Тавре аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба Faraj.tj хабар доданд, дар шумораи якуми нашрия оид ба фаъолияти Маркази омӯзишии «Ҳамқадам», нишасти матбуотии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонон, ҳамчунин оид ба ҳаёту фаъолияти журналисти ҷавон Марҳабо Ғоибова, муовини сардори Раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлон хабару мақолаҳо ба табъ расидаанд.
Гуфта мешавад, дар нашрияи «Ҳамқадам» саҳифаи махсусе зери рубрикаи «Як гӯшаи диёр” низ мавҷуд аст, ки дар бораи мавзеъҳои таърихию тамошобоби навоҳии Хатлонзамин маълумот медиҳад.
Бояд гуфт, ки ин нашрия аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа маблағгузорӣ мегардад.
Ҳамнози Шуҷоъ
http://faraj.tj/news/8043-11781263r1171onteppa-chopi-nashriyai-nav-bo-nomi-1202am1179adam.html