ҷо сирре вуҷуд надорад, ки дигарон хабар надошта бошанд.

Ӯ, ки айни замон дар хориҷа пайи табобати саломатияш қарор дорад, дар охири мусоҳибаи хеш гуфтааст, умедвор аст, ки пас аз ба Тоҷикистон омаданаш онро чизҳои хубро интизоранд. Дар мавриди тағйири касб гуфтааст, шояд аз баҳри журналистика гузарад.

 

http://faraj.tj/news/11985-1202ushdori-1202aramgul-ba-zhurnaliston-boe1203tiet-boshed.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *