Дар гузориш таъкид шудааст, ки дар соли 2014 озодии матбуот дар тамоми ҷаҳон коҳиш ёфт: “Дар ин ҷо чанд омил, аз ҷумла ҷангҳои иттилоотӣ, даргириҳо дар Шарқи наздику Украина, фаъолшавии гуруҳҳои ифротии “Давлати исломӣ” ва Боко Ҳарам таъсири худро доштанд.”
Хабарнигорони бидуни марз дар соли 2014 — 3 ҳазору 719 ҳолати нақзи озодии матбуотро дар 180 давлати дунё ба қайд гирифтаанд: “Дар пасманзари даргириҳо дар Шарқи наздику Украина ҷангҳои иттилоотӣ авҷ гирифтанд, ки дар натиҷа фишор болои расонаю хабарнигорҳо низ афзоиш ёфт. Дар бархе минтақаҳо ифротгароёни динӣ ба баҳонаи он, ки рӯзноманигорон Худо ва динашонро эҳтиром намекунанд бо тарсдиҳию таҳдид талоши маҳдуд кардани озодии матбуотро мекунанд.”
Гузоришгарон таъкид кардаанд, ки вазъи нисбатан бади озодии баён дар Эрон, Сурия, Ветнам, Кореяи шимолӣ ва Туркманистон ҷой дорад. Кишварҳои пешсаф аз рӯи озодии матбуот Финляндия, Норвегия, Дания, Нидерландия ва Шветсия арзёбӣ шудаанд. Амрико дар ин раддабандӣ дар мақоми 49 ва Русия дар зинаи 152-юм ҷой гирифтааст.
http://www.ozodagon.com/20108-aforavii-toikiston-dar-guzorishi-navi-ozodii-matbuot-2015.html