Қатъи навбатии дастрасӣ ба торнамои «Азия-Плюс»

Торнамои гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» — www.news.tj – боз дастнорас аст. Қариби тамоми ширкатҳои фароҳамсоз (провайдерон) рӯзи 21-уми октябр дастрасӣ ба сомонаро қатъ намуданд. Тайи моҳи ахир ин кӯшиши дуюми маҳдуд сохтани дастрасии аҳолӣ ба сомонаи мустақили интернетӣ аст.

Қаблан дастрасӣ ба сомона 10-уми октябр қатъ гардида, вале рӯзи дигар дубора барқарор шуд. Шарҳи расмӣ гирифтан аз танзимкунандаи иртибот ғайриимкон аст. Намояндагони Хадамоти алоқа чун мефаҳманд, ки ба онҳо аз «Азия-Плюс» муроҷиат доранд, дарҳол гӯшии телефонро мегузоранд.

Намояндагони расмии ширкатҳои фароҳамсози интернет низ аз шарҳи амали худ худдорӣ меварзанд. Аз сарчашмаҳои ғайрирасмӣ хабар доданд, ки дастрасӣ ба торнамо дар қаламрави Тоҷикистон бо талаби Хадамоти алоқа, ки санаи 1-уми октябр расидааст, қатъ шудааст.

«Ахиран чунин таҷриба дар Тоҷикистон як падидаи маъмулӣ шудааст, вале агар қаблан дар суҳбатҳои ғайрасмӣ бо раҳбарияти Хадамоти алоқа ба гунае ин амалро шарҳ медоданд, айни замон натанҳо аз шарҳ худдорӣ меварзанд, моро ҳатто шунидан намехоҳанд», — қайд мекунад дар ин робита директори иҷроияи агентии «Азия-Плюс» Зебо Тоҷибоева.

Ба гуфтаи ӯ, муносибати ширкатҳои хизматгузори интернет низ боиси тааҷҷуб аст. «Қаблан ҳадди ақал моро онҳо ба таври шифоҳӣ аз қатъи дастрасӣ ба торнамо огоҳ мекарданд. Феълан ин амал хомӯшона, бидуни огоҳӣ ва гузашта аз ин, бидуни ҳеҷ узре сурат мегирад. Дар ин ҳолат ба мо натанҳо зиёни маънавӣ, балки зиёни моддӣ низ расонида мешавад, зеро мо назди рекламадиҳандагон уҳдадорӣ дорем», — мегӯяд Зебо Тоҷибоева.

Феълан дар Тоҷикистон дастрасӣ ба беш аз 1 ҳазор сомонаҳои гуногун ғайриимкон аст. Шумораи сайтҳои басташуда барои корбарони тоҷик баъди паҳн шудани даъватҳо ба гирдиҳамойӣ дар аввали моҳи октябр зиёд шуд. Сарфи назар аз ин, он замон Хадамоти алоқа даст доштанаш дар ин амалро рад карда, вале ширкатҳои фароҳамсози интернет итминон дода буданд, ки тибқи дастури ин хадамот амал кардаанд.

Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи радиои «Озодӣ», чанде қабл 12 созмони ҷамъиятӣ ва ҳомии ҳуқуқи Осиёи Марказӣ дар як изҳороти муштарак масдуд кардани сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикистонро маҳкум карда, аз мақомоти ин кишвар хостанд, то ба даъватҳои ниҳодҳои байналмилии ҳуқуқи башар гӯш дода, дастрасии бидуни маҳдудияти мардумаш ба Интернетро таъмин кунад.

Дар робита ба ин амалҳо ҳамчнуин намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Дуня Миятович ҳукуматдорони Тоҷикистонро ба таъмини бемамониати дастрасӣ ба шабакаи Интернет даъват кард.

http://news.tj/tj/news/ati-navbatii-dastras-ba-tornamoi-aziya-plyus

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *