Шариф Ҳамдампур, мудири генералии ҶДММ «Оила» зимни як ҳамоиш изҳор дошт, ки матбуоти интернетӣ ҷойи матбуоти чопиро мегирад.
Номбурда дар Конфенсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Матбуоти даврӣ ва журналистикаи чандрасонаӣ: мушкилот ва дурнамо», ки рӯзи 5-уми декабр дар ДМТ доир гашт, ширкат варзида, аз нестшавии матбуоти чопӣ изҳори нигаронӣ кард.
— Матбуоти чопи бо журналистикаи чандрасонаӣ дар зиддият қарор доранд. Яке ба боло равӣ,дигаре ба нестшавӣ рафта истодаанд,-афзуд ҷаноби Ҳамдампур.
Ҳамчунин ӯ қайд намуд, зимни бозпурсӣ аз 800 нафар 56% одамон рӯзнома намехонанд.Ба гуфтаи ӯ он 28 фисади одамони бозпурсӣ шуда рӯзнома мехондаанд, ки онҳо ҳам синни аз 35 болоро доштаанд.
Ҳамзамон дар конфронс профессор Муродов М. мудири кафедраи матбуоти факултети журналистика доир ба системаи нави дарси суханрони намуда, қайд кард,ки омӯзгорон дар гузаронидани дарсҳои амали таҷриба надоранд: «Ба мо лозим аст,ки бо мутахасисони соҳа ҳамкории бештар намоем».
Дар Конфренсия устодони ДМТ, намояндагон аз пажуҳишгоҳи фарҳанг, раиси академияи ВАОТ Зинатуллоҳ Исмоилзода, декани факултети журналистика Ҳайдаров Фаррух, профессор Ҷовид Муқим, сармуҳарири маҷаллаи Помир Ҷумъа Қуддус ҳузур доштанд.
http://faraj.tj/news/11655-1202amdampur-internet-1207oyi-matbuotro-megirad.html