Ҳаштсолагии «Фараж» ва «Нигоҳ», 1000-умин шумораи «ИмрӯзNews»

Давоми ҳафтаи охир матбуоти муосири тоҷик 8-солагии ду рӯзномаи мустақили сиёсӣ-ҷамъиятӣ ва нашри 1000-умин шумораи рӯзномаи нахустини Тоҷикистон «ИмрӯзNews»-ро таҷлил кард.

Ҳафтаномаи Нигоҳ 14-уми декабри соли 2006 таъсис ёфта, 14-уми декабри соли 2014 аз таъсиси он 8 сол пур шуд.

Ҳафтаномаи Фараж 22-юми декабри соли 2006 таъсис ёфта, 8-солагии худро 22-юми декабри соли 2014 таҷлил кард.

Дар таърихи 23-юми декабри соли 2014 бошад, шумораи 1000-уми «ИмрӯзNews» рӯи чоп омад. Ин рӯзнома, ки нахустин шуморааш 30-юми августи соли 2010 ба чоп расида буд, ҳар ҳафта 5 бор – аз рӯзи душанбе то ҷумъа нашр шуда, масоили гуногун аз иқтисоду сиёсат то фарҳангу иҷтимоиётро фаро мегирад.

Дар шумораи 1000-умини «ИмрӯзNews» коршиносон ва хонандагон ин нашрияро таърихӣ унвон карда, мавҷудияту пойдории онро муҳим хонданд.

Ҳайати эҷодии Faraj.tj ҳамаи соҳибҷашнҳоро табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳо орзуманданд.

http://faraj.tj/news/7559-1202ashtsolagii-farazh-va-nigo1203-1000-umin-shumorai-imr1263znews.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *