Сухангӯйи Идораи гумруки Тоҷикистон аз бемористони марказии шаҳри Душанбе ба бемористони вижаи Вазорати умури дохилии ин кишвар мунтақил шуд.
Шоми дирӯз, 27-уми феврал, афроди номаълум ба Абдураҳими Умариён дар наздикии хонааш ҳамла карда ва ӯро лату кӯб кардаанд.
Дар ин бора манобеъи Идораи гумруки Тоҷикистон хабар доданд.
Субҳи рӯзи панҷшанбе Абдураҳими Умариён дар суҳбат бо хабарнигори родиюи «Озодӣ» гуфтааст, ки ӯ дар натиҷаи лату кӯб аз ҳуш рафтааст, ӯро дертар кормандони вазорати корҳои дохилӣ, ба бемористони Қарияи Боло мунтақил кардаанд.
Дар ҳоли ҳозир хабарнигорон иҷозаи дидор бо оқои Умариёнро надоранд.
Манобеъи Идораи гумруки Тоҷикистон мегӯянд, ки пизишкон вазъи саломати оқои Умариёнро муътадил арзёбӣ мекунанд.
Нурулло Шарипов, муъовини оқои Умариён, ба Би-би-сӣ гуфт, ки вай аз ноҳияи сар зарбаи сахт хӯрдааст, ки мӯҷиби осебдидагии мағзӣ шудааст.
Ӯ гуфт: «Маълум аст, ки пас аз лат хӯрдани сар одам худро хуб эҳсос намекунад. Ман ӯро батозагӣ бори дигар дидам, ӯ дилбеҳузурӣ дорад ва ҳодисаеро , ки бо ӯ иттифоқ уфтод, бахубӣ дар ёд надорад.»
Он чи оқои Умариён ба ёд дорад, ин будааст, ки ба ӯ гурӯҳе иборат аз чаҳор нафар ҳамла кардаанд ва ӯ беҳуш шудааст.
Манобеъи пулис мегӯянд, ки ин афрод аз Абдураҳими Умариён чизе надуздидаанд.
Абдураҳими Умариён, ки қаблан муддате ба унвони хабарнигори родиюи «Озодӣ» фаъъолият кардааст, тайи беш аз як соли ахир дар дафтари матбӯъотии Идораи гумруки Тоҷикистон кор мекард.
Вай ҳудуди шаш моҳ пеш раиси дафтари матбӯъотии ин ниҳод таъйин шуда буд.
Ба ҷуз аз ироаи иттилоъот ва гузоришҳо барои хабарнигорон дар бораи фаъъолияти Идораи гумрук оқои Умариён ҳамчунин барои телевизиюни давлатии Тоҷикистон гузоришҳое дар бораи фаъъолияти кормандони идораи гумрук таҳия мекард.
Сухангӯйи Идораи гумруки Тоҷикистон қаблан дар суҳбате хусусӣ бо хабарнигорони Би-би-сӣ гуфта буд гузоришҳое, ки ӯ барои телевизиюн дар бораи ифшосозӣ ва ҷилавгирӣ аз қочоқи амволи мухталиф таҳия мекунад, афродеро нороҳат кардааст.
Вай гуфта буд, ки ин афрод ба хотири яке аз гузоришҳое, ки ӯ барои телевизиюн таҳия карда буд, ӯро таҳдид кардаанд.
Нурулло Шарипов, муъовини сухангӯйи Идораи гумруки Тоҷикистон, дар бораи мавзӯъоте, ки оқои Умариён дар гузоришҳои телевизиюнияш пӯшиш медод, гуфт: «Вай гузоришҳое дар бораи кори идораи гумрук, дар бораи қонуншиканиҳо, ҷилавгирӣ аз қочоқи мавод таҳия мукнад.»
Вай афзуд, ки сабаби ҳамла ба оқои Умариён пас аз таҳқиқи ин ҳодиса муъайян хоҳад шуд.
Пулис мегӯяд, ки дар робита бо ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар ҳамин ҳол, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон бо ишора ба ҳодисаи ҳамла ба Абдураҳими Умариён бори дигар аз ҳамаи рӯзноманигорон даъват кард, ки дар сурати таҳдид алайҳи онҳо ва ё ҳама гуна нақзи ҳуқуқашон ба ҳангоми фаъъолияти ҳирфаӣ ба ин анҷуман ва ё сохторҳои зидахли дигар шикоят бубаранд.
Нуриддин Қаршибоев мегӯяд: «Ҳоло маълум нест, ки ҳамла ба оқои Умариён ба хотири фаъъолияти рӯзноманигорияш сурат гирифта ё хайр. Мо ин мавзӯъро пайгирӣ хоҳем кард. Аммо ин ҳодиса, дар ҳар сурат, боъиси нигаронист, зеро давлат бояд амнияти ҳар шаҳрвандро, на танҳо мақоми давлатӣ ва ё хабарнигоронро, таъмин кунад.»
http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/02/130228_sq_gang_crime_customs.shtml