Санаи 12-13 апрел бар асари боришоти шадид, ба деҳаи Одинабойӣ, ҷамоати Саричашма сел фаромада, боиси марги 13 нафар гашт. Аммо барои дастрасии иттилоот ва ҳузури кормандони васоити ахбори омма дар ҷойи ҳодиса монеа эҷод шудааст ва журналистон натавонистанд ба таври возеҳ ҳодисаро шарҳ диҳанд. Дар пайи эҷоди мушкилӣ аз ҷониби кормандони мақомоти полис барои ворид шудани хабарнигорон ба маҳалли офати табиӣ дар ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод, як қатор хабарнигорон тариқи телефон ба Бахши мониторингии Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) хабар доданд.
Маҳмудҷон Раҳматов, хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб аз эҷоди маҳдудият ва таҳдидҳои Абдулваҳҳоб Искандаров, сардори Раёсати корхои дохилии минтақаи Кӯлоб, муовини ӯ Ҳабибулло Сафаров, хамчунин, муовини сардори Шӯъбаи корхои дохилии ноҳияи Шӯрообод Тоҷиддин Саидов қисса кард.
Бино ба иттилои М.Раҳматов тақрибан пас аз як ҳафтаи фаромадани ярч дар Одинабойӣ иддае аз хабарнигорон ба ҷамоати Саричашма, ки шахсони зарардида ба мактабинтернати ин ҷамоат кӯчонида шуда буданд, бо мақсади сӯҳбат бо зарардидагон сафар мекунанд. «Ман бо ҳуҷҷат ва камераи наворбардорӣ барои Радиои Озодӣ рафта будам. Он ҷо махсус пост (дидбонгоҳ) ташкил карда шуда буд, ки бо амри А.Искандаров моро он ҷо гузаштан намемонданд. Ниҳоят маҷбур шудем бо роҳи пинҳонӣ ба наздихаймаҳо равем. Ҳоло корро сар накарда, як қатор кормандони полис расида омаданд, чун шумораашон зиёд буд, мо иқрор шудем, ки журналист ҳастем. Моро гирифта ба ситоди полис, ки он ҷо Искандаров менишаст, бурданд. Диктофонҳоямонро кашида гирифта, ба кофтани он даромаданд. Ман чанд маротиба даъво кардам, ки онҳо ба кофтани таҷҳизоти мо ҳақ надоранд. Яке аз он кормандон телефони шахсиамро гирон карда кофт, чун мо талоши зиёд кардем, онҳо натавонистанд чизеро аз он пок созанд. Танҳо пас аз 10-15 дақиқаи бозпурсӣ таҷҳизотамонро баргардониданд. Моро таҳқир карданд ва гӯё мо иғвогарӣ омада бошем, “ин ҷоро Украина карда наметавонед” гӯён моро бо амри Искандаров аз он ҷо берун карданд. Ҳатто кормандони ОМОН бо яроқ болои сари одамони зарардида меистоданд».
Дар тақвияти суханони хабарнигори Радиои Озодӣ, хабарнигори минтақавии ҳафтаномаи «Пайк» Баҳриддин Сангимадов гуфт, ки дар ҳақиқат онҳо ба макони сукунати муваққатии осебдидагон ҳозир шудаанд, вале онҳоро аз дарвозаи мактаб-интернат ворид шудан нагузошта, аз он ҷо рондаанд. Ба қавли хабарнигор ин шахсон Саидов Тоҷиддин, муовини сардори ШКД-и ноҳияи Шӯробод ва Сафаров Ҳабибулло, ҷонишини А.Искандаров будаанд. «Ман ба назди волидонам, ки онҳо ҳам дар қатори осебдидагонанд ва дар хаймаҳо менишастанд, рафтам. Акнун аҳволпурсӣ мекардам, ки намояндагони милитсия маро гирифта бурданд. Маро ба дохили интернат бурда, қатори дигар хабарнигорон давоми 10-15 дақиқа бозпурсӣ карданд, телефонҳоямонро, ки ба сифати диктофон истифода мекардем, кашида гирифтанд. Ман гуфтам, ки агар таҷҳизотамро гирифтани бошанд, протокол карда расман мусодира кунанд, вагарна ҳақ надоранд, кашида гиранд. Вале ба ҳар ҳол пас аз 15-20 дақақаи бозпурсӣ баргардониданд ва фикр мекунам, азбаски ба телефонам сарфаҳм нарафтанд, натавонистанд чизеро пок созанд. Аз манмепурсиданд, кимарокифиристодааства ин ҷо чӣкор карда истодаам». Ҳамчунин, Баҳриддин Сангимадов илова кард, ки хонаводаи хабарнигор низ аз офат зарари зиёди молӣ дидааст, вале аз сабаби фаъолияти журналистиаш аз руйхати зарардидагон ному насаби хонаводаашро хориҷ кардаанд.
Билоли Шамс, хабарнигори минтақавии “Азия Плюс” дар сӯҳбати телефонӣ бо АМВАОМТ гуфт, ки ба ҷойи фаъолона маълумот расонидан дар вазъияти фавқулодда, Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда телефонҳояшонро хомӯш кардаанд. Бино ба гуфтаҳои ӯхабарнигор тавонистааст худи шаби рух додани ҳодиса ба Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тамос гирифта маълумот гирад, вале аллакай рӯзи дигар кулли телефонхои ин ниҳод хомӯш шуда буданд.
Билоли Шамс дар масъалаи монеа эҷод кардани мақомоти маҳаллӣ ва полиси минтақавӣ барои ҳамсӯҳбат шудан бо зарардидагони офати табиӣ гуфт, ки Амирхон Икромов, раиси ноҳияи Шӯрообод, Абдулваҳҳоб Искандаров, сардори Раёсати корҳои дохилии минтақа, ҳамчунин намояндаи Шӯъбаи Кумитаи амнияти миллии минтақавӣва сардори Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи минтақа Рамазон Неъматов садди роҳи журналистон шудаанд. Ба қавли рӯзноманигор раиси ноҳия ба журналистон гуфтааст, ки айни ҳол вақти бо мардум сӯҳбат кардан нест, зеро «ҳозир ба пеши мардум меравед, онҳо суханони пасту баланд мегӯянд», яъне ба қавли хабарнигор онҳо аз шикояту норозигии мардум ҳарос доштанд.
Ин бори аввал нест, ки Раёсати корҳои дохилии минтақавӣ бо роҳбарии А.Искандаров монеи фаъолияти журналистон дар ҳолатҳои фавқулодда мегардад. Хабарнигори Радиои Озодӣ Маҳмудҷон Раҳматов дар давоми сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки қаблан ҳам маҳз бо роҳнамоии А. Искандаров рӯзноманигорон ба ҷойҳои офатҳои табиӣ ва ё маҳалҳои зарардида роҳ наёфтаанд. Ӯ мисол аз сӯхтор дар бозори Кӯлоб, ки шаби 11 ба 12 январ рух дода буд, ёдовар шуд. «Мо барои гирифтани иттилоъ ба ҷойи сӯхтор расида рафтем. Он ҷо шоҳидони ҳодиса ҳузур доштанд ва мехостем бо онҳо сӯҳбат намоем, вале маҳз А.Искандаров нагузошт, ки бо одамони зарардида сӯҳбат кунем».
Рахматов хамчунин илова кард, ки вақте Умар Қаюмов, сардори Боздоштгохи муваққатии шаҳри Кӯлоб ба қатл расонида шуд, барои маълумот оид ба кушторба Шӯъбаи корхои дохилии шаҳри Кулоб муроҷиат кардаанд, вале дар ҷавоб мегӯянд, ки бо амри Искандаров А. додани маълумот манъ шудааст. Вақте хабарнигорон бо Искандаров тамос мегиранд ӯ дар посух мегӯяд: “равед ва аз мурда бипурсед, ки чӣ хел мурд”.
Баҳриддин Сангимадов низ аз селхезии соли 2010 дар минтақаи Кӯлоб ёдовар шуда гуфт, ки монеасозӣ барои ҳузури журналистон ва гирифтани маълумот аз осебдидагон дар ҳамон сол ҳам вуҷуд дошт. Вақте журналист мехоҳад барои гузаронидани тадқиқоти журналистӣ бо мақсади муайян кардани шумораи зарардидагон ва фавтидагон хайма ба хайма гардад, ӯро бо амри маҳз Искандаров аз ҷойи офати табиӣ берун мекунанд.
Эҷоди монеаро ба фаъолияти журналистон ҳангоми инъикоси ҳодисаи офати табиӣ дар деҳаи Одинабойӣ ноҳияи Шӯрообод як нафар корманди воситаи ахбори давлатӣ низ таъйид кард.
Кӯшишҳои маҳдуд кардани дастраасӣ ба иттилоот ҳангоми омадани сел ба деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Хуросон низ ҷой доштанд. Бинобар пойфишории рӯзноманигорон ба нақзи ҳуқуқи онҳо роҳ дода нашудааст.
