Озодии сухан дар Тоҷикистон
(Моҳи марти соли 2014)
Заминаи ҳуқуқии фаъолияти ВАО
Март, 12
Созмони байналмилалии Кумитаи оид ба ҳифзи журналистон натиҷаҳои соли 2013-ро ҷамъбаст намуд. Ҳарчанд лоиҳаи нави қонун дар бораи ВАО қабул ва имзо шуда бошад ҳам, ҳокимияти қонунгузор натавонист ҷазо аз рӯи моддаи таҳқири президент пешбинишударо аз рӯихати ҷиноятҳо барорад, ё онро ба намуди дигари ҷазо иваз кунад. Қабули қонуни нав ба муҳити озодии матбуот дар арафаи интихоботи президент дар моҳи ноябр таъсири бевосита надошт. Бо мақсади аз байн бурдани монеаҳои сари роҳи Эмомалӣ Раҳмон дар навбати чоруми интихобаш ба мансаби президент, ҳукуматдорон хомӯш кардани садоҳои интиқодиро идома доданд ва бо ин мақсад аз як қатор чораҳои ҷазодиҳӣ, ба монанди тарсондани журналистон ба воситаи хадамоти амниятӣ, иҷозат надодан ба аккредитатсияи журналистон ва мурофиаҳои тӯлонии судӣ истифода карданд.
Қазияҳои судӣ
Март, 18
Рӯзномаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина аз болои қарори суди ноҳияи Фирдавсӣ оид ба қазияи «зиёиён зидди «Азия-Плюс» шикоят карданд. Матни пурраи аризаи шикоятиро адвокатҳо ба коллегияи суди шаҳри Душанбе рӯзи 18 март супориданд.
Ба андешаи ҳуқуқшиносон, қарори суд беасос ва ғайриқонунӣ аст. «Аз суд хоҳиш мекунем, ки қарори мазкур тағйир дода шавад. Қазия барои баррасии такрорӣ ба истеҳсолоти коллегияи судӣ оид ба қазияҳои шаҳрвандии Душанбе супорида шавад», — қайд шудааст дар санад.
Хотиррасон мекунем, ки рӯзи 25 феврал суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз рӯи қазияи «зиёиён зидди «Азия-Плюс» қарор қабул кард, ки тибқи он идораи рӯзнома ва муҳаррири он О.Тутубалина ӯҳдадор карда шудаанд, ки раддия ба табъ расонанд ва ба ҳисоби се нафар шахсони воқеӣ (Д.Абдиева, А.Раҷабов ва Ҳ.Раҳматов).), ки ба ҳайси даъвогар баромад карда буданд, 30 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт кунанд.
Манбаъ: http://nansmit.tj/aziya-plyus-podala-kassatsionnuyu-zhalobu-dopolneno/
Март, 1
Намояндаи САҲА оид ба масъалаҳои озодии воситаҳои ахбори омма Дуня Миятович дар алоқамандӣ бо қарори суди дар Тоҷикистон аз рӯи қазияи «Зиёиён зидди журналист Олга Тутубалина»қабулшуда изҳори таассуф кард.
Ҳангоми суханрониаш дар конфронси байналмилалӣ оид ба озодии ВАО дар шаҳри Ню-Йорк, вай изҳор дошт, ки рӯзи 25 феврал дар бораи ба се нафар шахси воқеӣ, ки тибқи андешаашон онҳо баъд аз чопи мақолаи «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» зарари маънавӣ ва моддӣ дидаанд, ҳарчанд номи онҳо дар мақола қайд нашудааст, пардохт намудани 4,5 ҳазор евро қарор қабул гардид.
«Онҳое, ки даъвои ҷуброни маънавӣ намудаанд, номбар нашудаанд, бо вуҷуди он, дар ҷамъбаст онҳо оид ба ҷуброни зарари маънавӣ даъво карданд. Ҷомеаи демократӣ бояд бидуни ҷазои молиявӣ баҳсҳои оммавӣ барпо кунад», — қайд намуд Миятович.
Манбаъ: http://news.tj/ru/news/obse-obratilo-vnimanie-na-sudebnoe-reshenie-v-otnoshenii-aziya-plyus
Март, 1
Намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз қарори суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки дар муқобили рӯзномаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он қабул шудааст, изҳори ташвиш карда, онро монеаи риояи озодии ВАО дар мамлакат номидааст.
Намояндагии Иттиҳоди Аврупо роҳбарияти расмии Тоҷикистонро даъват кардааст, ки озодии суханро мутобиқи ӯҳдадориҳои байналмилии қабулкардааш риоя намояд ва онро дастгирӣ кунад.
Намояндагии Иттиҳоди Аврупо инчунин бо мақсади дастгирии озодии воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон омодагиашро барои ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон арз намудааст.
Март, 1
Шӯрои ВАО Тоҷикистон, Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон, Медиа-Алянси Тоҷикистон, созмони ҷамъиятии «Хома» оид ба қарори рӯзи 25 феврал қабулнамудаи суд аз рӯи қазияи «зиёиён зидди «Азия-Плюс»» изҳори ташвиш намуданд.
Март, 5
Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз болои Кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон ва кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, инчунин як қатор шабакаҳои давлатии телевизион дар бораи нақзи ҳуқуқҳои аъзои ҳизб аризаи даъвогӣ пешниҳод намуд. Мавзӯи даъво хабари таъҷилии Кумитаи амнияти давлатӣ дар бораи Маҳмадулло Холов дар барномаи «Ахбор» «Шабакаи аввал» ва «Навид» ТВ «Сафина» пахшшуда мебошад. Наттоқони сужети телевизионӣ хабар додаанд, ки М.Холов ба гуноҳи таҷовуз ба номуси духтарандааш айбдор гумонбар шуда, инчунин арз намудаанд, ки аз соли 1991 вай узви Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон аст. ҲНИТ дар навбати худ изҳор доштааст, ки вай узви ҳизб нест, билети ҳизбиаш таҳти №016473 дар асл ба сокини шаҳраки Чоркӯҳи ноҳияи Исфара Азиза Солиева тааллуқ дорад.
Арзёбии вазъи воқеии ВАО ва озодии сухан
Март, 18
Роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), депутати палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ оид ба масъалаи зиёд шудани ҳамла аз тариқи як идда ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳизбе, ки вай роҳбараш аст, изҳорот пахш намуд.
Дар изҳороти роҳбари ҲНИТ омадааст, ки маъракаи васеъ ва муташаккили тарғиботӣ зидди ҳизбе, ки вай роҳбараш аст, бо мақсади дар байни ҷомеа барангехтани рӯҳияи бадбинӣ ва нобоварӣ ба роҳ андохта шудааст. Ба андешаи Кабирӣ, вақти ҳуҷумҳо ба ҲНИТ тасодуфӣ интихоб нашудааст. «Дар пешорӯи солгарди навбатии сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон, воқеаҳои дар Украина баамаломада, дар оғози соли оянда барпо шудани маъракаи интихоботи парламент ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон ташкилкунандагони ҳуҷумҳо на танҳо ҲНИТ-ро шарманда карданианд, инчунин дар ҷомеа тухми парокандагӣ ва нобоварӣ коштанианд», — қайд шудааст дар изҳороти Кабирӣ.
Манбаъ: http://news.tj/ru/node/185484
Март, 11
Бидуни ҳамкорӣ бо ВАО ягон ҳукумат, ягон сиёсатмадор, ягон қувваи сиёсӣ ба мақсадҳояш расида наметавонанд, изҳор намуд дар ин бора раиси палатаи поёнии парламони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷараёни вохӯрӣ бо намояндагони ВАО.
«Парламони касбии мамлакат дар фаъолияти ҳаррӯзааш зуд-зуд маводи эҷоднамудаи журналистони тоҷикро истифода мекунад ва ман дилпурона гуфта метавонам, ки озодии сухан яке аз муҳимтарин дастовардҳои Тоҷикистони мутсақил аст», — қайд намуд Зуҳуров.
Раиси палатаи поёнии парлумон инчунин қайд кард, ки «воқеаҳои ҷудогонаи ба судҳо бо аризаҳои даъвогӣ аз болои намояндагони матбуот муроҷиат кардани баъзе мансабдорон чунин маъно надорад, ки ҳукумати Тоҷикистон зидди озодии сухан аст ва ҷомеаи демократиро дастгирӣ намекунад».
Март, 11
Дар муҳити интернетии Тоҷикистон сомонаи нави иттилоотии Ормон.tj ба фаъолият оғоз кард. Сомона маҳз ҳамин рӯз, ба шарафи Рӯзи матбуоти тоҷик ифтитоҳ шудааст. Забони сомонаи Ормон.tj тоҷиқӣ аст. Дар он, тибқи суханони муҳаррираш, хонандагон метавонанд бештар маводи мултимедӣ бинанд. Сомона аз тарафи созмони ҷамъиятии «Ормон» таъсис дода шудааст.
Манбаъ: http://news.tj/ru/news/v-internete-nachal-funktsionirovat-novyi-informatsionnyi-tadzhikskii-sait
Март, 12
Дар рӯзи Байналмилалии мубориза бар зидди сензура дар Интернет Ҳисоботи «Душманони интернет дар соли 2014» ба табъ расид, ки онро Созмони ҳифзи озодии матбуот «Хабарнигорони бидуни марз» мураттаб сохтааст. Тибқи ҳисоботи мазкур, Тоҷикистон чун дар соли 2013 имсол ҳам дар рӯихати кишварҳои душмани интернет боқӣ мондааст.
Тибқи ҳисоботи созмони байналмилалӣ, дар ин рӯихат Россия, Туркманистон, Ирон, Беларус ва Узбекистон низ дар қатори душманони интернет номбар шудаанд.
Ҳуҷҷати мазкур, ки дар заминаи тадқиқотҳои мутахассисони созмони Хабаргузорони бидуни марз ва бюрои Расонаҳои нав таҳия шудааст, асрори муассисаҳоеро фош намудааст, ки онҳо дар баъзе кишварҳо таъқиботи интернетиро ба роҳ андохта, ба озодии иттилооти воситаҳои нави техникӣ монеа эҷод мекунанд.
Манбаъ: http://news.tj/ru/news/tadzhikistan-vnov-ne-vnesli-v-spisok-vragov-interneta
Март, 13
Мақомоти минтақавии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорони минтақавии ватанӣ бе розигии дафтари марказии кумита дар дастрас намудани ҳар гуна хабар саркашӣ мекунанд.
Тавре ба мониторинг як қатор журналистон хабар доданд, кӯшиши онҳо барои дастрас намудани ахбор дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб оид ба дастрас намудани ҳисобот дар бораи ин ё он моҳ пурра ноком гаштаанд. Тибқи суханони манбаъ, дар ҳамаи маҳалҳо ба мактуби Кумитаи андоз дар бораи махфӣ будани ҳар гуна хабар истинод меоваранд. Шаккоктарин хабарнигорон – пункти хабарнигорони ТВ «Сафина» пас аз гуфтушунид бо роҳбари хадамоти минтақавӣ бо роҳбарияташ тавонистаанд дар бораи ҷамъоварии андозҳо дар 2 моҳ ахбор ба даст оранд.
Бояд зикр кард, ки чунин мактуб дар бораи манъ кардани пешниҳоди ахбор, тавре журналистон мегӯянд, муассисаҳои тобеъи холдинги «Барқи тоҷик», Бонки Миллии Тоҷикистон низ дастрас намудаанд.
Март, 13
Рӯзномаҳои ноҳиявии Тоҷикистон бӯҳрони шадидро аз сар мегузаронанд, агар муносибат ба онҳо иваз карда нашавад, ҳатто дастгирии давлатӣ ҳам барои рушди минбаъдаи онҳо кӯмак намерасонад.
Солҳои 30 асри гузашта дар Иттиҳоди Шӯравӣ барномаи давлатии таъсис додани рӯзномаҳои ноҳиявӣ тибқи принсипи «ба ҳар ноҳия – рӯзномаи худаш» амалӣ гардида буд. Ҳамин анъана – агар ноҳия вуҷуд дошта бошад, пас он бояд рӯзнома ҳам дошта бошад, бо вуҷуди зараровар будани рӯзномаи ноҳиявӣ то имрӯз идома дорад. Коршиносон маслиҳат медиҳанд, ки аз баҳри принсипи «ба ҳар ноҳия – рӯзномаи худаш» гузаранд.
Манбаъ: http://news.tj/ru/news/raionnye-gazety-v-tadzhikistane-perezhivayut-glubokii-krizis
Март, 18
Сомонаи ТВ «Мавҷи озод» дубора ба кор оғоз кард. Сомонаи www.mavji-ozod.tj як навъ сомонаи ягона дар муҳити иттилоотӣ-иҷтимоии ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон аст.
Сомона соли 2012 таъсис ёфта, бо сабаби камбуди воситаҳои техникӣ ва мутахассисон муваққатан фаъол набуд.
Манбаъ: http://nansmit.tj/sayt-tv-mavchi-ozod-snova-zarabotal/
Март, 18
Гузариш ба пахши рақамӣ бояд ба озодии баён мусоидат намояд. Ҳуқуқи мазкурро моддаи 30 Конститутсияи Тоҷикистон ва дигар санадҳои байналмиалии ҳуқуқӣ кафолат додаанд. Гузариш ба пахши рақамӣ ба маҳдуд гаштани озодии баён бояд халал нарасонад, гуфтааст профессор Хуан Барата, сармушовири намояндагии САҲА оид ба озодии ВАО дар конфронси байналмилалии «Хизматрасонии телекоммуникатсионӣ, мавҷ ва ӯҳдадориҳои Тоҷикистон баъд аз пайвастан ба Созмони ҷаҳонии савдо» рӯзи 18 март дар ш. Душанбе. Ба андешаи вай, озодии баён ҳуқуқи истифодабарии ҳар гуна воситаҳои техникии коммуникатсионӣ барои паҳн кардани идеяҳо, андешаҳо ва иттилоотро дар бар мегирад. «Дар соҳаи пахши мавҷ ин ҳуқуқ бо сабабҳои техникӣ, инчунин барои ҳифзи арзишҳои ва принсипҳои дигар (гуногунандешӣ, саҳеҳӣ, истифодабарандагон, наврасон…) метавонад мавзӯи танзимсозии вижа бошад, — қайд карда профессор Барата.
Манбаъ: Хадамоти мониторинги АМВАОМТ
Март, 18
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Назриев Саидраҳмон дар конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Хизматрасонии телекоммуникатсионӣ, пахши мавҷ ва ӯҳдадориҳои Тоҷикистон баъд аз пайвастан ба Созмони ҷаҳонии савдо» қайд намуд, ки телекоммуникатсияҳо звенои муҳими иқтисоди Тоҷикистон мебошанд. Ба андешаи вай, дар Тоҷикистон тибқи ӯҳдадориҳои базиммагирифтааш ҳангоми пайвастан ба СҶС, «ба хизматрасонӣ дар соҳаи телекоммуникатсияҳо маҳдудият муқаррар нагаштааст».
Ғафур Эркаев, раиси Анҷумани провайдерони хизматрасонии мобилӣ, ба Назриев бо саволи зерин муроҷиат кард: Шумо хабари ба наздикӣ паҳнгашта дар бораи танзимгари алоқа – Хадамоти алоқаи назди Президенти ҶТ, ки муассисаҳои давлатиро барои истифодабарӣ аз хизматҳои телекоммуникатсионии ширкатҳои хусусӣ манъ кардро чӣ гуна шарҳ медиҳед. Вай ҳангоми чунин амр ба иҷрои қонунҳо ва нақшаҳои давлатӣ оид ба ҷорӣ намудани ИТ дар муассисаҳои давлатӣ ишора кардааст, ки тибқи онҳл, гӯё танҳо «Тоҷиктелеком» ҳуқуқи пешниҳод намудани чунин хозматҳоро доштааст?Муовини вазир танҳо ба ҷавоб додан ба савол маҳдуд нашуда, дар бораи ташаккул додани танзимгари нави соҳа ҳам чанд сухан гуфтааст. «Мо ҳангоми ворид шудан ба СҶС ба зиммаи худ ӯҳдадориҳои муайян гирифтем. Вале мо дар марҳилаи гузариш қарор дорем ва яку якбора ба системаи нав гузашта наметавонем. Мо барномаи вижа оид ба мутобиқгардонии иқтисоди мамлакат барои ворид шудан ба СҶС дорем, ки он бо вазоратҳо ва саридораҳо мувофиқа гардонда шудааст, ки он рӯзҳои наздик ба ҳукумат пешниҳод мегардад. Дар барномаи мазкур аз он ҷумла таъсис додани танзимгари нав пешбинӣ гаштааст. Вале пароканда кардани яке ва созмон додани дигар вақти муайян талаб мекунад».
Асомуддин Атоев, раиси Анҷумани интернет-провайдерон хабар дод, ки онҳо низ оид ба масъалаи «манъ кардан»-и Хадамоти алоқа ба мақомоти гуногун мактуб ирсол намудаанд. «Мо ҳарчанд ҳанӯз аз дастгоҳи президент ҷавоби расмӣ дастрас накардаем, вале ба мо хабар доданд, ки чунин талаботи Хадамоти алоқа ба қонунгузории зиддиинҳисории ҶТ ва ӯҳдадориҳои ҶТ дар назди СҶС ба зиммагирифта хилоф аст».
Манбаъ:http://catoday.org/centrasia/tjru/13539-minekonomrazvitiya-rasformiruet-regulyatora-svyazi-v-rt.html
Март, 20
Мушкилоти асосии Тоҷикистон дар соҳаи телекоммуникатсияҳо дар мавҷуд набудани танзимгари мустақил дар бозори мазкур мебошад, андеша дорад раиси Анҷумани интернет провайдерҳои Тоҷикистон Асомуддин Атоев.
«Танзигари мавҷудаи соҳаи алоқа (Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ) дар айни замон яке аз ширкатҳое (ҶСК «Тоҷиктелеком») аст, ки ба муносибатҳои бозорӣ таъсир мерасонад. Ҳамаи масъалаҳои дигари соҳаи телекоммуникатсионӣ маҳз дар заминаи ҳамин масъала ба амал меоянд», — гуфт ба «АП» А.Атоев.
Манбаъ: http://news.tj/ru/news/v-tadzhikistane-poyavitsya-nezavisimyi-regulyator-v-oblasti-telekommunikatsii
Март, 27
Муовини сардори Ситоди генералии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Тоҳир Хайруллоев дар ҷараёни конфаронс дар мавзӯи «Масъалаҳои бехатарии мамлакатҳои Осиёю Аврупо дар шароити сохтори нави ҷаҳонӣ», ки рӯзи 27 март дар шаҳри Душанбе барпо гардид, қайд намуд, ки «Ҷангҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба амнияти мамлакатҳои узви Созмони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) хатар доранд». Тавре ӯ гуфт, ҷанги иттилоотӣ мудом идома дошт ва ба технологияҳои худ давлатҳоро ҷалб намуда, ба омма бо кӯмаки шабакаҳои иҷтимоӣ таъсир мерасонад. Ба андешаи Хайруллоев, давлатҳои узви Созмони амнияти дастаҷамъӣ пешбинӣ намудани тадбирҳо барои муқобили терроризми иттилоотию равонӣ зарур аст.
Манбаъ: http://rus.ozodi.org/content/article/25311441.html
«Иттилооти мазкур дар чорчӯбаи лоиҳаи муштараки Артикл-19, ХБҲОС «Адил соз», АМВАОМТ ва Пажӯҳишгоҳи Медиа Полиси «Ҳимояи ҳуқуқи озодии баён дар ОМ» бо дастгирии молиявии ВКХ Норвегия» ба табъ расид.
Мутарҷим ва муҳаррири матни тоҷикӣ Абдуфаттоҳ Воҳидов