Одат шудааст, ки ТВ-и кишвар дар арафаи ҳар иду ҷашн намоишҳои гуногунро вобаста ба ҳамон сана пешкаши мардум мегардонад. Хусусан, дар арафаи ҷашнҳои «Истиқлолият», «Ваҳдати миллӣ», «Наврӯз»…
Бештар аз ҳама, ҳангоми таҷлили «Ваҳдати миллӣ», филмҳои мустанаде, ки бевосита ба воқеаҳои хунини солҳои ҷанги дохилӣ рабт мегирад, пешкаши мардум мегардад. Наворҳое, ки ба намоиш гузошта мешаванд, лаҳзаҳои гуногуни воқеаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандиро дар бар мегиранд. Аммо ба назари коршиносон пахши бардавоми ин гуна филмҳо пас аз 17 соли хунрезиҳо метавонад ба рӯҳияи мардуми бе ин ҳам «мушавваш», хусусан насли ҷавон, ки аз ҳақиқати он солҳо воқиф нестанд, таъсири ҷиддӣ расонад.
Чанде пеш дар як филми мустанад, ки тариқи шабакаи аввали Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда буд, баъзе аз лаҳзаҳои имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон дар он зикр гардид. Хусусан, аз хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон барои ба миён омадани субот ёдоварӣ ва аз ӯ ҳамчун ҷонибдори қотеи Ваҳдати миллӣ ном бурда шуд. Инчунин, порчаҳо аз суханрониҳои Президент оварда шудаанд, ки аз ҷумла ӯ зимни як баромади худ ҷонибҳои даргирро барои бахшиши якдигар даъват карда, таъкид мекунад, хунро бо хун шуста намешавад.
“Фақат мард метавонад, гуноҳи якдигарро бахшад. Ҳоло марҳилае мебошад, ки сутуни давлатдории тозаистиқлоли Тоҷикистонро мустаҳкам кунем. Миллат нест мешаваду давлат порча — порча мешавад. Мақсади мо ин аст, ки бибахшему гузашт кунем, хунро бо хун нашустаанд”, -гуфтааст бо даъват аз ҷониби мухолиф Эмомалӣ Раҳмон.
Ин нукта за нигоҳи коршиносон гуногун шарҳ меёбад. Ба назари бархе намоиши наворҳои вобаста ба воқеоти ҷанги шаҳвандӣ «тоза кардани ғубори оинаи тоҷик» аст, яъне диди насли наврас нисбати онҳое, ки дар ин созишнома саҳми арзанда доранд, дигар мешавад. Яъне, дар инъикоси масоили вобаста ба афкори миллӣ онҳо чун ворисони миллат муаррифӣ мегарданд. Ба ибораи дигар, насли калонсон, ки худ шоҳиди бевоситаи ин даргириҳо буданд, метавонад то андозае аз ин намоишҳо ҳақиқати худро пайдо кунанд, аммо эҳтимол насли ҷавон, ки барои ба даст овардани ҳақиқат танҳо ба ин гуна филму китобҳо такя мекунанд ба «баҳогузории якҷониба» -и ин ҳама эрод гиранд.
Бархеи дигар бар он назаранд, ки такрори намоиши воқеаҳои «солҳои хунин» то андозае руҳияи мардумро мекоҳонад. Аз тарафи дигар, дар ҳоле, ки 2 миилион шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷират аст, таҷлили иддае бо номи «Ваҳдати миллӣ», ки маънии ягонагӣ ва сарҷамъии миллатро дорад то куҷо метавонад бархӯрдӣ дарди миллати тоҷик бошад?
Собиқ вазири фарҳанги кишвар Нур Табаров бар он назар аст, ки дар ҳама замон ҳақиқат нисбист, хусусан агар сухан сари ҳаводиси солҳо 1990 равад.
— Ҳама гуна баҳогузорӣ ба адолат ва ҳақиқати таърихӣ нисбӣ сурат мегирад. Агар ду қуваи дар як самт фаъолият мекардаро пурсед, ҳарду ҳам ҳақиқати худро дорад. Ҳодисаҳои солҳои 1990 низ ба ҳар тарз инъикос меёбад ва ҳар кас дар ин ҷода ҳақиқати худро пайдо мекунад. Вақте қувваҳо зидди ҳаманд ҳақиқат метавонад таҳриф шавад. Мегӯянд, ки хотираи мардум гоҳо парешон мешавад. Маҳз ҳамин ҳангом мардум метавонад ҳақиқати таърихии худро фаромӯш кунад. Таърих ба ҳар ҳол сабақи талх аст, -мегӯяд Нур Табаров.
Ба назари Нур Табаров дар ҳама ҳолат мардум, хусусан насли ҷавон дониши хоси таърихӣ дошта бошанд, то ҳангоми тамошои чунин филмҳои мустанад ба андеша нараванд. «Бояд насли ҷавон таърихӣ миллати худро аз замони Сомониён оғоз карда то ҳоло донад. Зеро дар инъикоси ин гуна наворҳо ҳақиқат гуногун шарҳ меёбад. Чӣ гуна инъикос ёфтани ин ҳама дар телевизион ба виҷдони онҳое вобастагӣ дорад, ки ин ҳамаро ташкил мекунанд. Дар асл пахши наворҳои вобаста ба ҳаводиси солҳои 1990 бояд объективӣ бошад. Аммо ба ҳар ҳол инъикоси ин ҳама аз манфиат холӣ нест»,- иброз намуд ӯ.
Нур Табаров, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ вазифаи вазири фарҳанги кишварро бар дӯш дошт, оид ба инъикоси рӯёдодҳо дар он замон чунин иброз намуд, ки аслан фаъолияти телевизионҳои солҳои 1990 гуногунранг буд, вобаста ба мавқеи роҳбар воқеаҳоро инъикос мекард. «Солҳои 90 телевизион бозичаи дасти ҳокимияти ҳамонвақта буд. Имрӯз аз як тарф рӯзи дигар аз ҷониби дигар пуштибонӣ мекард. Ин пеш аз ҳама аз вазъияти тезу тунди ҳамон рӯзҳо шаҳодат медод. Ин тақозои ҳамон замон буд. Онҳо ҳам барои ба амал овардани гуфтаи каси дигар маҷбур буданд»,- изҳор нумуд ӯ.
Аммо дар ҳамин ҳол профессор Иброҳим Усмонов, ки дар аввали солҳои 1990 корманди Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон буд, мегӯяд, ки телевизиони солҳои 1993-1994 дурӯғеро ба мардум пешниҳод накардааст: «Ман дар авали солҳои 1990, аниқтараш солҳои 1993-1994 корманди радио ва телевизиони Тоҷикистон будам ва дар ҳамон шабу рӯз ба саволи рӯзноманигори радиои Бӣ-Бӣ-Сӣ дар хусуси он ки «оё ман пас аз он ки дар идораи ҳукумат фаъолиятро шурӯъ кардам, мисоли пештара мавқеи бетарафӣ ва демократии худро нигоҳ дошта метавонам ё не?» ҷавоб дода будам, ки ман дар ин ҷо ҳам журналист ва ҳам муаллим ҳастам. Ман кӯшиш мекунам, ки ҳатто ба донишҷӯён дурӯғ нагӯям, зеро исбот ва рупӯш кардани он мушкил аст. Дар телевизионе, ки ман кор кардам, ҳамон ҳақиқате инъикос ёфта буд, ки дар Тоҷикистони соли 1993-1994 рух дода буд. Ин ҳақиқати ҳамон давраи Тоҷикистон буд. Дар телевизиони он замон дурӯғ набуд. Мо вайронии Тоҷикистонро вайронӣ, кӯшиши бебарори ҳукуматро кӯшиши бебарори он, муваффақиятҳои онро муваффақият муаррифӣ мекардем. Яъне, замоне ки ман дар телевизион кор мекардам, ба ҳеҷ касе имкон намедодам, ки дурӯғ гӯяд ва бештари шореҳи воқеаҳои он солҳо худи ман будам», — иброз медорад И.К. Усмонов.
Профессор Иброҳим Усмонов дар хусуси таъсири мусбат ва ё манфии ин гуна наворҳо ба рӯҳияи мардум чунин назар дорад, ки ин пеш аз ҳама аз истифодабарандагони он вобастагӣ дорад. «Истфодаи наворҳои ҳаводиси солҳои 1990 на танҳо муфид аст, балки муҳим аст. Бе истифодаи он наворҳо дар бораи он солҳо чизе гуфтан душвор аст. Аммо ҷанбаи мусбӣ ва манфӣ доштан ин аз истифодабарандагони ин наворҳо вобастагӣ дорад. Худи навор ҳеҷ гоҳ якҷониба сурат намегирад. Навор ин сурат аст ва инсон пас аз дидану тамошо кардан худ ба хулосае меояд. Шарҳе, ки дар навор оварда мешавад, метавонад яктарафа бошад. Чунин наворҳои хусуияти таърихӣ дошта ба сифати манбаи таърихӣ ба мардум пешниҳод мешавад. Тарзи истифодаи навор, ки маънии дигар дошта бошад ин гуноҳи навор нест»,-иброз намуд ӯ.
Профессор Усмонов дар мариди таъсири имрӯзи телевизион ба афкори омма ҳангоми инъикоси ҳаводиси солҳои 1990 чунин ибрози назар намуд, ки агар истифодаи онҳо ғаразнок бошад, он гоҳ метавон гуфт, ки ин ҳама бетаъсир намемонад.
— Агар дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ наворҳо оид ба воқеаҳои солҳои 1990 инъикос гардад ва дар он ҷо лаҳзаву гуфторҳое, ки хусусияти яктарафаи таблиғотӣ доранд, вуҷуд дошта бошад, он гоҳ ин ба манфиати кор нест. Ҳарчанд ки ин падида дар ҳама давлат дида мешавад. Ман то ҳол чунин ҳолатро во нахӯрдаам, зеро кам телевизион тамошо мекунам»,- гуфт дар охир профессор Усмонов.
Таҳлилагари тоҷик Нуралӣ Давлат вобаста ба ин мавзӯъ мегӯяд, ки агар ин филмҳо ҳадафмандона истифода бурда шавад он гоҳ метавон гуфт, ки он ба манфиати миллат аст.
— Агар филми мустанад ва объективӣ бошад, фоидаи зиёд дорад, аммо агар объективӣ набошад, инро дар илм таҳрифи таърих меноманд, — мегӯяд Н. Давлат.
Ҳақиқат пас аз «ҳазмшавии таърих» ошкор мешавад. Солҳои 1990 телевизион ва рӯзномаҳои кишвар ҳақиқати худро дошт ва то тавонист онро ба мафкураи мардум ҷо кард. Имрӯз ҳам ин кор давом дорад. Аммо сухан сари он меравад, ки дар раванди «таърихсози»-и имрӯз хатогиҳои зиёде мушоҳида мешавад ва онро ба мардуми оддӣ чун ҳақиқати таърихӣ муаррифӣ мекунанд. Суоле пайдо мегардад, ки магар таърихи худро худ дурӯғ наменависем? Аз рӯйи ин мантиқ, пас таърихи гузаштаи мо ҳам ҳама дурӯғ наменамояд? Сари ин масъала бояд андешид!
Диловар Салимов
http://faraj.tj/security/5661-1202a1179i1179at-i-tv-1203a1179i1179at-ast.html