Қатъи дастрасӣ ба як қатор сомонаҳои хабаргузориҳо дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба як қатор сомонаҳои васоити ахбори умуми ватанӣ ва хориҷӣ қатъ карда шуд.

Тибқи маълумоти расида ба «Азия-Плюс», рӯзҳои 10-11 май ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерҳо) дар бораи қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс», хадамоти тоҷикии Радиои Озодӣ, хабаргузории «Озодагон» ва боз як қатор торнамоҳои иттилоотӣ дастур гирифтаанд. Рӯйхати ин сомонаҳои барои қатъи дастрасӣ пешбинишуда дар ширкатҳо гуногун аст, вале сегонаи асосии дар боло зикршуда дар рӯйхати ҳамаи ширкатҳо вуҷуд дорад.

Хабаргузории «Азия-Плюс» ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба сабаби содир шудани чунин дастур ба Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ муроҷиат намуд. Дар Хадамоти алоқа бо итминон изҳор карданд, ки аз ҷониби онҳо ба ширкатҳои фароҳамсоизи интернет ҳеҷ дастуре фиристода нашудааст.

Ба гуфтаи Адолат Абдураҳмонзода, муовини сардори Хадамоти алоқа, кормандони онҳо сабаби дастнорас шудани сомонаҳоро ошкор намуда, ВАО-ро дар ин бора огоҳ месозанд.

Дар ҳамин ҳол, санаи 22 май дар Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ доир мегардад. Ҷараёни раъйдиҳиро даҳҳо нозирони байнулмилалӣ пайгирӣ намуда, онҳо мониторинги инъикоси ин маърака дар васоити ахбори умумро низ анҷом медиҳанд.

Ғайр аз ин, ҳайати Тоҷикистон дар Женева 6 май ба аъзои Шӯрои ҳуқуқи башари СММ Гузориши даврии универсалии риояи ҳуқуқи инсон дар ҷуҳуриро пешниҳод кард. Дар посух ба маърӯзаи вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Шоҳмурод, аъзои Шӯро Тоҷикистонро ба талоши бештар баҳри беҳбуди вазъ бо риояи ҳуқуқи инсон, таъмини озодии баён ва аз байн бурдани шиканҷа даъват карданд.

Намояндаи Австралия аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки озодии баёнро таъмин созад, зеро тайи ду соли ахир фишор болои журналистон пурзӯр шудааст.

Намояндаи Австрия изҳор дошт, ки ин кишвар аз бад шудани сатҳи озодии матбуот ва маҳкум шудани сиёсатмадори барканоршуда ва тоҷир Зайд Саидов нигарон аст. Ҳабси собиқ вазири саноатро ӯ таҷассуми таъқиби андешаи дигар ва мухолифони ҳукумат мешуморад.

Дар сомонаи СММ аз кирдори бераҳмона бо маҳкумшудагон, ҳуқуқи занон, маъюбон, аққалиятҳои ҷинсӣ ва вазъи Ташкилотҳои ғайридавлатӣ хабар дода шуда буд, ки ин рӯйхати нопурраи масоили ба унвони Тоҷикистон садодода зимни баррасии гузориши даврии ин кишвар аст. Аз 203 тавсия ҳайати Тоҷикистон 119-тоашро пазируфт.

Зимни суханронии рӯзи чоршанбе дар Шӯрои ҳуқуқи башар вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод натиҷаҳоро ҷамъбаст намуда, изҳор дошт, ки «тавсияҳои пешниҳодшуда дақиқан таҳлил ва бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ мешаванд». «Қисмати зиёди тавсияҳоро мо қабул карда, оид ба тавсияҳои боқимонда мувофиқи тартиботи муқарраршуда мавқеи кишвар пешниҳод мешавад», — иброз доштааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон мавқеи худро дар ҷаласаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ доир мегардад, пешниҳод мекунад.

 

http://news.tj/tj/news/ati-dastras-ba-yak-ator-somona-oi-khabarguzori-o-dar-ikiston

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *