«ҚАЙЧӢ” КАРДАНИ ОРТИҚ ҚОДИР ВА ШАБНАМИ СУРАЙЁ

Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол  намоиши чеҳраҳои алоҳидаро дар телевизионҳои давлатӣ манъ накардаасту дар телевизион «қайчӣ» вуҷуд надорад.

Ин нуктаро Асадулло Раҳмон дар нишасти хабариаш эълон дошт. Ин ҳам дар ҳолест, ки хеле чеҳраҳои шинохтаи кишвар бо шумули намояндаҳои барҷастаи ҷомеаи маданӣ ва ҳунармадони шинохта дар телевизионҳои ҳукуматӣ нишон дода намешаванд ва ё аз кадрҳои барномаҳои телевизионӣ “қайчӣ” мешаванд.

Тамошобинони телевизионҳои Тоҷикистон мегӯянд, чунин ҳолат зиёд мушоҳида мешавад, ки як нафар дар маҳфиле сухан мекунад. Аммо дар пахши он маҳфил ба воситаи телевизион суханронии ӯ ҳазф мешавад. Аз ҷумла,  Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон борҳо  суханрониҳои ровии шинохта Ортиқ Қодир дар чорабиниҳои давлативу фарҳангӣ «қайчӣ» кардаанд.

Ҳаводорони Оритиқ Қодир мегӯянд, ки дар маҳфили шеъри Фарзона, маҳфили шеъри Меҳриниссо Ортиқ Қодир шеърҳояшонро қироат кардааст, аммо ин бахши маҳфилро дар Шабакаи аввал «қайчӣ» задаанд, вале дар «Сафина» нишон додаанд.

Асадуллоҳ Раҳмон дар ин бора гуфт: Муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” ҳам  зертобеи Кумита аст. Агар як телевизион онро нишон надиҳаду дигаре онро ба намоиш гузошта бошад, ин кори коргардон аст. Ортиқ Қодир баъзан дар маҳфилҳо шеърҳои ҳузнангез мехонад, ки эҳтимол ба ҳама коргардон писанд наояд.

Инчунин, вай  аз посухи расмӣ ба суоли  ин ки  чаро иддае аз чеҳраҳои шинохтаи кишвар, аз ҷумла аъзои дигари ҳукумат ва фаъолони ҷомеаи маданӣ  дар телевизион нишон дода намешаванд ва ё аз кодрҳои барномаҳои телевизионӣ “қайчӣ” мешаванд, гурехта гуфт: -Дар вақти интихоботҳо мо ба ҳамаи онҳо имкониятҳои баробар медиҳем ва дар гузашта ҳам таҷриба нишон дод, ки касе дар бораи вақтҳои ҷудошуда шикояте накардааст. Дар телевизионҳои нишон додани ягон чеҳраеро маҳдуд накардаанд ва низ телевизионҳо ҳам имкони нишон додани тамоми чеҳраҳоро надорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба эътирофи умум,  шабакаҳои телевизионии тобеъи Асадулло Раҳмон, ба ҷуз аз президент Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи ҳич кадоме аз аъзои ҳукумат як дақиқа ҳам иттилоъ пахш намекунанду намоиши ҳунарнамои шахсиятҳое назири Ҷурабек Муродов, Шабнами Сурайё, Манижа Давлатоваро мамнуъ медонанд.

http://www.tojnews.org/asadullo-rahmonov-dar-televizion-gaychi-nest

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *