ҲСДТ: ИНТИХОБОТИ 2015 МАРДУМӢ ЭЪЛОН ШАВАД

Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал — демократии Тоҷикистон эълон кард, ки ба Соли омодагӣ ба интихоботи мардумӣ — «Интихобот-2015» расман ворид шудааст.

Дар баёнияе, ки субҳи имрӯз Раҳматилло Зойиров, раиси ин ҳизб паҳн кард, гуфта мешавад, Шӯрои сиёсии ҲСДТ дар ҷаласаи имрӯзӣ ташкил ва баргузор кардани интихоботи навбатӣ ба мақомоти намояндагии мардумӣ дар сатҳҳои гуногун — маҷлиси намояндагони худидораи маҳаллӣ (ҷамоатҳо), маҷлиси вакилони халқии шаҳру ноҳия ва вилоятҳо, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳокима ва таҳлил карда, қарор кард:

а) ҲСДТ аз ин рӯз ба Соли омодагӣ ба интихоботи мардумӣ — «Интихобот 2015» расман ворид мешавад;

б) ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ дар бораи ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон» дастгирӣ карда шуда, такмил ва демократитар кардани қонуни интихоботро зарур ва саривақтӣ мешуморад;

в) интихоботи 2015 дар ҳама сатҳҳо ҳамчун «ИНТИХОБОТ БАРОИ МАРДУМСОЛОРӢ» эълон ва эътироф карда шавад;

г) ҳамчун қадами аввал тағйироту иловаҳо ба қонуни интихобот ба муҳокимаи мардумӣ, аз ҷумла, ҳама иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ВАО, Шӯрои ҷамъиятӣ дар марказ ва маҳалҳо, дигар шӯроҳо оид ба ҳамкории иҷтимоӣ, ассотсиятсияи ташкилоти ғайридавлатӣ, созмонҳои занон ва ҷавонон пешниҳод карда шавад;

д) ба таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла дигар ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъияти, ВАО то 10-уми феврали соли 2014  «БАРНОМАИ МАРДУМСОЛОРӢ» барои солҳои 2014-2020 пешниҳод карда шавад.

http://www.tojnews.tj/hsdt-intikhoboti-2015-mardumsolori-e%27lon-shavad

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *