Қазияи Муаттара полковники милисаро пушти панҷара бурд

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар доираи парвандаи қаллобии МуаттараҶӯраева, собиқ наттоқи телевизиони Тоҷикистон, як афсари Вазорати корҳои дохилии кишварро низ боздошт кардааст.

Тавре манбаи Faraj.tj дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гуфт, афсари дастгиршуда полковники милиса Мустафо Каримов буда, дар Шӯъбаи дуюми ВКД дар ноҳияи Синои пойтахт ба ҳайси муфаттиш кор мекард.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандон дар аввал аз болои Муаттара Ҷӯраева бо аризаи шикоятӣ ба ин шӯъбаи ВКД муроҷиат карда будаанд. Аммо муфаттиш Каримов корро кашол дода, шарт мегузорад, ки агар шикояткунандагон 5 ҳазор долларӣ биёранд, ӯ дар нисбати Муаттара Ҷӯраева парвандаи ҷиноятӣмекушояд. «Агар пул биёред, коратонро буд мекунам, розӣ набошед, равед, ба дигар ҷо муроҷиат кунед» — шикояткунандагонро огоҳ мекунад ин афсари милиса.

Аз чунин гуфтору муносибати полковник шаҳрвандон ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия шикоят мекунанд, ки дар паи он полковник Мустафо Каримов ва Муттара Ҷӯраева дастгир шуданд.

— Айни замон дар нисбати полковники милиса Мустафо Каримов бо иттиҳоми баромадан аз ваколатҳои мансабӣ ва қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишот идома дорад. Афсари боздоштшуда дар маҳкамаи тафтишотии Вазорати адлияи кишвар нигаҳдорӣ мешавад, — иброз дошт манбаи Faraj.tj ва илова кард, ки “субҳи имрӯз, 16 октябр, Муаттара Ҷӯраева – гумонбар дар қаллобӣ бо қарори суд ба маҳкамаи тафтишотии Вазорати адлия интиқол дода шуд”.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Муаттара Ҷӯраеваро 14 октябр бо гумони қаллобӣ дастгир карда буд. Агентӣ ӯро дар тасарруфи 300 ҳазор доллари 5 нафар шаҳрванд мутаҳҳам медонад.

 Ҷамила Мирбозхонова,

Faraj.tj

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *