Хуршеди Ҳамдам, раҳбари дафтари радиои Озодӣ дар Душанбе мегӯяд, 2 рӯз боз дастрасӣ ба сомонаи радиояшон дар Тоҷикистон маҳдуд аст.
Хуршеди Ҳамдам имрӯз, 24-уми феврал дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, тариқи бисёре аз ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Тоҷикистон аз ҷумла “Билайн”, “Сатурн онлайн”, “Тоҷнет”, “Вавилон” ва дигарон сомонаи “Ozodi.org” ва «Ozodi.tj» дастнорас шудааст.
Ӯ афзуд, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба муроҷиаташон дар мавриди омилҳои маҳдуд гардидани дастрасӣ ба сомонаи “Озодӣ” ҷавоби мушаххас надод: “Аз ин ниҳод гуфтанд, мо мебинем ва баррасӣ мекунем.”
Хуршеди Ҳамдам аз қавли бархе аз соҳибназарон, яке аз фарзияҳои маҳдуд шудани дастрасӣ ба “Озодӣ”-ро, пайгирии ҳаводиси Украина гуфт, ки тариқи пахши мустақим дар сомона инъикос мегардид. “Мо ягон чизи зиёд нанавиштаем, танҳо рисолати журналистиамонро иҷро кардаем. ”-таъкид намуд Хуршеди Ҳамдам.
Масъулини “Озодӣ” мегӯянд, бори аввал нест, ки дастрасӣ ба сомонаашон маҳдуд мешавад: “Дар аввали моҳи гузашта низ сомонаи «Озодӣ» маҳдуд шуда буд ва мақомот онро ба корҳои профилактикӣ ва сабабҳои техникӣ рабт дода буданд.”
http://www.ozodagon.com/15022-avodisi-ukraina-ozod-ro-dar-toikiston-dastnoras-kard.html