Кумитаи ҳифзи журналистон (Comittetee to Proteсt Jornalists) муҳити расонаии Тоҷикистонро дар соли сипаришудаи 2012 баррасӣ карда, аз 2 ҳуҷум ба журналистон, 16 сомонаи масдудшуда, 500 ҳазор сомонӣ товони зарар, 100 рӯзи озодии Тоҷнет ва “номувофиқатии қавлу амали Ҳукумати Тоҷикистон” дар баробари озодии баён ва муносибат ба журналистон ҳикоят кардааст.
Дар як гузориш бо номи “Ҳуҷум ба матбуот. Журналистони тоҷик дар хати ҷабҳа. 2012” бо ишора ба рӯйдодҳои соли гузаштаинаи Хоруғ менависанд, ки “вақте ВАО масъалаи шарҳи расмии марги яке аз генералҳоро дар миён гузоштанд ва ибрози назар намуданд, ки Эмомалӣ Раҳмон назорат аз болои гурӯҳҳои динии маҳаллиро тақвият додааст, ҳукуматдорон дастрасӣ ба як қатор сайтҳои мустақили иттилоотиро то се моҳ масдуд карданд”.
Дар гузориш омадааст, ки дар соли сипаришуда 16 ҳолати масдуд кардани сомонаву пойгоҳҳо ҷой дошт. Аз ин миён — 5 (панҷ) ҳолат (Asia Plus, TojNews,»Озодагон»,»Ватандор»,TjkNews) бо сомонаҳои тоҷикистонӣ, 4 (чор) ҳолат бо расонаҳои Русия (“Лента», «Вести», «Полярная звезда», «РИА-Новости») 3 (се) ҳолат минтақаӣ (Ferghana News,CentrAsia, Maxala) ва 4 (чор) ҳолат бо расонаҳои байналхалқӣ (BBC, Родиёи “Озодӣ” Facebook, YouTube) рух додааст.
Муаллифон, ҳамчунин, “аз ташкил намудани воҳиди компютерии ихтиёриён, ки гӯё мафҳуму маводҳои экстремистӣ ва таҳқиромез ба шаъни президентро ифшо менамоянд”, хабар доданд, ки дар кишвар бо номи “Доброволсои Хадамоти алоқа” маълуманд. Бо истинод ба маълумоти ироакардаи ин созмон Хадамоти алоқа шабакаи иҷтимоии “Facebook»-ро паҳнкунандаи бӯҳтон эълон намуд ва дастури бастани онро дар дохили кишвар содир кард”, — омадааст дар ин гузориш.
Дар гузориши Кумитаи ҳифзи журналистон омада, ки “ҳарчанд вуруд ба Интернет дар Тоҷикистон хеле дар сатҳи паст қарор дорад (Аз рӯи иттилои Иттифоқи ҷаҳонии алоқаи барқӣ дар охири соли 2011 фарогирии Интернет дар Қазоқистон 45 %-и аҳолӣ, Узбакистон — 30%, Қирғистон — 20 %, Тоҷикистон — 13 % ва Туркманистон 5%-ро дар бар мегирад), фаъолони маҳаллии мубориза барои озодии матбуот, ҳамчунин, журналистон ба муқобили фишор болои озодии сухан дар Интернет ба ҳам омаданд”.
Ҷавобан ба масдудсозии як қатор сайтҳои иттилоотӣ фаъолон даст ба эътироз бо номи “100 рӯз барои озодии Тоҷнет” заданд. Тибқи иттилои Анҷумани миллии Воситаҳои ахбори мустақил, эътирозҳои моҳи сентябр оғозгардида як силсила чорабиниҳои дигарро низ дар бар доштанд. Ҳадафи онҳо — фошсозии сиёсати ҷазодиҳии давлат ва кӯмак ба сокинон барои дарёфти маърифати компютерӣ буд”.
Ҳамзамон бо ин, КҲЖ аз ду рӯйдоде ҳикоят мекунад, ки ба ҳамлаву латукӯби журналистон дар дохил ва хориҷ иртибот доштанд. Ва ин ду тан, Додоҷони Атовулло ва Далер Шариповро, қурбониёни хушунат алайҳи журналистон ном бурдаанд.
Моҳи январи соли 2012 журналисти шинохта ва фирории тоҷик, муҳаррири нашрияи машҳури “Чароғи рӯз” дар тарабхонаи Маскав аз ҷониби шахсони номаълум корд хӯрд.
Моҳи майи соли гузашта бошад, афроди номаълум журналисти ширкати давлатии телевизионии “Сафина”-ро бераҳмона латукӯб карданд. Рӯзноманигор дар сӯҳбат бо Азия-Плюс гуфт, ки то ин ҳамла вай чандин таҳдид ба ҷонаш шунида буд. То ин замон Далер Шарипов барандаи шоу-барномаи телевизионие буд, ки ширкаткунандагонаш масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистонро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медоданд.
Муаллифони гузориш дар ҳарфу амали Ҳукумати Тоҷикистон ихтилофҳоеро мушоҳида карда, навиштаанд, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати 100-умин солгарди матбуоти тоҷик ба миссияи журналистӣ дар рушди ҷомеа баҳои баланд дод, вале ҳамзамон, аз ВАО даъват намуд, ки аз интишори маводҳои ба имиҷи байналмилалии кишвар таъсиррасон худдорӣ карда, миёни аҳолӣ ҳисси ноумедиро ба миён наоранд ва муҷиби барҳамзании тартиботи ҷамъиятӣ нашаванд. “Миёни суханпардозӣ ва воқеият чунин фосилаест. Эмомалӣ Раҳмон қонуни лағви ҷавобгарии ҷиноӣ барои тӯҳматро имзо намуд. Ҳамзамон бо ин, қонунгузорӣ ҳамоно моддаеро дар ихтиёр дорад, ки тибқи он барои таҳқири президент то 5 сол маҳрумият аз ҳуқуқи озодӣ пешбинӣ мешавад”, — омадааст дар гузориш.
Маврид ба зикр аст, ки то лазҳаи чопи ин матлаб созмонҳои журналистӣ ва доираҳои коршиносии кишвар ба ин гузориш вокуниши ҷиддие нишон надодаанд.
http://tojnews.tj/hujum-ba-matbot-jurnalistoni-tojik-dar-hati-jabha-2012