Намояндагони зиёиён 11-уми феврал зимни баррасии даъвояшон алайҳи Олга Тутубалина, муҳаррири “Азия Плюс” дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ҳуҷҷатеро пешниҳод кардаанд, ки дар он Фарҳод Раҳимов, президенти тозаинтихоби Академияи улуми Тоҷикистон аз даъво алайҳи Тутубалина ҳимоят кардааст.
Иноятов инчунин илова кард, ки дар мурофиаи рӯзи 11-уми феврал ташхисгарони лингвистикии матлаби Тутубалина мавриди пурсиш қарор гирифтанд. Ба гуфтаи Иноятов зимни мурофиа муайян шуд, аз се ташхисгари матлаби Тутубалина ихтиссоси ду нафарашон ба забони рӯсӣ ҳеч рабте надорад. Ин дар ҳолест, ки матлаби Тутубалина бо забони русӣ навишта шудаасту ташхисгарони Кумитаи забон ва истилоҳот хулоса додаанд, ки дар он таҳқир нисбати қишри зиёӣ ҷой дорад.
Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи ҷониби ҳимоя додрас баромади ниҳоии тарафҳоро рӯзи 13-уми феврал муайян кардааст. Гарчанде ба гуфтаи ҳимоятгарон онҳо аз додрас хоста буданд, баромадҳои ниҳоиро ба муҳлати дертар гузорад, аммо додрас ин дархостро қабул накард.
Ёдрас мекунем, ки даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, аз болои Тутубалина ва нашрияи “Азия-Плюс” ба додгоҳ муроҷиат карда, 200 ҳазор сомонӣ ҷуброн ва маъзаратхоҳии расмиро талаб доранд.
Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, «Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд» кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.
http://www.ozodagon.com/14845-imoyati-prezident-az-davoi-zieien-alayi-tutubalina.html