Қатъи иртиботи телефонӣ ва Интернет дар Тоҷикистон қонунӣ шуд

Парлумони Тоҷикистон бо қабули тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қатъи иртиботи телефонӣ ва Интернет дар рӯзҳои баргузории амалиёти зиддитеррористиро расмӣ кард.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳаққи қонунии қатъи иртиботи телефонӣ ва Интернетро дар рӯзҳои баргузории амалиёти зиддитеррористӣ ба даст оварданд.

Вакилони Маҷлиси Намояндагон рӯзи 25 ноябр бо қабули тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” гуфтанд, ки ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон метавонанд ин корро на танҳо дар минтақаи ҷудогона, балки дар кулли ҷумҳурӣ анҷом диҳанд. Хайрулло Сӯфиев — вакили парлумон, ҳангоми муаррифии ин тарҳ гуфт, ҳадаф аз ин тасмим, ба қавли ӯ, олуда накардани фазои иттилоотии кишвар дар рӯзҳои баргузории амалиёт будааст.

Дар ҳоле қатъи иртиботи телефонӣ ва Интернет дар рӯзҳои баргузории амалиёт қонунӣ шуд, ки қаблан чунин шева дар ҷараёни чанд амалиёти нерӯҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҷараёни амалиёти алайҳи гурӯҳи Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, ва Мулло Абдуллоҳ Раҳимов, дар водии Рашт (солҳои 2010-2011) ва дар амалиёти Хоруғ (соли 2012) истифода шуда буд.

Дар рӯзҳои амалиёти зидди гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода дар дараи Ромит дар сентябри соли ҷорӣ низ ирсоли паёмакҳо аз тариқи телефонҳои мобил муваққатан манъ шуд ва дар он рӯзҳо дастрасӣ ба чандин сомонаи хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ба сомонаи Озодӣ, Ютуб ва Фейсбук маҳдуд шуда буд.

Мақомоти расмӣ, аз ҷумла Хадамоти алоқа – масъули танзими бозори Интернет ва телефонҳои мобили Тоҷикистон – маъмулан даст доштани худ дар бастани дастрасӣ ба сомонаҳоро, ки дар матбуот “сайтбандон” ном гирифтааст, рад мекарданд. Аммо ин шеваи бархӯрди мақомот ба интиқодҳои пайвастаи созмонҳои байналмилалии ҳомии озодии баён рӯбарӯ мешуд.

Ғафурҷон Иркаев, роҳбари Анҷумани ширкатҳои мобилӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қаблан ҳам ҳангоми идомаи амалиётҳои зиддитеррористӣ алоқаи мобилӣ маҳдуд мешуд, аммо дар ин бора қонун вуҷуд надошт ва ширкатҳои мобилӣ пеши саҳмдорон ва сармоягузорони хеш дар шарҳ додани вазъият мушкилӣ мекашиданд. Аммо чун қонун дар ин бора қабул шуд, ин нуқта ҳатман иҷро хоҳад шуд.

Вай афзуд, ки “ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон ҳамеша қонунҳоро риоя мекунанд. Шояд дар ҷое даромади ширкатҳои мобилӣ камтар шавад, аммо ҳамаи мо мефаҳмем, ки ин ба амнияти кишвар дахл дорад. Амният бошад аз ҳама муҳим аст, ин амнияти кишвар ва амнияти хонаводаҳои мост.”

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон низ аз ин тарҳ ҳимоят карда ва гуфт, “дар се моҳи охир ҳодисаҳои терроризм дар ҷаҳон авҷ гирифтаанд ва ҳодисаҳои дар Париж, Афғонистон, Миср ва дигар кишварҳо рух додаморо водор месозад, ки ҷиҳати пешгирии ин гуна ҳодисаҳо чора андешем.

Ҷаноби Зуҳуров дар идома аз ошӯби моҳи сентябри генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ ёдоварӣ карда ва гуфт, “ин талоши табадуллот нишон дод, ки бисёр корҳо бо телефон сурат мегиранд. Ҳоло дар бисёр ҷой симкортҳоро бе пешниҳоди ҳуҷҷати расмӣ мефурӯшанд, ки бар зарар аст. Ҳоло тағйиру иловаҳоро дар ин бора омода мекунем ва бояд пеши роҳи ин корро бигирем.”

Қонун дар бораи мубориза бо терроризм дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 1999 таҳия ва тасвиб шуда, тартиби бархӯрди мақомоти ин кишвар бо таҳдидҳои террористиро мушаххас мекунад. Ин қонун бори охир дар моҳи октябри соли 2014, дар пайи даъвати “Гурӯҳи 24” ба баргузории як гирдиҳамоии эътирозӣ дар маркази Душанбе мавриди бозбинӣ қарор гирифта буд.

 

http://www.ozodi.tj/content/article/27385645.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *