Созмонҳои журналистии Тоҷикстон бо шумули Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон, НАНСМИТ ва Шӯрои ВАО ният доранд бо пахши як изҳороти фаврӣ аз Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рамазон Раҳимов талаб намоянд, ки наворбардори хабаргузории “Озодагон” Абдураҳим Шукуров, ки ба 7 рӯзи ҳабс маҳкум шудааст, фавран озод кунад.
Ҳамчунин созмонҳои журналистии Тоҷикистон талаб доранд, ки як комиссияи вижа бо ширкати намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати алдия созмон дода шуда, худи ҳамин рӯз ба мулоқоти наворбардор бо хешовандон ва ҳамкоронаш мусоидат карда шавад.
Созмонҳои журналистии кишвар тасмим гирифтаанд дар сурати ба инобат нагирифтани ин тақозо расонаҳои хабарии мамлакатро ба коршиканӣ даъват хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, (НАНСМИТ) ва Шӯрои ВАО нигаронии худро аз боздош ва ҳафт шабонарӯз ҳабс шудани Абдураҳим Шукуров баён намуда буданд.
Нуруддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ҳабси шудани Абдураҳим Шукуровро нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон аст.
НАНСМИТ ин амали мақомотро маҳкум мекунад. Мо ният дорем, дар ин бора як изҳороти расмӣ ба унвони Вазири корҳои дохилӣ ва раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон пахш кунем.
Азбаски қазияи Зайд Саидов дар ҷомеа сарусадоҳои хеле зиёд дошт, табиист ки ҳусни таваҷҷӯҳи журналистон ба ин гуна қазияҳо зиёд мешавад. Мувофиқи муқуррароти қонун ҳарчанд, мурофиа пушти дарҳои баста сурат гирифт, бояд қисми хулосавии ҳукмро озод дар назди мардум мехонданд.
Дар баробари омадани пайвандони Зайд Саидов ба назди СИЗО рӯзноманигорон низ барои инъикоси ин воқеа омада буданд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои он равона шуда буданд, ки тартиботи ҷамъиятиро таъмин кунанд на инки ба нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва журналистон халал ворид кунанд.
Ҳукме ки нисбати Абдураҳим Шукуров эълон шуд, хеле вазнин аст, бинобар тобиши сиёсӣ доштани ин қазия ба имиҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон латмаи хеле сахт ворид кард, — мегӯяд Нуруддин Қаршибоев.
Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон мегӯяд, монеъ гардидан ба фаъолияти журналист мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон ҷазо дода мешавад.
-Ман намефаҳмам, чи тавр бе тафтишот бе қарори суд шаҳрвандро 7 шабонарӯз ва ё ба мӯҳлати дигар ҳабс мекарда бошанд. Ин гуна ҳолатҳо танҳо дар ҳолатҳои фавқуллода имкон дорад, рӯй диҳад, ки оқибатҳои он ҳам барои мардум ва ҳам барои ҷаъият фалокатбор аст.
Дар инҷо журналист кори худро иҷро мекард. Ин барои ҷамъият ягон хавф надошт, ки корманди милиса ӯро дастгир карда, ба монанди ҷинояткори ашаддӣ ҳабс кунанд.
Аз ин рӯ метавон гуфт, ки ин як навъ тарс додани дигар журналистон аст. Мутаассифона кормандони мақомоти қудратии мо аз қонунҳо чандон огоҳ нестанд,- гуфт раиси Шӯрои ВАО.
http://www.tojnews.tj/gasdi-ruznomanigoroni-tojik-baroi-korshikani