Қаршибоев раиси Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон интихоб шуд

Нуриддин Қаршибоев, фаъъоли озодии баён ва раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон ё Нансмит, риёсати Шӯрои расонаҳои ин кишварро ба уҳда гирифтааст.

Интихоби ӯ ба ин симат рӯзи 12 декабр дар ҷаласаи солонаи Шӯрои расонаҳо ва тавассути нуҳ тан аз аъзои ин шӯро сурат гирифтааст. Симати раиси Шӯрои расонаҳо як симати ифтихорист ва раиси он барои як сол ва на бештар аз ду муҳлат интихоб мешавад.

Ҳамроҳ бо оқои Қаршибоев, Мухтори Боқизода, раиси Сандуқи гиромидошт ва дифоъ аз рӯзноманигорон, ва Мусои Асозода, раиси Анҷумани расонаҳои электруники Тоҷикистон, ба унвони аъзои дастгоҳи иҷроия ё ҳайъати мудираи ин шӯро интихоб шудаанд.

Оқои Қаршибоев ба унвони яке аз мудофеъони сарсахти ҳуқуқи рӯзноманигорон ва озодии баён дар Тоҷикистон шинохта шудааст. Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дар моҳи майи соли ҷорӣ дар гузорише аз сад фаъъоли матбӯъот ва озодии баён дар кишварҳои мухталиф ба унвони «қаҳрамонони арсаи иттилоърасонӣ» ном бурд, ки дар миёни онҳо исми оқои Қаршибоев низ буд.

Ин созмони муътабари байналмилалӣ нивишт: «Нуриддин Қаршибоев мудофеъи пайгири рӯзноманигорон дар баробари фишор ва саркӯб, мушаввиқи расона ба муҳтарам шумурдани мавозини ахлоқи ҳирфаӣ ва демукротик, муборизи роҳи озодии иттилоърасонӣ аз роҳи тағйири қавонини Тоҷикистон аст.»

‘Тасмимоти ҷанҷолбарангез’

Тайи ду соли гузашта риёсати Шӯрои расонаҳоро, ки бархе аз он ба унвони додгоҳи расона ёд мекунанд, Қироншоҳи Шарифзода, рӯзноманигори маъруф ва устоди риштаи рӯзноманигорӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба уҳда дошт.

Дар ин муддат бархе аз тасмимот ва довариҳои ин шӯро дар мавриди расонаҳо ва рӯзноманигорони ҷудогона ба баҳсу ихтилофоте дар маҳофили расонаӣ ва рӯзноманигории Тоҷикистон доман зад.

Яке аз тасмимоти ҷанҷолбарангези ин шӯро ба баҳси ширкати «Кю-нет» (ё «Квестнет») бо Орзу Исоев, рӯзноманигори маъруф, рабт дорад. Дар пайи шикояти ин ширкат, Шӯрои расонаҳо рӯзи 21 август бо судури баёнияе оқои Исоевро дар нақзи панҷ банди ойинномаи ахлоқи рӯзноманигорӣ муқассир донист.

Дар ин баёния омада буд, ки дар ҷараёни баҳсҳо перомуни фаъъолияти ширкати «Кюнет» дар барномаи «Баҳси рӯз»-и родиюи «Имрӯз», ки оқои Исоев муҷрии он буд, муқаррароти ахлоқӣ дар бораи рисолати расона ва рӯзноманигор, дар бораи ақида, далел ва гумону тахмин, дар бораи ҳифзи шаъну эътибори шахс, дар бораи асли бароат ва дар бораи ҳамраъйии ҳирфаӣ «халалдор» шудааст.

Аммо Орзу Исоев ин иттиҳомотро бакуллӣ рад кард ва Шӯрои расонаҳоро ба нотавонӣ дар ҳимоят аз як рӯзноманигор ва як расонаи бонуфуз «дар баррасии масъалаи муҳимме, ки ба иқтисоди кишвар ва мардуми он зарар мерасонад», муттаҳам кард.

Дар барномаи оқои Исоев дар родиюи «Имрӯз», ки ба таври зинда ва дар иртиботи мустақим бо шунавандагон пахш мешуд, бисёре аз шаҳрвандон аз тариқи телефун интиқодоти худро дар мавриди ширкати «Кюнет» матраҳ ва онро ба кулоҳбардорӣ муттаҳам мекарданд.

Ба гуфтаи онҳо, ин ширкат афроди зиёдеро бо пардохти пул дар изои ашёи мухталиф ба узвияти худ ҷалб месозад ва сипас онҳоро водор ба ҷалби афроди бештаре мекунад. Бо афзоиши шумори муштарикон, саҳми онҳо ба таври силсиламаротибӣ ё ҳарамӣ (пиромид) байни масъулон ва муштарикон тақсим мешавад.

‘Маҳалгароӣ дар матбӯъот’

Дар ҷаласаи рӯзи ҷумъаи Шӯрои расонаҳо баҳси шадиде бар сари ин мавзӯъ миёни аъзои шӯро сурат гирифтааст. Нуриддин Қаршибоев дар ин ҷаласа Шӯрои расонаҳоро муттаҳам ба ин сохта, ки «ба ҷои дифоъ аз ҳуқуқи Орзу Исоев ба унвони як рӯзноманигор» вазъияти ӯро душвортар кардааст.

Аммо Қироншоҳи Шарифзода гуфтааст, ки Шӯрои расонаҳо қабл аз нашри баёнияи худ барномаи мавриди баҳси родиюи «Имрӯз»-ро ҷиддан омухта ва ба ин натиҷа расидааст. Ба гуфтаи ӯ, баёнияи Шӯрои расонаҳо «эътибори қонунӣ надорад» ва наметавонад далеле барои пайгарди қазоӣ бошад.

Ба гуфтаи бархе аз ширкаткунандагони ҷаласаи солонаи Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон, дар ин ҷаласа масоили дигаре чун камбуди рӯзноманигорони ҳирфаӣ ва номуассир будани шеваҳои тадриси рӯзноманигорӣ дар донишгоҳҳо ва «маҳалгароӣ» дар нашриёти мухталиф ҳам баррасӣ шудааст.

Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон 30 октябри 2009 таъсис шуд. Яке аз аҳдофи умдаи он доварӣ ва ҳаллу фасли баҳсҳо ва ихтилофоти расонаӣ қабл аз ирҷоъи ин қазоё ба додгоҳи маданӣ маҳсуб мешавад.

Боло бурдани кайфияти кори рӯзноманигорон ва назорат бар иҷрои усули ахлоқи рӯзноманигорӣ дар матбӯъот, родиюву телевизиюн ва сойтҳои хабарӣ аз аҳдофи дигари ин шӯрост. Пазируфтани Ойинномаи ахлоқи рӯзноманигорӣ, ки Шӯрои расонаҳо тасвиб карда, шарти аслии пайвастан ба он аст.

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2014/12/141213_ea_qarshibayev_media_council

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *