Қосими Роҳбар: Акси ман расонаҳоро серхаридор мекунад!!!

Қосими Роҳбар, вазири кишоварзии Тоҷикистон, сабаби зиёд дарҷ шудани аксҳои хуро дар расонаҳои кишвар ба зиёд гардидани миқдори онҳо рабт медиҳад.

Қосими Роҳбар дар сӯҳбат бо Faraj.tj афзуд, ки нашр гардидани аксҳои ӯ расонаҳоро серхаридор месозад.

— Ман аз бисёриҳо маротибаҳо шунидаам, ки дар кадом номере акси маро мемонанд, хоҳ танқидӣ бошад, хоҳ таърифӣ, як газета ҳам намемонад,- афзуд ӯ.

Ин назари вазири кишоварзӣ дар ҳолест, ки қаблан Абдуҷаббор Раҳмонов, собиқ вазири маориф ва ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ҳамакнун мушовири давлатии президент оид ба ҷомеа низ сабаби зиёд интиқод шуданашро аз ҷониби рӯзноманигорон дар матбуот ба «реклама» шуданаш аз ҷониби шогирдонаш вобаста медонад.

http://faraj.tj/news/7822-1178osimi-ro1203bar-aksi-man-rasona1203oro-serharidor-mekunad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *