Дар саросари ҷаҳон 550 рӯзноманигор дар зиндон ба сар мебаранд, ки нисбат ба соли 2023 7% бештар аст. Читать далее Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
ЧАРО НАШРИЯҲОИ МАҲАЛЛӢ МЕМИРАНД?
Ба таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Яке аз рукнҳои ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ин аҳамияту диққати ҷиддӣ додан ба матбуот мебошад. Мутаасифона ин чиз ба таври бояду шояд дармуносибати сарди баъзеҳо бо воситаҳо ахбори омма дида мешавад. Вазъи аз ҳама ногувор дар воситаҳои ахбори маҳалӣ ба ном рӯзномаҳои шаҳрию ноҳиявист.
Якум камбудӣ дар он аст, ки бо истиснои 10-12 навоҳиҳо шаҳру ноҳияҳои дигар идораи рӯзнома ё биноҳои асосии худро надоранд. Бештари онҳо дар биноҳои фарсудаю садамавӣ, ё дар биноҳои МИҲД-и ноҳия ва ё шаҳр иҷорашинанд.
Масъалаи дигар, ин обунакунонӣ ба ин рӯзномаҳои ба қавле аз чашм афтодаанд. Чаро рӯзномаю маҷалаҳои расмии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ дар рӯйхатҳои обунаи ҳатмӣ ҳасту аз рӯзномаҳои шаҳрию ноҳиявӣ не?
Дархости дигари обунакунонӣ ин буд, ки бигзор обуна нақшавӣ, маҷбурӣ набошад, ҳар як идораи эҷодӣ худашон ин мушкилиро ҳал кунанд. Вале ин ҳам нашуд. Мутаасифона дар ин рӯихатҳои обунаи ҳатмӣ редаксияҳои маҳалӣ ҷо наёфтанд. Худи кормандони ин нашрияҳо бо сад даводаву зораю тавалло обунаро базӯр ба 100- 600 нусха мерасонанд. Ин бошад барои дар 1 сол 50-52 шумора чоп шудани рӯзномаҳои шаҳриву ноҳиявӣ халали ҷиддӣ ворид месозад. Ба болои ин редаксияҳо бояд аз ҳисоби обунашавӣ маблағҳои истифодаи об, хизмати комуналӣ, барқ, телефон, хизмати сафарӣ, ирсоли мактубҳо, рӯзномаҳои хешро ба идораҳои болоӣ фиристодан пул пардохт намоянд. Чун ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, рӯзномаҳои маҳаллӣ танҳо бо маош таъмин мегарданду халос. Оиди маблағи пардохти ҳаққи қалами муаллифон бошад ҷои гап ҳам нест.
Сеюм, масоили дардовари ин расонаҳо набудани нақлиёти хизматист. Аминем, ки 90 фоизи редаксияҳо мошини хизматии идоравӣ надоранд.
Вақте аз маҳалҳо ба расонаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ хабару мақолаҳо мефиристонанд, сармуҳарирону ходимони онҳо мегуянд: “инҳо аҳамияти ҷумҳуриявию вилоятӣ надоранд, ин гуна хабару мақолаҳо аҳамияти ноҳиявӣ доранд”. Оё бо 600-1000 нухсаи обунаи рӯзномаи шаҳрӣ ё ноҳиявӣ бо чопи солонаи 18-20 шумора имкони нашри ин гуна хабару мақолаҳои аҳамияти маҳаллидошта ҳаст ё не?
Ба қарибӣ яке аз муовинони маънавиёти ноҳияе ба сармуҳаррири рӯзномаи маҳаллиаш гуфтааст. Оё худи рӯзнома ба рӯзномаи ноҳиявӣ обуна шудааст? Оё фориғболӣ, камсаводӣ бефарҳангӣ, ноогоҳӣ аз матбуот аз ин бештар мешавад?
Пас бояд на танҳо раисони шаҳру навоҳиҳо, инчунин масъулини ҳукумати марказӣ ба рушду нумуи редаксияҳои маҳаллӣ ҳаматарафа диққату аҳамияти зарурӣ, ҷидӣ диҳанд.
Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор
https://farazh.tj/sahifai-asosy/murojiati-shahrvandon/charo-nashrija-oi-ma-all-memirand/
ЧАРО НАҲЗАТИҲО РӮЗНОМАНИГОРОНРО ҚАТЛ МЕКАРДАНД?
Куштори инсонҳо ҷинояти мудҳишу нобахшиданӣ буда, ҳамчун гуноҳи сахттарину бадтарин дар ҳама давру замонҳо маҳкум карда мешуд. Аммо барои террористони наҳзатӣ, ки солҳои 90-уми асри гузашта ба ҷомеи Тоҷикистон бадбахтиҳои зиёде оварда буданд, қатли одамони бегуноҳе, ки мухолифи ақидаи ифротиашон буданд, ба як шеваи амал табдил ёфта буд. Онҳо ба хотири тарс додани ҷомеа ва расидан ба аҳдофи шумашон аз ягон кирдори зишт, аз ҷумла, террори инсонҳои шариф худдорӣ намекарданд.
Дар қатори дигар қишрҳои ҷомеа аз дасти наҳзатиҳои хунхор шумораи зиёди журналистҳо, ки амалҳои душманона ва хиёнату разилии ин тудаи бадхоҳро фош менамуданд, низ кушта шудаанд.
Дар асл, ба қатл расонидани ашхоси дар соҳаи рӯзноманигорӣ муваффақ ҳам дар гузашта ва ҳам имрӯз ба дасти гурӯҳҳои сиёҳкоре сурат мегирифт ва мегирад, ки назари ифротӣ ва таассубӣ доранд, дар заминаи мафкураи бегона, дар шуури ҷомеа тарсу даҳшатафканиро ба унвони усули зиндагӣ нишон додан мехоҳанд.
Ҳамон гуна, ки бо далелҳои аниқ исбот шудааст, шумораи зиёди журналистон бо дастури бевоситаи саркардагони террористони наҳзатӣ аз сӯйи одамкушҳои онҳо ба қатл расидаанд. Аз ҷумла, қатли журналистони маъруф Муродалӣ Шерализода, Муҳиддин Олимпур, Отахон Латифӣ, Хушбахт Ҳайдаршо, Ҷумъахон Ҳотамӣ, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Виктор Никулин, Сергей Ситковский, Таваккал Файзулло ва адиби маъруф Сайф Раҳимзоди Афардӣ бар дӯши наҳзатиёни террорист мебошад. Ҷаллодони дастнишони наҳзатӣ, ғолибан ба хотири тарсафканӣ ва саранҷом дар ҷомеа ноамнию бесуботиро ба вуҷуд овардан ба амалҳои террористӣ даст мезананд.
Дар ин маврид мехоҳем бори дигар ба мардум яке аз кушторҳои террористони наҳзатиро ёдрас намоем, то мардуми шариф ҳушдор бошанд, ки дар кору амали ифротгароёни наҳзатӣ ҳамеша хиёнаткориву ватанфурӯшӣ ҷой дорад.
Ҳамин тавр, яке аз журналистони ҳақиқатгӯй, ошкорбаён ва ҷасури кишварамон Таваккал Файзулло буд, ки аз дасти ин гурӯҳи ҷиноятпеша 19-уми октябри соли 1992 дар айни камолоти эҷодиаш бераҳмона ба қатл расонда шуд.
Журналисти ватандӯст – Таваккал Файзулло соли 1960 дар деҳаи Тошохури ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна дар донишгоҳ таҳсил намуда соҳиби касби пурифтихори журналистӣ мегардад. Аз хабарнигори одӣ фаъолияти худро шуруъ намуда, то ба симати сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ҳақиқати Ёвон» мерасад ва то охири умраш дар ин вазифаи пурмасъулият фаъолият дошт. Афсус, ки душманони миллат – наҳзатиҳои хунхор ин фарзанди фарзонаи миллат ва журналисти ояндадорро тарсуёна аз байн бурданд.
Номи неки Таваккал Файзулло, ки барои ошкорбаёнию инъикоси ҳақиқат аз ҷониби тудаи бадхоҳу разили наҳзатӣ кушта шуд, дар қалбҳои мардум абадӣ боқӣ мемонад. Аммо наҳзатиҳои бешарафу худбохта ҳамчун доғи нопоку сиёҳе дар таърихи миллат нақш доранд.
Маълум аст, терроризм хашинтарин навъи ҷиноят аст ва наҳзатиёни худбохта бо корбурд аз ин навъи террор шумораи зиёди зиёиён, аз ҷумла, журналистони миллиро нобуд кардаанд.
Ҳамин тавр, солҳои навадум инсони боварманд ва ғайрибоварманде, ки ба ғояҳои пӯсидаву асримиёнагӣ ва зиддиинсонии ифротиёни наҳзатӣ розӣ нест ва вокунишу аксуламал нишон медиҳад, аз назари фикрӣ ва физикӣ террор мешуд.
Натиҷаи фаъолияти ду даҳсолаи террористони наҳзатӣ мазҳабзадагӣ ва хурофишавии ҷомеаи тоҷик буд, ки паёмадҳои аввалиашро охири солҳои ҳаштод ва ибтидои солҳои навадуми асри бист бо чашми сар дидем. Аммо террористони наҳзатӣ аз он иғвогариву ҳангомасозӣ ва қатлу куштори мардум “сер нашуданд”.
Ҷиноятҳою тарсафканиҳои наҳзатӣ, ки тибқи барномаи мушаххас рӯйи журналистони маъруф тамаркуз мекарданд, ба хотири баръакс нишон додани ҳақиқат ва ба ҷойи он роҳандозӣ кардани тарҳҳои ҷаҳолат анҷом дода мешуданд. Маҳз бо анҷом додани террорҳои фикрӣ, ақидавӣ, равонӣ ва физикӣ наҳзат ибтидои солҳои навадуми садаи бист дар минтақа нуфузи сохта ё сунъӣ пайдо намуд ва баъдҳо – пас аз солҳои дуҳазорум оҳиста-оҳиста террорҳои фикрӣ ва равониро дар баданаҳои иҷтимоӣ пахш намуда, то ба ҳадди ниҳоӣ расонд.
Ҳамин буд, ки давлат ва Ҳукумат ҷилави бедодгариҳои наҳзатиро, ки ҳатман ба террорҳои баъдӣ сабаб мегардиданд, гирифт ва онро ба унвони созмони террористию экстремистӣ шинохта, фаъолияташро дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ кард.
Ҳарчанд имрӯз дар кишварҳои алоҳида наҳзатиёни террорист паноҳ бурда, бо ҳар роҳу васила фаъолиятҳои тахриботию зиддиинсонии худро идома медиҳанд, аммо барои мардуми шарифи кишвар ин гурӯҳӣ террористӣ дигар вуҷуд надорад.
Х. Раҷабалиев, сиёсатшинос
https://farazh.tj/sahifai-asosy/amniyat/charo-na-zati-o-r-znomanigoronro-atl-mekardand/
ЗИНДАГИНОМАИ МАРДОНИ ХИРАДОИН
Дар адабиёти муосири тоҷик, хоса насри он эҷодкороне бо неруи қаламу истеъдоди волои худ ба тасвири зиндагии пуршебу фароз ва фаъолияту корномаҳои қаҳрамонони созандаи замон мепардозанд, ки ба сифати рӯзноманигору публитсист бо иншои мақолаю матолиби пурмуҳтаво, ки гуногунпаҳлуву ҷолиб ва омӯзанда маҳсуб меёбанд, маъруф гардидаанд. Нависандагоне, ки дар самти таълифи осори мустанади бадеӣ саъйю талош намуда, ҳаёти пурҷӯшу хурӯш ва заҳмату амалҳои фидокоронаи мардони арсаи корро ба риштаи тасвир кашида, дар ин масир муваффақ шудаанд, дар адабиёти кунунии тоҷик зиёданд. Устодон Бахтиёри Муртазо, Шералӣ Мӯсо, Раҷаб Мардон, Ато Ҳамдам, шодравон Нур Табаров ва чанди дигар аз ҳамин роҳ гом ниҳода, асарҳои шоистаю дархӯри замон офаридаанд. Дар ин радиф, метавон аз нависанда ва рӯзноманигори соҳиблаёқату сермаҳсул Хуршеди Атовулло ва асарҳои хондании ӯ ном бурд. Хуршеди Атовулло ҳанӯз аз шонздаҳсолагӣ ба эҷоди лавҳаю тарона ва баъдан ҳикоя машғул шуда, тадриҷан бо таҷрибаи зиндагӣ андӯхтану омӯзишу мутолиаи бардавом ба таълифи қиссаҳои мукаммал, ки дорои аҳдофу ғояи гуманистӣ ва меҳанпарварона мебошанд, ҷиддан камар баст, ки гувоҳи ин китобҳои ба нашр расондаи ӯ –«Зиндони зиндагӣ», «Шабчароғи ёд», «Пайванди пайкараҳо», «Марги журналист», «Хунро бо хун мешӯянд», «Тумори андӯҳ», «Санге ба гӯри Лайлӣ» ва «Гули ишқ ва зодаи ашк» мебошанд. Мавсуф дар оғози фаъолияти адабӣ бештар ҳикоя менавишт. Вале баъдтар рӯ ба эҷоди қиссаҳои детективӣ овард. Дар асарҳои детективии Х.Атовулло қаҳрамони асосӣ, ки алорағми ноадолатию фасодкориҳо муборизаи беамон мебарад, Ҷамшеди Ҳабиб мебошад, ки журналист асту сюжаи асарҳои ӯ бештар ба фаъолияти рӯзноманигорияш бастагӣ доранд ва воқеияти аслии зиндагии насли замони ҷанги дохилиро бозгӯӣ мекунанд. Дар қиссаҳои силсилавии мантиқан бо ҳам алоқаманди нависанда («Марги журналист», «Хунро бо хун мешӯянд» ва ғ.) ба ҷуз аз Ҷамшеду ҳампешагонаш, ҳамчунин, образи муфаттишони таҷрибаманду доно, амсоли Шоҳин Азизов, Амонов офарида шудаанд, ки бо кордонию ҷуръати хеш баҳри волоияти қонун, таҳкими он, барқарории адолату ҳақиқат ва фош намудану ба маҳкама кашидани фасодкорону амалдорони риёкор мубориза мебаранд, ки аз чеҳраҳои хотирмон ва мусбат мебошанд. Хуршеди Атовулло ҳамчун адиби нозукхаёлу пурхонда аз беҳтарину тозатарин осори нависандагони номвари ҷаҳонӣ огаҳӣ ва бардошти пурсамар дорад. Дар қиссаҳояш ишқу муҳаббати пок, ки аз чашмаи назофату назокат ва порсоиву парҳезгорӣ об мехӯрад бо маҳорату ҳунари нигорандагии хоса тасвир ёфтаанд. Дар ин боб, образҳои Ситораю Дилноза ҷойгоҳи муҳим дошта, дар қиссаҳои нависанда онҳо таҷассуми муҳаббати воқеӣ мебошанд. Азбаски қиссаҳои детективии Х.Атовулло бо ҳам аз ҷиҳати муҳтавою ғоя иртиботи ногусастанӣ доранд, аксаран аз тасвири ҳодиса, ба монанди куштори пурмуаммою фоҷиаборе, муроҷиати ҷабрдидае ба мақомоти тафтишотӣ оғоз мешаванд. Қаҳрамони қиссаҳои адиб Ҷамшеди Ҳабиб бо пуштибонӣ ва дастгирии полковник Шоҳин Азизов ва муфаттиш Амонов калобаи чигили ин воқеаву рухдодҳоро мекушояд ва раванди вусъати низоъу бархӯрдҳоро бо забони фасеҳу хушобуранг ва равону фаҳмо тасвир мекунад. Дар қиссаҳои нависанда ғояи мубориз будану баҳри имрӯзу фардои ватан фидокорӣ кардан дар мисоли қаҳрамонҳое, ки болотар ном бурдем, равшану бармалост. Бо вуҷуди ин, дар қиссаҳои мазкур ва дигар навиштаҳои нависанда дар тасвири лаҳзаҳои гуногуни ҳаёти қаҳрамонон, хусусан, монологҳои ботинӣ як навъ эҳсоси руҳафтодагию, навмедӣ, баъд аз фарҷоми ҳар як қисса ба мушоҳида мерасад. Аз фишори афроди алоҳида қаҳрамонони асар гоҳо роҳи раҳоию бурунрафт аз вазъиятро наёфта, ба назар нозуку пессимист ҷилва мекунанд. Тавре ишора кардем, Хуршеди Атовулло ҳамчун публитсист низ бо оростани мусоҳибаю иншои очеркҳои ҷолиб маъруфият дорад, ки китоби тозаи ӯ-«Гули ишқ ва зодаи ашк» ба ин мисол шуда метавонад. Китоб 19 мусоҳибаи дар солҳои гуногун анҷомдодаи муаллифро дарбар гирифта, дар бозтобу инъикоси зиндагию фаъолияти абармардони соҳаи адабиёту фарҳанг ва дар маҷмуъ, зиёиёни соҳибназару талошманд, ки ба монеаҳову ҷабри замону давр нанигариста, бо осори ибратомӯзи маърифатпарваронаашон аз худ номи неку мондагор гузоштаанд, нақшу саҳми муассир мегузорад. Ба сифати мусоҳибон Х.Атовулло мардони саҳнаи адабиёту фарҳанг, амсоли ҳунарманди нодиру нотакрори театр, шодравон Фаррухи Қосим, журналист Муҳиддин Олимпур, нависандаи рангинхаёлу соҳибсабк Муҳаммадзамони Солеҳ, публитсисти шинохта Мазҳабшо Муҳаббатшоев, донишманд Иброҳим Усмонов, адиби сермаҳсул Шераки Ориён, нависанда ва публитсист Ато Ҳамдам ва чанд тан аз сиёсатмадорону санъаткорро баргузидааст, ки аз нигоҳи жарфу ҷаҳонбинии фароху омӯзиши бавусъати ӯ шаҳодат медиҳад. Як хусусияти вижаю назарраси мусоҳибаҳои Хуршеди Атовулло дар он зоҳир мешавад, ки вай ҳамчун публитсистӣ соҳибистеъдод ҳаргиз ба сухану пурсишҳои якрангу қолабӣ ва хушку дилгиркунанда роҳ намедиҳад. Суолу пурсишҳояш серпаҳлӯ баҳри ошкор намудану ба хонанда расондани сирру асрор ва розу рамзи паҳлуҳои эҷодиёти ину он адибу ҳунарманд, публитсист ва ё як инсони муқаррарӣ бо пешаи муқаррарияш, вай то метавонад дунёи ботинии қаҳрамонҳояшро зеру рӯ мекунад, лаҳзаҳоеро аз зиндагии мураккаб, вале дар айни ҳол пурифтихори онон рӯйи сафҳа меорад, ки ҷаззобу муассиранд. Ҳар як мусоҳибаи Х.Атовулло бо пешгуфтор (тавзеҳот) ё руҷуи лирикие оғоз мешавад, ки фаъолияту корномаи мусоҳиби ӯро муаррифӣ менамояд, аммо ҳаргиз на ба гунаи дилбазани маълумоти шарҳиҳолӣ. Дигар хусусияти услубии мусоҳибаҳои публитсист аз он иборат аст, ки вай дар муқаддимаи ин мусоҳибаҳо иқтибосҳоеро аз шоирону нависандагони адабиёти классикии форсу тоҷик, мутафаккирону файласуфони ҷаҳон меорад, ки ҷанбаи андарзомез доранд ва бо ҳадафу ғояи навиштааш тавъам мебошанд. Таври мисол, дар мусоҳибаи аввали китоб- «Ман дард мекашам, пас ман ҳастам…» (Ё розномае аз рӯзгору пайкори Фаррухи Қосим) муаллиф дар ибтидо пораеро аз қиссаи нависанда, шодравон Муҳаммадзамони Солеҳ – «Ишқи актиёри пир» меораду сипас, ин байти Ҷалолиддини Балхиро оғозбахши мусоҳиба қарор медиҳад:
Аз мо рухи зарду ҷигари пора талаб,
Бозорчаи қасабфурӯшон дигар аст.
Дар мусоҳибаи зикршуда ҷузъиёту тарафҳои зуҳури ҳунари зотии Фаррух Қосимов дар бобҳои «Саҳна», «Аҳорун», «Ишқи актёри пир» ба таври мухтасару муҷаз рақамзанӣ ва маҳорату иқтидори интеллектуалии ҳунарманд бо фарогирии нуктаву андешаҳои воло ва арқому далоили воқеӣ ифода мегардад. Аз муҳтавои мусоҳиба хонанда огаҳӣ ҳосил мекунад, ки қиблагоҳи вай аввалин ҳунарманди мардумии ИҶШС дар Осиё Миёна Муҳаммадҷон Қосимов ба писараш Фаррух панд медиҳад, ки аз пайи пешаи ӯ наравад. Аммо ба рағми таъкиди падар, Фаррух ба Донишкадаи ҳунарҳои зебо дохил ва ба тадриҷ вориди саҳнаи театр мешавад. Муаллиф ин лаҳзаро чунин ба қалам додааст:
«Падар он лаҳза чизе нагуфт. Чанд моҳ пас, аз дидану имтиҳони кори мустақилонаи Фаррух ба ҳамсараш иқрор шуд:
-Ман хато карда будаам. Фаррух пайроҳаи хешро меёбад».
Ҳамин тавр, Фаррух Қосимов на танҳо дар офаридани образҳои қаҳрамонони асарҳои ватанию хориҷӣ дар саҳна нақши бузург мебозад, балки як силсила асарҳои драмавиро дар сатҳи баланди ҳунарӣ ҳамчун коргардон таҳия менамояд. Вале, ба таъйиди публитсист, нуқтаи баландтарини дастоварди ҳунарманди асил ҳамоно таъсиси театри «Аҳорун» дар соли 1990 ба шумор меравад. Ба андешаи Х.Атовулло, ҳамаи асарҳои драмавие, ки Фаррух Қосимов таҳия ва ба саҳна мегузошт, як навъ хусусияти ҳушдордиҳанда доштанд, ки бо ҷанбаи фалсафию ҳикматомези худ аз дигар намоишномаҳо фарқ мекарданд.
Аз ҷумла, намоишномаи «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон…». комилан дорои ғояи дурандешонаи меҳанпарварӣ ҳисоб меёфт. Дар мусоҳиба омадааст:
«Фоҷиаи Исфандиёр» ҳушдоре буд: «Ба худ биёед!»
«Шайх Санъон» огоҳие буд: «Аз карда пушаймон хоҳед шуд!»
«Фоҷиаи Фаридун» фарёде буд: «Бо ҳам бисозед, охир аз як модар шир хӯрдаем!»
«Хари даҷҷол» заҳрханде буд: «Бубинед хешро дар саҳна!»
Дар мусоҳибаи «Гули ишқ ва зодаи ашк» перомуни зиндагӣ ва фаъолияти нотамоми аккоси ҳирфаӣ, шодравон Муҳиддин Олимпур, бо истифода аз руҷуъҳою абёт ва андешаҳои пандомӯз, ки сар то сари навиштаро фаро гирифтаанд, сухан меравад. Оҳангу бардошти мусоҳиба чун бахши аъзами навиштаҳои Хуршеди Атовулло тобиши навмедзою руҳафтодагӣ дорад ва ин бе ваҷҳ ҳам нест. Зеро, тавре маълум аст, Муҳиддин Олимпур бе ҳеҷ гуноҳ ва ё сабабе аз дасти қотилони бадгавҳар ба қатл расонда шуд ва орзую таманноҳояш дар нимароҳ монд. Онгуна ки аз мусоҳиба бармеояд, хидмату нақши бузурги М.Олимпур дар муаррифию шинохоти чеҳраҳои тобноки санъату адабиёт бесобиқа буда, ӯ тавонист намунаҳое аз эҷодиёти сарояндагони барҷаста, чун Аҳмад Зоҳиру Гугуш, Саттор ва шоирони нобиға Фурӯғи Фаррухзоду Аҳмади Шомлу, Нодири Нодирпуру Маҳдӣ Ахавони Солисро пешниҳоди хонандаю тамошобини тоҷик гардонад. Дар дафтари шашуми ин мусоҳиба андешаҳои Хуршеди Атовулло нафоси эътирозу салои даъват ба бедорию ҳушёрӣ пайдо мекунад, ки ба таҳқиқ моҳияту хулосаи як асарро дорост:
«Бовар намекардам, ки Разолат ба Адолат, Ҷаҳолат бар Хирад, Фисқ бар Покӣ, Зиштӣ бар Зебоӣ ғолиб омадааст. Бовар намекардам зеро то они лаҳзае таронаву шеър дар даре суруди «Алла» мехонад, ин рӯбаҳакони панҷакӯтоҳи сияҳимонро дуои модар мекушад, аллаи модар мекушад, наҷвои пешазмаргии Олимпур мекушад»…
Мусоҳибаи дигари Хуршеди Атовулло «Ӯ дар ин шаҳр як марди танҳое буд…» ном дошта, ба тасвиру тафсилоти ҳаёти мураккабу мушкили нависандаи мумтоз, шодравон Муҳаммадзамони Солеҳ бахшида шудааст. Руҷуҳои лирикии муаллиф дар ин мусоҳиба бо хобҳо оғоз мешавад: хоби аввал, хоби дуввум… Азбаски тамоми сужаю муҳтавои осори нависандаро фалсафаи рисолати Инсон дар чорсӯи зиндагӣ ва моҳияти ҳастиву бақои вай ҳамчун офаридаи ашрафи мавҷудот ташкил медиҳад, бад-ин сабаб, мусоҳиб ба жарфои афкори баланди адиб пай бурдаву решаҳои зуҳури худшиносӣ, шинохти арзишҳои миллӣ, рӯ овардани М.Солеҳ ба ривояту асотири гузаштаи ориёиҳо, ҷустуҷӯю кашфи асрори муаммои ҳастии Инсон, муборизаи азалию адабии нерҳои хайру шарр ва ниҳоят, ифтихор аз таърихи гузаштаро дарёфтан мехоҳад. Ба яке аз суолҳои Х.Атовулло нависанда, аз ҷумла, чунин посухи ҷолиб ва омӯзанда медиҳад:
«Тамоми қаҳрамонони достони ман дар масири зиндагии худ барои шинохти худ, ки онҳо кистанд?», равонковӣ мекунанд. Дигар ин ки, адабиёт нусхабардории айнани ҳаёт нест. Адабиёт раҳнамоӣ ба сӯи ниёзҳост. Адабиёт гуфтани ҳақиқат нест, балки нишон додани ниёзҳои ҷомеаи инсонӣ аст.» Афкор ва нуқтаи назари фардии шодравон Муҳаммадзамони Солеҳ дар посух ба чанд суоли Хуршеди Атовулло баёнгари он аст, ки вай фарҳангу тамаддуни тоҷикро бузургтарину куҳантарин дар рӯйи олам ҳисобида, аз он тафохур дорад, ки бавуҷудоварандаи нахустин алифбо, хати авестоӣ тоҷикон мебошанд. Дар ҳоле ки дигар халқиятҳо ба таври қавмию қабилагӣ ҳамчун бадавӣ умр ба сар мебурданд, тоҷикон дорои давлат, шаҳр ва дину мазҳаби тавҳидӣ буданд. Пурсишҳои Х.Атовулло фарогиру пурмуҳтавоянд ва дар бозтобу таҷассуми сабку шеваи эҷодии нависандаи тозагуфтору ҳаким ва тавонманде чун Муҳаммадзамони Солеҳ, ҳамзамон, фалсафаю ғояи консептуалии асарҳои адиб, ба мисли «Ишқи актиёри пир», «Сояҳои шикаста», «Симфонияи марг», «Сафари ҳаштуми Синдбод», «Оҳанги шаҳри ишқ» ва аз ин қабил нақши муассир доранд. Ҷолибияти паҳлуи назарраси саволҳои Хуршеди Атовулло дар он аст, ки ин суолҳо бо моҳияту ҷавҳари худ андешаҳои ӯро низ дар хусуси осори адиб инъикос менамоянд. Минҷумла, вай дар боби яке аз поягузорони насри модернистӣ ҳисоб ёфтани Муҳаммадзамони Солеҳ, парҳез аз тасвирҳои қолабиву зоҳирӣ, бештар рӯ овардан ба дунёи ботинии инсонҳо аз ҷониби адиб пурсишҳо анҷом медиҳад ва ҳароина, посухҳои дақиқу амиқ мегирад. Воқеан, Муҳаммадзамони Солеҳ аз нависандагони навгарою пешгоме ба шумор мерафт, ки дар айни авҷи камолоти эҷодӣ ва нумую рушди истеъдод ҷаҳонро падруд гуфт ва посух ба суоли Х.Атовулло, ки:
-Як ҷумлае, ки бо он тамоми эҷодиёти худро ҷамъбаст мекунед? Чунин аст:
-Ман дард мекашам, пас, ман ҳастам, ба пуррагӣ моҳияту мағзи эҷодиёти шодравонро ифода мекунад.
«Сухани журналист созанда бояд бошад, на сӯзанда»-чунин унвонгузорӣ намудааст мусоҳибаи дигари худро Хуршеди Атовулло, ки ба фаъолияти рӯзноманигорӣ ва муҳарририи публитсист ва нависандаи шинохта, Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам бахшида шудааст. Руҷуъҳои лирикии муаллиф дар ин мусоҳиба ба шакли «Достони аввал», «Достони дуввум», «Достони саввум»… оғоз ёфта, ин пора ба таври зайл- «Ато мегурезад». «Аз Тоҷикистони Советӣ нагузаред», «Шикояте, ки панҷоҳ саҳифа буд», «Бомба»-и Мирбобо» ва ғайра номгузорӣ шудаанд, ки ҳар яке аз ин лавхаҳо бо баёну нақли ҳодисаю рухдоде, ки дар нашрияи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), пайкори кормандони он, низоъҳою бархӯрдҳои ғайримунтазира ва нотавонбинии афроди ҷудогона ва фишору зургӯйии мақомоти болоӣ (Кумитаи ҳизби Коммунистии ҷумҳурӣ) ба амал меоянд, сабақомӯз буда, аҳамияти бузург дар ҷустуҷӯи адолату ҳақиқат ва такомулу таҳаввули маҳорату қобилияти ҳирфаии рӯзноманигорон дорад. Дар ҳашт достони кӯтоҳу мухтасар публитсист бо тасвиру бозгӯйи амалҳои дурандешонаи Ато Ҳамдам ба сифати раҳбари як нашрия, иродату ҷасоратмандӣ, донишмандию кӯшоӣ, ҳимояту пуштибонии ӯ аз кормандони нашрия, авфу бахшиши гурӯҳе аз аризабозони аз карда пушаймон, руҳи барозанда ва истеъдоди волои қаламкашию санъати сарварии ӯро ҳамчун публитсисти иқдомпеша, ки аз пайи таъсиси саҳифаҳою рубрикаҳои нав ва дар маҷмуъ, таҳаввулоту дигаргуниҳои бузурге, дар масири беҳтар гардидани сатҳу сифати рӯзнома, ҷустуҷӯҳои услубию бадеӣ ва ғайра азму талош меварзад, корномаи мондагори ӯро меофарад. Нуқтаи меҳварии мусоҳибаро иқдоме, ки он солҳо рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» бо сарварии публитсист Ато Ҳамдам пеш гирифта буд, яъне таъсиси саҳифаи «Мулоқоти ғоибона», ки дар он кормандони рӯзнома бори нахуст вазиронро ба суҳбат даъват мекарданд, дар бар мегирад. Маҳз чунин иқдому навоварӣ ва ҷустуҷӯҳои ҳирфаии кормандони нашрия ба он мусоидат намуд, ки теъдоди нашри он ба 200 ҳазор расад. Аз ин хотир, Ато Ҳамдамро ба Кумитаи Марказӣ даъват карда, ошкоро таъкид мекунанд, ки «шумо ҳақ надоред, аз рӯзномаи ҳизбии «Тоҷикистон Советӣ зиёд нашр кунед. Бача, аз ҳад нагузар!» Чунин низоми коргузорию фаъолияти қаҳрамони мусоҳиба ибратомӯз буда, аз хислатҳои неки инсонии вай, чун хоксорию фурӯтанӣ, гӯш ба садои ҳар як нафар корманд додан, фидокорию ҷаҳду талоши ӯ шаҳодат медиҳад:
«…Худи ман ҷавон будам, ҳамагӣ 28 сол доштам. Рӯзи аввали кориам ҳамаро ба дафтари корӣ даъват намуда, гуфтам: «ман аксарияти шуморо мешиносам. Бо шумо рафиқ ҳам ҳастам. Ва ба ҳукми тақдир имрӯз мо ҳамроҳ кор мекунем. Ман мехоҳам, ки мо ҳамдигарро бо як нигоҳ фаҳмем. Барои ман андешаи он ки «ман ин ҷо роҳбар ҳастам, бегона аст. Ман ҳам баробари шумо ҳастем. Барои он омадам, ки аз шумо омӯзам ва чизе аз ман ҳам бигиред. Барои ҳамин, дари сармуҳаррири рӯзнома ҳамеша ба рӯятон боз аст», -мегӯд А.Ҳамдам дар посух ба пурсиши мусоҳиб. Дар мусоҳибаи зикршуда обуранги бадеӣ ва монологу андешаҳои публитсист камтар ба назар расида, воқеият ҷойгоҳи асосиро ишғол мекунад. Дар радифи мусоҳибаҳое, ки дар фавқ таҳлилу баррасӣ намудем, ин мусоҳиба бо ҷанбаи воқеиятнигории худ, ки бастагии мустақим ба ҷасорату азм ва шукуҳмандии рӯҳи тавонои қаҳрамони он-публитсист ва нависандаи шинохта, устод Ато Ҳамдам дорад, мавқеи арзишмандеро доро мебошад. Дар умум, мусоҳибаҳои дигар, ки дар китоби «Гули ишқ ва зодаи ашк» ҷой дода шудаанд, монанди «Коломбо аз Тоҷикистон», «Усмонов», «Кӯҳи ғурур», «Истеъдод лутфи Худовандист», «Духтари дадош», «Тӯмори танҳоӣ» «Чароғе аз паси найзор», «Лонаи тақдир», «Аз дуои падар то орзуи модар», «Аз сӯхтан то сохтан» низ хонданию таассуротбахш буда, аз камолоти ҳунару қобилияти публитсистии рӯзноманигор ва нависанда Хуршеди Атовулло дарак медиҳанд. Андешаҳои пандомӯзи қаҳрамонони мусоҳибаҳо, тасвиру бозтоби фаъолияти созандаи онҳо дар ҳамбастагӣ бо руҷуъҳои лирикию хулосабарорию натиҷагириҳои публитсист ва ба таври равшану амиқ таҷассум намудани симои мусоҳибон аз муваффақияти Хуршеди Атовулло ба шумор мераванд. Ба публитсист ва нависанда зарур аст,ки ба ҷанбаи ғоявии осори насрӣ (қиссаҳои детективӣ) ва мусоҳибаҳои худ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намояд, зеро ҳадафи эҷодкор ва адабиёти бадеӣ тасвири қаҳрамонони фаъолу кӯшо ва созанда мебошад.
Шодӣ Раҷабзод, адиб
https://farazh.tj/sahifai-asosy/jomea/zindaginomai-mardoni-hiradoin/
Иттиҳоми нав ва мӯҳри махфӣ дар парвандаи Аҳмади Иброҳим
Ба парвандаи Аҳмадӣ Иброҳим, сардабири нашрияи “Пайк” дар Хатлон, ки моҳи августи имсол бо иттиҳоми “додани пора ба корманди КДАМ” ду иттиҳоми нав илова карда, “муҳри махфӣ” задаанд. Читать далее Иттиҳоми нав ва мӯҳри махфӣ дар парвандаи Аҳмади Иброҳим
Таджикская правозащитница номинирована на престижную премию Мартина Энналса
Таджикская правозащитница Дилрабо Самадова номинирована на престижную премию Мартина Энналса, сообщает международная неправительственная организация Human Rights First. Читать далее Таджикская правозащитница номинирована на престижную премию Мартина Энналса
МАСИРИ ОЗОДИИ СУХАН
Як созмони ғайриҳукуматии мустақил бо миқдори начандон зиёди кормандон чӣ гуна корҳоро анҷом дода метавонад? Барои посух гуфтан ба пурсиши мазкур кофист ба фаъолияти Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) назар андозем. Читать далее МАСИРИ ОЗОДИИ СУХАН
Нақши воситаҳои ахбори омма дар татбиқи сиёсати ҳуқуқии мамлакат назаррас аст
Дар муҳити иттилоотии имрӯза нақши воситаҳои ахбори омма дар баробари дигар соҳаҳо дар инъикоси паҳлуҳои гуногуни ҳаёти кунунӣ, пешрафт ва тараққиёти давлат бузург мебошад. Ташаккули воситаҳои ахбори оммаи миллӣ, бахусус матбуот, радио ва телевизион ва агентиҳои иттилоотӣ бо таваҷҷуҳ ва талош барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ нақши воситаҳои ахбори оммаро дар ҳаёт боз ҳам назаррастар мегардонад.
Воситаҳои ахбори омма дар инъикоси масъалаҳои ҳалталаби рӯз ва ташаккули афкор бартарӣ доранд. Изофатан, сомонаҳои он ки ҷузъи асосии расонаҳои хабарии муосир мебошанд, фазои «иттилоотии ҳаррӯза» — ро пурра мегардонанд. Аксари кулли масъалаҳо дар воситаҳои ахбори омма ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ мешаванд. Махсусан, дар арсаи сиёсат воситаҳои ахбори омма дар афзудани афкори сиёсии омма нақши муассир доранд.
Таърихи навини давлатдории миллӣ нишон медиҳад, ки аз ибтидои Истиқлоли давлатӣ ва таҳкими сиёсати ҳуқуқии мамлакат ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки «амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии мамлакатамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё созем» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», шаҳри Душанбе, 28 декабри соли 2023 // Ҷумҳурият -2023. – 28 декабр).
Меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ташкил медиҳад, ки бо назардошти арзишҳои умумибашарӣ, манфиатҳои миллӣ ва ҳамоҳангкунии қонунгузории давлатҳо амалӣ карда мешавад. Он дар коҳиш додани таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, муқовимат ба хатарҳо ва таҳдидҳои терроризм, экстремизм, коррупсия ва ҳифзи фазои иттилоотӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 марҳилаи навбатии рушди ҷомеа дониста мешавад. Чунки қабул гардидани санад ва қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро пурра таъмин менамояд.
Дар шароити муосири давлатдорӣ яке аз вазифаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд дар баробари масъулияти тарафайни давлат, шахс ва робитаи ҳуқуқии давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ — ин ҳифз, риоя ва ҳимояи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад ва дар воситаҳои ахбори омма ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус дода шудааст.
Воситаҳои ахбори омма тоҷик дар маҷрои нави сиёсат низ мавқеи худро устувор нигоҳ дошта, чун узви ҷудонашавандаи воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ ба талаботи иқтисоди бозаргонӣ мутобиқ мегарданд ва фаъолияти худро идома медиҳанд. Воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ дар инъикоси матлабҳо оид ба сиёсати дохилӣ ва сиёсати хориҷӣ пайваста фаъолтар мегарданд ва дар ҳар маводи онҳо муносибати ин воситаҳоро ба сиёсат дарёфтан мумкин аст. Воситаҳои ахбори омма бо таҳлил ва нишон додани санадҳо исбот карданӣ мешаванд, ки сиёсати ҳуқуқии кишвар дар расонаҳо ҷойгоҳи муҳим дорад. Он ба таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.
Дар сомонаи АМИТ «Ховар» маводи қобили таваҷҷуҳ оид ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ба табъ расидааст, ки ин мавзуъро пурра инъикос менамояд: «Иқдоми эълоннамудаи Сарвари давлатро бояд чунин фаҳмид, ки ҳар шаҳрванди огоҳи мамлакат бо фаъолмандии худ барои пешрафти бештари Тоҷикистони азиз саҳмгузор буда метавонад» (Муминзода Қ. Соли маърифати ҳуқуқӣ. Он марҳилаи нави рушди ҷомеа хоҳад гашт // Манбаи дастрасӣ: https://khovar.tj/2024/07/soli-marifati-u-u-on-mar-ilai-navi-rushdi-omea-ho-ad-gasht).
Воситаҳои ахбори оммаи миллӣ имрӯз ба таври густурда масъалаи дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини волоияти қонун, таҳкими раванди демократикунонӣ дар ҷомеа, бароҳмонии сиёсати дурусти ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирӣ намудани ҳар гуна ҳуқуқвайронкунӣ андешидани чораҳои воқеии муассир, қабули як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ислоҳоти бунёдии ҳуқуқӣ дар Тоҷикистонро пайваста инъикос менамоянд.
Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими меъёрии ҳуқуқие, ки дар он ин мафҳумро метавон дарёфт кард, Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 мебошад, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 феврали соли 2018 тасдиқ карда шудааст. Дар банди 12-и ин консепсия истилоҳи «маърифати ҳуқуқӣ» чунин пешбинӣ карда шудааст, ки танзими самаранокии низоми устувори сиёсии демократӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мамлакат, таъмини ҳуқуқии ҷараёни рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани шуурнокӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Барои татбиқи сиёсати ҳуқуқии мамлакат матлабҳои зиёдеро метавон дар воситаҳои ахбори омма пайдо кард. Воқеан, вақте кас ба нигоштаҳои воситаҳои ахбори омма рӯй меорад, равшан мегардад, ки «дар баробари дигар ниҳодҳои марбутаи давлатӣ нақши воситаҳои ахбори омма (ВАО) дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ тавассути тарғиб ва шарҳу тавзеҳи меъёрҳои қонунгузорӣ назаррас аст» (Файзалӣ С. ВАО ва нақши он дар татбиқи хостаҳои Ҳукумат // Ҷумҳурият. — 2024. — 15 июл).
Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ба масъалаи мавриди назар аз он дидгоҳ наздик мешаванд, ки маърифати ҳуқуқӣ ҷузъи муҳими фаъолияти давлат, сиёсати ҳуқуқии мамлакат ва ҷомеаи ҳуқуқбунёд буда, ба пойдор гардидани тартибот ва адолат мусоидат мекунад, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин менамояд. Дуруст аст, ки маърифати ҳуқуқӣ ба падидаи давлати ҳуқуқбунёд, ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва адолати иҷтимоӣ алоқаманд аст.
Матбуоти миллии Тоҷикистон, аз ҷумла рӯзномаи «Ҷумҳурият» перомуни ин мавзуъ матолиби гуногун нашр мекунад. Он ақидаеро пеш меорад, ки «воқеан, яке аз роҳҳои ташаккул ва инкишофи давлати демокративу ҳуқуқбунёд дар баробари дигар омилҳои таъсиррасон баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ба шумор меравад» (Саидзода И. Маърифати ҳуқуқӣ дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат // Ҷумҳурият. – 2024. — 24 июн).
Мақсад аз ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии ҷумҳурӣ қарор гирифтани масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ дар расидан ба мақсадҳо барои дар амал татбиқ намудани ҳама арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла волоияти қонун ба ҳисоб меравад.
Воситаҳои ахбори омма бар он мебошанд, ки яке аз хусусияти хоси давлати ҳуқуқбунёд мавҷудияти сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Бинобар ин, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон низ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Зеро воситаҳои ахбор яке аз институтҳои муҳимми сиёсӣ буда, дар татбиқи сиёсати ҳуқуқии мамлакат нақши муҳим доранд: «Яке аз институтҳои муҳимтарини системаи сиёсии ҷомеаи муосир ВАО ба шумор меравад. Он ба тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъият, махсусан ба ҳаёти сиёсии ҷомеа таъсир мерасонад» (Қодирӣ А. Нақши ВАО дар таъсирпазирии ҷомеа // Манбаи дастрасӣ: https://mit.tj/article).
Дар бештари маврид Воситаҳои ахбори омма дар паҳн кардани ғояву арзишҳои миллӣ ва давлатӣ мавқеи мушаххас доранд. Вобаста ба пешрафти ҷомеаи инсонӣ мазмун ва мундариҷаи воситаҳои ахбори омма низ мукаммал гардида, вазифадор мешавад, то барои ташвиқу тарғиби ғояҳои давлатӣ ва арзишу армонҳои миллӣ истифода шавад. Воситаҳои ахбори оммаи расмӣ ва мустақили Тоҷикистон манфиатҳои халқу миллат ва ҷомеаро пайгирӣ менамояд. Ҳамин аст, ки воситаҳои ахбори Тоҷикистон ҳамеша дар масъалаи равнақу ривоҷи ҷомеаи ҳуқуқбунёд маводи бисёреро бозтоб мекунанд: «Яке аз роҳҳои муассири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хонандагон васеъ намудани донишҳои ҳуқуқӣ, таблиғи доимии меъёрҳои қонунгузорӣ тавассути ВАО мебошад» (Сатторзода А. Мафкураи тарбиявӣ дар мадди аввал // Манбаи дастрасӣ: https://jumhuriyat.tj/bahsho/3883-marifati-uu-mafkurai-tarbijav-dar-maddi-avval.html). Аксар мавод вобаста ба мавқеи сиёсати ҳуқуқии мамлакат дарҷ мегарданд. Нигоштаҳои воситаҳои ахбори омма ба сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон мувофиқ буда, барои амалӣ кардани он мусоидат мекунанд.
Журналистикаи тоҷик маводи хонданбоби рӯз ва ҷолибу муҳим ба табъ мерасонад, ки маърифати ҳуқуқӣ ба давлат, ҷомеа ва инсоният аҳамияти басе муҳим дорад. Барои ташкил намудани ҷомеаи устувор ва дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ шаҳрвандонро зарур аст, ки донишҳои ҳуқуқии худро беҳтар намоянд. Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон талошҳои муштараки ҷомеа ва давлат зурур аст ва бо он метавон фарҳанги муътадили ҳуқуқӣ ва сатҳи баланди огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандонро густариш бахшид.
Воситаҳои ахбори омма бо назардошти ақидаҳои таҳлилгарон ва коршиносон сиёсати ҳуқуқии мамлакатро инъикос мекунанд. Аз навиштаҳои расонаҳои иттилоотӣ ва дигар матолиби ҳамсон пай бурдан мумкин аст, ки дар онҳо устувории вазъи дохилии мамлакат, мустаҳкам гардидани мақоми ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ, аз таъмини манфиатҳои миллии хеш бархӯрдор будан, эътирофи истиқлолияту соҳибихтиёрии ҷумҳурӣ ва идомаи муносибатҳо дар пояи баробарӣ амалӣ гардидааст.
Нақши воситаҳои ахбори омма дар татбиқи сиёсати ҳуқуқии мамлакат назаррас аст
Таҳкими озодии баён ва дифоъ аз журналистон. 25 соли роҳи пур аз шебу фарози АМВАОМТ

Имсол Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, яке аз созмонҳои фаъоли рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон 25 сола мешавад.
Бисту панҷ сол муқаддам, замоне, ки кишвар акнун андак-андак худро аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ берун мекашид, вале ҳанӯз ҳам дар кӯчаҳои Душанбе камондорон гашту гузор мекарданд, замоне ки ҳанӯз ҳам сӯйқасдҳо ба ҷони журналистон идома дошт, бо ибтикори чанд тан аз ҷавонони бедори миллат Анҷумани миллии расонаҳои хабарии мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) арзи ҳастӣ кард.
Ин созмон аз ҳамон рӯзи таъсисаш пеши худ ҳадаф гузошт, то дар таҳкими решаҳои озодии сухану матбуот, дифои журналистон дар ҳолатҳои муқаррарию изтирорӣ, тарбияи журналистон аз рӯйи талаботи журналистикаи байналмилалии муосир саҳмгузор бошад. Роҳи тайкардаи Анҷумани мазкур баёнгари он аст, ки пайваставу пайгирона аз пайи амалӣ намудани ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии хеш аст.
Домани фаъолияти НАНСМИТ (номи русии АМВАОМТ) бисёр фароху бисёрҷабҳа аст. Онро шартан, метавон ба шаш самт тақсимбандӣ кард.
Тилав Расулзода
Нахуст, саъю талош дар роҳи таҳкими ҳамбастагӣ, якпорчагӣ такомули инсонию касбии журналистони кишвар. Анҷуман бо ҳар роҳу шева, бо ҳар сабабу баҳона, яъне семинар, тренинг, пресс-тур, сафарҳои дохиливу хориҷӣ журналистонро бо ҳам меорад, то онҳо муттафиқ, дорои ахлоқи ҳамида, рафтори нек, ба идеалҳои олии пешаи рӯзноманигорӣ, чун бағаразӣ, бекинагӣ, дастгирии ҳамдигарӣ, ҳимматбаландӣ, башардӯстӣ содиқ бошанд.
Дуввум, Анҷуман дар таҳияи қонунҳо ва асноди ҳуқуқию меъёрӣ фаъолияти муваффақ доштааст. Аз ҷумла, дар таҳияи тарҳи Қонун «Дар бораи матбуот ва васоити дигари ахбори омма» ва дар таҳриру иловаҳо ба он раиси Анҷуман шомили гурӯҳи корӣ буда, дар баррасӣ ва такмили он ширкати мустақим ва фаъол доштааст.
Маҳз бо ибтикори Анҷуман тайи соли 2008-2009 «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» таҳия гардид. Ҳамзамон Созмони танзимкунандаи фаъолияти журналистон бо номи Шӯрои васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид.
Саввум, фаъолияти Анҷуман дар самти дифоъ аз озодии сухан ва ҳуқуқи журналистон аст. Ҳар куҷое болои журналисте фишоре эҳсос мешавад, ҳар куҷое хавфу хатаре барои ба ҳампешагон ба назар мерасад, Анҷуман аз пайи ҳимояи манфиатҳои ӯст. Раиси Анҷуман ё худаш бо мақомоти зидахл вориди баҳсу гуфтушинид мешавад ё тавассути адвокати хеш ба ҳимояи ҳампеша худ мехезад. Дар ин маврид метавон даҳхо мисолҳо овард. Мо худ борҳо шоҳиди чунин ҳодисаҳо ҳастем. Алҳол Анҷуман дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар намояндагии хешро ифтитоҳ кардааст, ки дар ҳайати хеш вакилони дифоъ доранд.
Чаҳорумин, коре, ки Анҷуман анҷом медиҳад ин баргузории семинару тренингҳои омӯзишӣ барои журналистон аст. Мавзуъҳои омӯзиш рангоранг ва дархури фаъолияти рӯзмарраи журналистҳо ҳастанд: «Дастрасӣ ба иттилоот», «Таҳқиқоти журналистӣ», «Амнияти журналист», «Журналистика ва низоъҳои марзӣ», «Этикаи журналистӣ», «Журналистикаи позитивӣ», «Далелсанҷӣ», «Ҳуқуқ ва масъулиятҳои журналист», «Журналист ва маҳкамаҳои додгоҳӣ», “Журналистикаи экологӣ” ва даҳҳо мавзуъоти мубраме ҳастанд, ки Анҷуман перомуни онҳо дарсҳои омӯзишӣ баргузор намуда, дар такомули донишҳои ҳурфавии рӯзноманигорон саҳми бориз гузоштааст.
Панҷумин самти фаъолияти Анҷуман- ин иштирок дар конфаронсҳо ва ҳамоишҳои ватаниву байналмилалӣ ва навиштани мақолаҳову гузоришҳо, доир намудани пурсиши афкор, баргузории мониторингҳост.
Яке аз чорабиниҳои АМВАОМТ бо мақомоти Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ
АМВАОМТ-ро бе номи сарвари он Нуриддин Қаршибоев наметавон тасаввур кард. Яъне НАНСМИТ ва Нуриддин Қаршибоев тавъам ҳастанд ва яке дигарро комил мекунанд. Ҳанӯз даҳ сол қабл созмони ҷамъиятии байналмилалии «Хабарнигорони бидуни марз» Нуриддин Қаршибоевро ба феҳрасти 100 нафар қаҳрамони иттилоотӣ шомил карда буд.
Ба қалами Нуриддин Қаршибоев беш аз 700 мақола мансуб буда, шояд дар беш аз ҳазор маҳфил гӯяндагӣ ва сарварӣ кардааст. Ба вижа, навиштан ва интишори мақолаҳои аксар таҳлилӣ худ баёнгари он аст, ки ин кас сад дар сад ҳаққи маънавии арзёбӣ намудани матлабу гузоришҳои матбуотӣ ва радиоиву телевизионӣ ҳастанд.
Яъне худашон чун улгу навиштанро ба дигарон бо қалами хеш нишон додаанд. Зеро, мутаассифона, нафарони зиёде ҳастанд, ки дар суханварӣ баландпарвоз ҳастанд, дар сухан осмонро оварда, ба замин мечаспонанд, вале дар амал ҳеч нерӯе, қудрате, тавоне, ҳунаре надоранд. Аз ин ҷост, ки шогирдҳо ба чунин носеҳон ва суханпардозон камтар бовар мекунанд. Хушбахтона, Қаршибоев назарияро бо амалия тавъам, кардаанд.
Шашум, тадвин ва омода намудани китобҳои гуногуни раҳнамои марбут ба паҳлӯҳои журналистикаи байналмилалии муосир бо забонҳои гуногун. Як қисм аз ин китобҳо китобҳои тарҷумашуда ҳастанд, ки такмили дониши назариявии хабарнигорон аҳамияти бузург доранд.
Вале сабаби муваффақ шудани Анҷумани расонаҳои миллии хабарии мустақили Тоҷикистон ҳатто дар донишҳои комили назариву амалии раҳбари он нест. Рози чунин маҳбубият дар шахсият ва одамияти сарвари Анҷуман нуҳуфтааст. Нуриддин Қаршибоев чун писари оҳангар, ҳунарманде, ки аз оҳан табару тешаву досу каланду путку шамшер месозад, як шахси заҳматкашу хоксору ботамкин, дар дӯстӣ устувор аст. Барояш мафҳуми маҳал вуҷуд надорад. Бо ҳама ҳамкорону дӯстону рафиқону шогирдон бархӯрди яксон, мутавозин ва эҷодиву корӣ дорад. Ҷаҳонгашта аст. Кишваре дар қитъаи Осиёву Амрико намондааст, ки вай нарафта, надида ва паёми Тоҷикистонро онҷо набурда бошад.
<img class=»img-responsive img-rounded» width=»100%» src=»https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/340635/71821176_10158790855074691_7981563619961733120_n.jpg»>
Нуриддин Қаршибоев асосгузори мактаби журналистикаи позитивӣ дар Тоҷикистон аст. Бо дастуру ҳидоят ва раҳнамоии ӯ тайи даҳ соли ахир садҳо маводи ҷолибу хонданӣ дар мавзуъи дӯстии халқҳои Тоҷикистону Қирғизистон омода ва нашр шуданд. Ин худ баёнгари рисолати башардӯстӣ, сулҳофаринӣ, таҳаммулпазирӣ доштани матлабҳо ва фаъолияти созандаи хабарнигорони тоҷик аст. Интишори ин матлабҳо дар расонаҳои гуногуни дохиливу хориҷӣ дар коҳиш ёфтани низоъ ва ташаннуҷ дар минтақаҳои доғи марзӣ нақши муассир бозиданд.
Яке аз бартариятҳо, афзалиятҳо ва вижагиҳои Нуриддин Қаршибоев ба тафовут аз дигарон дар он аст, ки ӯ ҳамеша дар ҳама ҷо, дар ҳама маврид, ҳангоми омода кардани гузоришҳо, мақолаҳо ва матни суханрониҳо пеш аз ҳама манфиатҳои миллиро дар қадами аввал мегузоранд. Дар маҳфилҳо, ҷаласаҳо, мусоҳабаҳо, ҳамоишҳое, ки дар дохили кишвар баргузор мегарданд, бо забони ноби форсии тоҷикӣ суҳбат мекунад. Ба мақом ва рисолати забони миллӣ арҷ мегузорад. Ин дар ҳолест, Нуриддин Қаришибоев забонҳои русиву тоҷикиву англисиро хуб балад ҳастанд.
Нуриддин Қаршибоев ҳамеша хушлибос, хуштабъ, хушмуомала, хушчеҳра, хушсимо, хушдилу хушгил аст.
<img class=»img-responsive img-rounded» width=»100%» src=»https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/340635/%D0%9D%D1%83%D1%80%D0%B8%D0%B4%D0%B4%D0%B8%D0%BD.jpg»>
Нуриддин Қаршибоев
Ӯ як шахси дилогоҳ аст. Ҳамеша аз ҳоли ҳампешагон хабар мегирад ва ба ҳангоми зарурат ба эшон дасти ёриву муҳаббат дароз мекунад.
Нуриддин Қаршибоев тавонистааст мактаби сарварӣ ва донишандӯзии худро таъсис бидиҳад. Умед бар он дорем, ки шумораи шогирдони ин мактаб пайваста афзун мегардад.
Роҳе, ки тайи 25 сол АМВАОМТ тай кардааст, бидуни шак, ҳаргиз роҳи суфтаву ҳамвор набудааст. Шахсе, ки ҳаракат мекунад, дар ҷустуҷуву дар такопӯст, шебу фарозро мепаймояд, пойҳояш силиҳои сангҳои сари роҳро кам намехӯрад. Ин як амри воқеист. Мутмаинем, ки Анҷумани мазкур шоҳроҳеро, ки интихоб кардааст, сарфи назар аз сангу харсангҳои сари роҳ, бидуни калавишу инҳироф идома медиҳад. Ба ин мусофири роҳи ҳақ, пуштибони озодии сухану адолату шукуфоӣ сарбаландӣ ва тавфиқ таманно дорем ва мегӯем: “Хаста набошӣ, ай марди роҳ!”
Сурат: Саҳифаи Нуриддин Қаршибоев дар «Фейсбук»
https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/20240918/takimi-ozodii-bayon-va-difo-az-zhurnaliston-25-soli-roi-pur-az-shebu-farozi-amvaomt
HRW: Тоҷикистон озодии баён, ҷамъомад ва динро маҳдуд кардааст
Рӯзи 13-уми январ созмони бонуфузи ҳомии ҳуқуқи инсон Human Rights Watch (HRW) ё худ Дидбони Ҳуқуқи Башар гузориши солона оид ба вазъи озодиҳо дар 100 кишвари ҷаҳонро муаррифӣ кард.
Читать далее HRW: Тоҷикистон озодии баён, ҷамъомад ва динро маҳдуд кардааст