Ҳафтаномаи “Ҳақиқати Ҷиликул” ба кормандони ҷавон ниёз дорард, вале ҷавонон кор намекунанд

Кормандони ҳафтаномаи ноҳиявии “Ҳақиқати Ҷиликул”, ноњияи Ҷиликул дар ҷануби Тоҷикистон мегӯянд, ки ба хабарнигорони ҷавон ва боистеъдод, ки тавонанд бо диди нав хабару гузориш пешниҳод кунанд, ниёз дорад, аммо ҷавонон барои ҳамкорӣ чандон моил нестанд.

Сайидаҳмад Ҳасанов, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Ҳақиқати Ҷиликул” дар як мулоқоти корӣ бо кормандони Анчумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон рӯзи даҳуми 10 октябр аз камтаваҷҷуҳии хатмкардаҳои бахши рӯзноманигорӣ нигаронӣ кард. Ҳасанов гуфт, ки дар соли ҷорӣ ду нафар баъди хатми донишгоҳи миллӣ ба идораи ҳафтанома омада, вале баъд аз гузаштани чанд муддат роҳ ба сӯи муҳоҷират пеш гирифтаанд.

Ҳоло дар ҳафтаномаи “Ҳақиқати Ҷиликул” ҳафт нафар корманди эҷодӣ ва техникӣ фаъолият мекунанд, вале бо вуҷуди он ба кормандони ҷавон ниёз доранд, ки баъди ба нафақа баромадани хабарнигорон кори ин ҳафтаномаро пеш баранд.

Ҳафтаномаи мазкур бештар хабару гузоришҳои кишоварзӣ, бахши маориф ва илмро мунташир карда, теъдоди нашраш 700 нусха аст ва дар назар аст, ки соли 2015 теъдодашро ба 1000 адад расонад.

Хабарникори хадамоти мониторинги АМВАОМТ. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *