Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нисбат ба қарори Суди Исмоили Сомонии пойтахт изҳори нигаронӣ намуда, то 3-юми ноябри соли ҷорӣ ба зинаи болоии судӣ шикоят хоҳанд бурд.
Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарор баровардааст, ки даъвои ин ҳизб нисбат ба Кумитаи радио ва телевизионро бояд Суди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ кунад.
Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои ҲНИТ, субҳи имрӯз, 31-уми октябр, ба TojNews дар ин бора хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, «бо қарори Суди Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 18-уми октябр парвандаи истеҳсолӣ қатъ шудааст. Онҳо аз ин қарори суд ризо набуда, тасмим доранд, то 3-юми ноябр аз болои ин қарор ба Суди шаҳрӣ шикоят намоянд».
Ёдрас мешавем, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 19-уми сентябри соли равон нисбати Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва се шабакаи телевизионӣ (“Сафина, Шабакаи аввал ва “Ҷаҳоннамо”) барои “фаъолиятҳои сиёҳкунанда” бар зидди ин ҳизби сиёсӣ ба Суди ноҳияи Исомили Сомонӣ муроҷиат карда, талаб кардааст, ки ташвиқоту тарғибот нисбати ҲНИТ-ро қатъ карда, аз ҳизб расман узрхоҳӣ намоянд.
Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт се маротиба мурофиаи даъвогии ҲНИТ-ро аз болои се шабакаи телевизионии давлатӣ ва Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистонро ба сабаби шинос шудани тарафи ҷавобгар ба таъхир гузошта буд.
Мурофиаи аввал, ки мебоист 8-уми октябр баргузор мешуд, ба 14-уми октябр ва баъдан, ба 18-уми октябр гузошта шуд.
Вакили дифои ҲНИТ гуфта буд, ки Кумита ва телевизионҳои давлатӣ ба Суд бо аризае муроҷиат кардаанд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта шудааст, ки барномаҳои телевизионӣ, ки боиси баҳси судӣ гардидаанд, бо фармоиши мақомот сабту наворгирӣ ва намоиш дода шудаанд.
— Дар ин ариза Кумитаи радио ва телевизион навиштаанд, «тибқи моддаҳои 20 ва 29-и Қонун “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” телевизиони «Сафина” ва дигар шабакаҳо барои саҳеҳияти ин барномаҳо ҷавобгар набуда, балки шахсони мансабдор, фармоишгар барои ҳаққонӣ будани он ҷавобгаранд», — мегӯяд адвокат.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 19-уми сентябр нисбати Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон барои “фаъолиятҳои сиёҳкунанда” бар зидди ин ҳизби сиёсӣ ба Суди ноҳияи Исомили Сомонӣ муроҷиат карда, талаб кардааст, ки ташвиқоту тарғибот нисбати ҲНИТ-ро қатъ карда, аз ҳизб расман узрхоҳӣ намоянд.
Дар аризаи даъвогӣ гуфта мешавад, ки “вақтҳои охир бо наздик шудани маъракаи интихоботии президенти ҶТ аз тарафи мақомоти мазкури телевизион ва радиои давлатии ҶТ ташвиқу тарғиботи зидди ҲНИТ ба роҳ монда шудааст, ки ин рафтор ва кирдори онҳо бархилофи талаботҳои моддаи 26 ва 28-и Сарқонуни ҶТ мебошад”.
Бинобар ин ҲНИТ дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 30-и Сарқонуни ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ”, Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ ва Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” аз суд ду хоҳиш менамояд:
Якум, аризаи даъвогии ҲНИТ нисбати ҷавобгар — Кумитаи мазкур ва ҳамҷавобони дигар (“Сафина, Шабакаи аввал ва “Ҷаҳоннамо”) ба истеҳсолоти судӣ қабул карда шавад.
Дуюм, ҷавобгар ва ҳамҷавобон ӯҳдадор карда шаванд, ки ташвиқоту тарғибот нисбати ҲНИТ қатъ карда шавад ва аз ҲНИТ расман узрхоҳӣ намоянд».