Рӯзномаи “ИмрӯзNews” ва радиои “Имрӯз” тариқи эълон барои кӯмак ба зарардидагони ноҳияи Шӯрообод ва Хуросон як Гурӯҳи ташаббускор ташкил намуд. Ин гурӯҳ иборат аз журналистон ва шахсони алоҳида ба ноҳияҳои номбурда кӯмакҳои ҷамъкардаашонро интиқол доданд. Исфандиёри Назар, ки ҳамчун намояндаи рӯзномаи “ИмрӯзNews” кӯмаки ҷамъкардаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва журналистонро ба ноҳияи Хуросон, деҳаи Меҳнатободи ҷамоати Қизилқалъа бурдааст ва ҳамзамон ба радиои “Имрӯз” ба таври мустақим гузориш кардааст, дар бораи сафараш нақл кард. Ба қавли ӯ пеш аз сафар ба ноҳия зарардидагони офати табиӣ бо “ИмрӯзNews” тамос гирифта, аз ноадолатона тақсим шудани кӯмакҳо шикоят кардаанд. Ҳатто гуфтаанд, ки баъзе оилаҳои умуман зарарнодида бо мақсади гирифтани кӯмак дар қатори зарардидагон нишастаанд ва хоҳиш кардаанд, то кӯмаки башардӯстонаро худи дастандаркорон тақсим намоянд.Аз ин рӯ, ин гурӯҳе, ки кӯмакро ба деҳаи Меҳнатобод бурданд, баробари расиданба макони зарардидагон аз мақомоти маҳаллӣ хоҳиш кардаанд, то рӯйхати осебдидагонро ба онҳо диҳанд. Аммо дар 40 дақиқаи аввал раҳбарони ҷамоати Қизилқалъа гуфтаанд, то кӯмакро ба ситоде, ки дар масҷид ташкил кардаанд, бисупоранд ва худи роҳбарон тақсим мекунанд. Аммо гурӯҳи ташаббускор ин пешниҳодро қабул накарда, барои гирифтани рӯйхат пойфишорӣ кардаанд. Ба қавли Исфандиёри Назар чун роҳбарони Ситод мефаҳманд, ки аъзои гурӯҳи ташаббускор асосан журналистон ҳастанд, пас аз маслиҳат миёни худ аввал рӯйхати 41 нафарро пасон рӯйхати 137 хоҷагиро пешкаш намуданд. Пас аз он кормандони Ситоди ба гурӯҳи ташаббускор барои тақсими ёрии башардӯстона ба зарардидагон мусоидат менамоянд.
Заминаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот ҳангоми офатҳои табиӣ
Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» муқаррар кардааст, ки ҳар як нафар журналист бо нишон додани шаҳодатномаи журналистӣ дар маҳалҳои махсус муҳофизатшавандаи офатҳои табиӣ, садама, маҳалҳои бетартибӣ ва ҷойҳои ҷамъшавии шаҳрвандон, инчунин дар маҳалҳое, ки дар онҳо вазъи фавқулодда эълон шудааст, дар гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоиҳо ҳузур дошта бошад (моддаи 28).
Илова бар ин, дар асоси моддаи 5, банди 2 «б»-и Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» ба маҳдудкунии дастрасӣ ба иттилоот нисбати ҳуҷҷату иттилооти зерин роҳ дода намешавад: дар бораи ҳолатҳои фавқулодда (ҳодисот, фалокат, офатҳои таббиӣ), ки ба бехатарӣ ва саломатии аҳолӣ таҳдид менамоянд, пешгўиҳои расмии онҳо (05.06.2008).
Қонуни ҶТ “Дар бораи сирри давлатӣ” дар моддаи 6 рӯйхати маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ маҳсуб дониста намешавад муайян кардааст ва дар асоси он иттилоот оид ба офатҳои табиӣ, фалокатҳо ва дигар ҳодисаҳои фавқулодда, ки ба бехатарии шаҳрвандон таҳдид мекунанд ва онҳо рўй додаанд ё рўй доданашон мумкин аст, сирри давлатӣ маҳсуб намешавад ва набояд дастрасӣ ба чунин маълумот маҳдуд карда шавад (қонун аз 30.07.2007 № 288, аз 25.03.2011 № 690).
Хулоса ва тавсияҳо
Ҳодисаҳои фавқуззикр шаҳодат аз он медиҳанд, ки ҳангоми рух додани офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодда ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ваҳузури журналистон дар ҷойҳои воқеамаҳдуд карда мешаванд, ки хилофи қонунгузории ҶТ аст. Ҳодисаҳо ахир дар ноҳияи Хуросон ва Шӯрообод ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунанд. Ғайр аз ҳолатҳои роҳ надодани журналистон ба ҷойи офатҳои табиӣ ва таҳқири эшон, ҳамчунин ҳолатҳои ғайриқонунӣ кашида гирифтани таҷҳизоти журналистон ба мушоҳида мерасад.
1) Дар суръати нақзи ҳуқуқи журналистон онҳо бояд аз меъёрҳои ҳуқуқии қонунгузорӣ дар соҳаи ВАО ва дигар қонунҳои ҶТ истифода намоянд.Ҳангоми дучор шудан ба маҳдудсозии дастрасӣ ба иттилоот аз ҷониби мансабдорони мақомоти давлатӣ бояд дар асоси қонунгузорӣ ба мақомоти болоӣ шикоят баранд.
2) Журналистон бояд дар татбиқи меёърҳои ҳуқуқӣ собитқадам бошанд ва дар суръати нақзи ҳуқуқҳояшон ба таври фаврӣ ба созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон ва дифоъ аз ҳуқуқи башар муроҷиат намоянд.
3) Мақомоти қудратӣ набояд барои таъмини суботу амнияти сокинони маҳалли офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодда ба маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоот ва нақзи ҳуқуқи журналистон роҳ диҳанд.
4) Кормандони мақомоти қудратӣ ба омӯзиши меъёрҳои қонунгузорӣ дар ҳолати рух додани офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодда фаро гирифта шаванд.
Гузориши Бахши мониторинги АМВАОМТ