Баъди мавриди танқиди нашрияҳои мустақил ва шабакаҳои интернетӣ қарор гирифтан, тибқи овозаҳо раиси «Барқи тоҷик» супориши даҳонӣ додааст то барқи бинои «Шарқи озод» (маъруф ба «ГЖК») – ро ҳаддалимкон бо баҳонаҳои гуногун тез-тез хомӯш кунанд. Мегӯянд ба эҳтимоли зиёд ин супориш дар ҷаласаи рӯзи душанбеи ин ҳафта, 15 декабр дода шудааст. Худи ҳамон рӯз аз ними рӯз то бегоҳ бо баҳонаи «корҳои профилактикӣ» барқи ин бино хомӯш карда шуд. Субҳи имрӯз, 17 декабр, бошад, шояд ба хотири мавриди шубҳаи рӯзноманигорон қарор нагирифтани «амалиёти қассос» барқро то ба кор омадани рӯзноманигорон, соати панҷи субҳ хомӯш карда, танҳо дар соати 9-30 доданд.
Ёдовар мешавем, ки Раҳматзода баъди суханрониаш дар парлумон дар аввали ин моҳ, баъди ба чандин суолҳои муҳими соҳааш посухи «намедонам» додан ва мавриди сарзаниши спикери парлумон Шукурҷон Зуҳуров қарор гирифтан, ҳадафи танқиди журналистон қарор гирифт.
Ин дар ҳолест, ки дар чопхонаи воқеъ дар «Шарқи озод» аслан нашрияҳои ҳукуматӣ ба мисли «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Халқ овози», «Народная газета» нашр мешаванд ва ҳадафи Раҳматзода қарор гирифтани бинои мансуб ба дастгоҳи иҷроияи Президент муаммои сарбастаро мемонад
http://faraj.tj/news/7462-1178assosi-rustam-ra1203matzoda-az-gzhk.html