Ҳамоиши Матбуоти тоҷик ва Ваҳдати миллӣ дар Китобхонаи миллӣ

Субҳи имрӯз, 22 — уми июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз пажуҳишгарон, коршиносон ва рӯзноманигрон ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Нақши матбуоти тоҷик дар тарғиби арзишҳои Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид.   

Директори Китобхона, профессор Сайфиддин Назарзода дар сухани ифтитоҳии худ аз моҳият ва унсурҳои сулҳофаринӣ ҳарф зад ва гуфт, ки ин нуздаҳ соли баҳамомадан, нуздаҳ соли эҳёи миллӣ, нуздаҳ соли худсозӣ ва худшиносиву худогоҳӣ буд, ки мо ба сулҳу субот, оромӣ ва рушди устувори ҷомеа ва давлати навини худамон ноил гардидем.

Профессор Назарзода  ин дастовардҳоро ҷовидона номид ва таъкид кард, ки он  дар саҳифаҳои таърихи даврони ҷадиди кишвари мо бо ҳарфҳои заррин сабт мегарданд, ки дар пешгоҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат меистанд.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳи Исмоил дар мавзуъи «Нақши матбуоти тоҷик дар тарғиби арзишҳои Ваҳдати миллӣ» суханронӣ намуд ва ба ҳозирин аз талошу ҷоннисориҳои қаламбадастони тоҷик дар даврони сарнавиштсоз ва даврони гузариши таърихии миллат, ки кишвар дар бунбасти сиёсӣ қарор дошт, ибрози назар намуд. Сарвари журналистони кишвар нақши матбуоти тоҷикро дар раванди иҷтимоикунонии Ваҳдати миллӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Дар ҳамоиш профессор Мурод Муродӣ дар мавзўи «Ҷумҳурият» ва масъалаҳои ваҳдати миллӣ», Маъруфи Абдуҷаббор-корманди Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи Матбуоти электронӣ ва рушди афкори ҷамъиятӣ, Хуршеди Атовулло, муассис ва сардабири ҳафтаномаи «Фараж» оид ба Матбуоти тоҷик дар давраи гузариш, Носирҷон Маъмурзода-муовини сардабири рўзномаи Хатлон дар мавзўи Тараннуми сулҳу ваҳдати миллӣ дар нашрияҳои музофотии Тоҷикистон», Маҳмудҷон Усмонов-Котиби масъули ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар мавзўи Ҷавонони Тоҷикистон- тарғибгари Ваҳдати миллӣ дар миёни ҷавонон суханронӣ намуда, аз кори рӯзноманигрон ва фаъолияти нашрияҳои кишвар дар раванди сулҳу суботи мамлакат тавсиф намуданд.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/khamoishi-matbuoti-tochik-va-vakhdati-milli-dar-kitobhonai-milli

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *